Боздошти ҷавоне дар Ӯзбекистон барои таҳқири Паёмбар

Омӯзгори 21-солаи фанни таърих аз ноҳияи Пахтачии вилояти Самарқанд бо парвандаи маъмурӣ ба муҳлати 12 шабонарӯз боздошт гардид.

Ӯро бо сабаби навиштани шарҳи таҳқиромез нисбат ба Паёмбар Муҳаммад дар интернет ҷазо додаанд. Дар ин бора расонаҳои Ӯзбекистон хабар додаанд.

Ба иттилои расонаҳо, рӯзи 30-юми декабри соли 2025 омӯзгор дар яке аз каналҳои Telegram шарҳи дорои мазмуни таҳқиромез гузоштааст. Пас аз як ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси “скриншот”-и ин навишта паҳн шуда, корбарон талаб карданд, ки муаллиф ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Баъд аз ин омӯзгор боздошт гардид ва тафтиш муайян кард, ки шарҳ воқеан аз ҷониби худи ӯ навишта шудааст.

Нисбат ба омӯзгор тибқи моддаи 184-3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ӯзбекистон дар асоси паҳн кардани маводи таҳқиромезе, ки адовати миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва динӣ дорад, айбнома эълон карданд.  Тибқи ин модда, ҷазо метавонад дар шакли ҷарима то 100 меъёри ҳисобии асосӣ (зиёда аз 41 миллион сӯм, тақрибан 3,4 ҳазор доллар) ё боздошти маъмурӣ то 15 шабонарӯз бошад.

Дар ҷараёни мурофиа омӯзгор  гуноҳашро эътироф кардааст ва додгоҳ ба ӯ 12 шабонарӯз ҳабс таъйин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *