Боздошти зани тоҷик дар Маскав ба хотири марги блогери рус

Мақомоти Русия зани 26-солаи зодаи Тоҷикистон Шоира Назуллоеваро дар пайванд ба марги блогнависи рус Юлия Буртсеваи 38-сола боздошт кардаанд. Ӯро бо иттиҳоми анҷом додани амалиёти зебоӣ, ки гӯё боиси марги блогер шудааст дастгир кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия ин ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии “Elmas”-и Маскав пас аз анҷоми  амалиёти зебоӣ рух додааст. Ҳоли Буртсева дар клиника бад гардида ӯро ба беморхонаи шаҳри Маскав интиқол медиҳанд ва дар онҷо мефавтад.

Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи Назуллоева парвандаи ҷиноиро бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва иҷрои нодурусти вазифаи касбӣ” кушодааст. Раиси кумитаи тафтишот Александр Бастрикин шахсан тафтишоти ин масъаларо зери назорат гирифтааст.

Мутобиқи маълумоти расонаҳои русӣ, Шоира Назуллоева корманди расмии клиникаи “Elmas” набуда, дар он хонае, ки иҷора гирифтааст хизматрасонӣ мекардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *