Равған ҳам гарон шуд! Ин қимматӣ ниҳоист?

Дар пайи болоравии қимати орд қимати равған ҳам боло рафт. Мегӯянд, ки ин қимматӣ ниҳоӣ нест. Рӯз аз рӯз нарху наво дар бозор боло меравад, рӯзгори мардум мушкил мешавад, вале касеро гӯё парвое нест.

Ҷаҳиши нархи равған

Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” оид ба болоравии нархи орд мақола ба табъ расида буд. Ин ҳафта бошад, аз паси орд нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла равған ҳам ба осмон дакка хӯрд.

Дар бозорҳои кишвар айни замон нархи як литр равғани офтобпарасти истеҳсоли Русия то 30 сомонӣ аст. Ҳол он ки, чанд рӯз пештар он то 24 сомонӣ арзиш дошт. Ба дунболи равғани истеҳсоли русӣ, равғани растании ватанӣ ҳам қимматбаҳо шудааст.

Эркамо — фурӯшандаи равған дар бозори “Меҳргон” чанд рӯз аст, ки “Олейна”-и 5-литраи истеҳсоли Русияро то 150 сомонӣ мефурӯшад. Ҳол он ки, ин навъи равған дар оғози моҳи май то 125-130 сомонӣ нарх дошт. “Олейна” феълан гаронтарин равған дар бозорҳои кишвар аст. “Як намуди дигар равған дорем, ки як литри он 28 сомонӣ аст. Он ҳам аз Русия меояд, вале кам харидор дорад. Равғанҳои худӣ ҳам қиммат шуданд. Моҳи Рамазон як литр равғани пахтаи Тоҷикистон 20-21 сомонӣ буд, ҳоло 25 сомонӣ аст. Равған баъди моҳи Рамазон беҳад қиммат шуд. Ширкатҳое, ки ба мо равған меоранд, мегӯянд дар худи Русия қиммат аст”,- мегӯяд ин савдогари бозор.

Болоравии нархи маҳсулот сокинони кишварро нигарон кардааст. Маҳмадраҳим Мирзоев майори мустаъфӣ аст. 530 сомонӣ нафақа мегирад. “Ман имрӯз бозор омада, ҳайрон мондам. Нафақаи ман ба як халта орд мерасад, аммо ба 5 литр равған не. Назорат нест. Пеши роҳи болоравии нархҳоро гирифтан лозим. Ниҳодҳои дахлдор чӣ кор мекунанд?”,- мегӯяд ӯ.

Савригул Сафарова, сокини дигари пойтахт мегӯяд, ки чандест килогӣ орд мехарад: “Ман чанд моҳ шуд, ки як халта орд нахаридаам. Дар корхонаи коммуналии шаҳр кор мекунам, 820 сомонӣ маош мегирам. Маҷбурам ордро килоӣ харам. Нон тамоман қиммат аст”.

Чаро нархҳо якбора дар Тоҷикистон боло рафтанд?

Нархи равғани растанӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле боло меравад, ки ин маҳсулоти ниёзи аввал воридотӣ аст. 60%-и ҳаҷми умумии равған дар кишвар аз Русия ворид мешавад. Чун феълан дар Русия вазъ печида аст, ин ба бозори Тоҷикистон бетаъсир намонд. Русия пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина ва таҳримоти Ғарб барои танзими бозори дохилии худ содироти бештар аз 200 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла шакару ғалладонагиҳо ва ғайраро муваққатан манъ мекунад.

Ғуфрон Соҳибназаров, иқтисоддони тоҷик ва коршиноси бозор мегӯяд, ки болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла равған пешгӯйишаванда буд: “Русия содироти равғанро манъ накардааст, лекин бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар замони ихтилоф баҳри таъмини амнияти озуқавории худ Русия метавонад муваққатан содироти ин навъи маҳсулотро манъ кунад ва дар ин ҳолат, воқеан ҳам нархи равған ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт. Қиматии ҳозир бештар ба тағйирёбии вазъи асъор ва дар умум гароншавии маҳсулот дар Русия вобаста аст”.

Ф. УСМОНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *