Ифтитоҳи бинои нави “Мегафон Тоҷикистон” дар Бохтар (аудио)

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бинои нави Раёсати минтақавии ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ифтитоҳ карда шуд.

Дар маросими ба истифода додани бино Бек Сабур, сардори Хадамоти алоқаи кишвар, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Анатолий Изюмников, директори иҷроияи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Бино дуошёна буда, бо шароити муосир барои кормандон таъмин аст. Он аз ҳафт утоқ иборат буда, дар он 18 нафар фаъолият мекунанд.

Лобархон Сидиқова, менеҷер оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” гуфт, давоми 12 соли фаъолияти худ оператори имкониятҳои нави рақамӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 истгоҳи базавӣ сохтааст, ки нисфи онҳо стандарти 4G-ро бо суръати баланди дастрасӣ ба интернет таъмин менамоянд.

Ӯ мегӯяд, ки муштариёни ширкат зиёда аз 500 ҳазор сокини минтақа буда, 300 ҳазори онҳо истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ мебошанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *