Бохтар соҳиби автобусҳои барқӣ мешавад
20 январи соли равон дар Вазорати молияи Тоҷикистон маросими имзои созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор шуд.
Созишномаҳо барои татбиқи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар вилояти Хатлон, марҳилаи 2» пешбинӣ гардидааст.
Созишномаҳоро Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон имзо карданд.
Зимни мубодилаи созишномаҳои имзошуда ба якдигар, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод низ иштирок кард.
Ба иттилои вазорат, арзиши созишномаҳои мавриди назар 10 миллион евро буда, аз он 6 миллиону 4 00 ҳазор евро қарз ва 3 миллиону 600 ҳазор евроро грант ташкил мекунад.
Аз Вазорати молияи кишвар гуфтанд, ки ҳадафи асосии лоиҳа харидории автобусҳои барқӣ, таҷҳизот, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ