Вуруди 241 ҳазору 920 воя ваксинаи “Модерна” ба Тоҷикистон

Бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат дар доираи Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба COVID-19 дар Тоҷикистон (TEC-19) шоми 25-уми майи соли равон ба Тоҷикистон 241 ҳазору 920 воя ваксинаи “Модерна” ворид гардид.

Дар ин маврид Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар дода, ёдовар мешавад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3-юми июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

— Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман бояд ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *