200 –грамм мех ва самарез дар меъдаи бемор
Дар филиали Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Самарқанд ҷавони 29-солаеро ҷарроҳии фаврӣ карданд. Пас аз ҷарроҳӣ табибон аз роҳи меъдаю рӯдаи бемор миқдори зиёди маснуоти металии сохтмониро хориҷ карданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби ин ҳодиса ҳолати шадиди стресс будааст, ки ба рафтори ғайримуқаррарӣ оварда расондааст. Дар ин бора расонаҳои ӯзбекистонӣ хабар додаанд.
Ба гуфтаи пизишкон бемор бо шикояти дарди шадид ба беморхона интиқол ёфтааст. Ташхис нишон додааст, ки дар узви ҳозимаи бемор миқдори зиёди ашёҳои металӣ мавҷуд аст. Амалиёти ҷарроҳӣ бо усулҳои лапаротомия ва гастростомия тақрибан як соат идома ёфт ва дар ҷараёни он қариб 200 грамм ашёҳои бегона хориҷ карда шуданд.
Ба гуфтаи табиби дараҷаи олӣ бемористони номбурда Юлдош Қулиев, айни ҳол ҳолати бемор қаноатбахш буда, ӯ аллакай мустақилона роҳ рафта метавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ