«Файласуф» ҳаст, фалсафа нест!

Бо чӣ сабаб бошад, ки мо дар дигар соҳаҳои илм, аз ҷумла таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, тиб риёзиот, астраномия, геология, биология, сейсмология то андозае ба рақобат тоб оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунем, аммо дар соҳаи фалсафа бошад, ягон дастоварди арзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба забонҳои хориҷӣ нашр шуда, баҳои сазовори илмӣ гирифта бошад, ба назар намерасад.


нигаронӣ аз вазъи ташвишовари илм, унвондорҳои бедониш ва таҳқиқоти нолозим

Бо дастоварди назарраси файласуфони тоҷик дар омӯзиши масоили мубрами ҷомеаи муосири тоҷик ва ба табъу нашр расонидани мероси фалсафии гузаштагон нигоҳ накарда, вазъи фалсафа дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар  ҳоли номуайянӣ, ғайримуқаррарӣ ва карахтӣ қарор дорад. Инчунин, теъдоди олимони хасакӣ рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Аз ин рӯ, таҳлили ҳолати мавҷуда, ошкор намудани камбудию норасиҳои соҳа, ковишу ҷустуҷӯи раҳоӣ ёфтан аз вазъияти сарбаста ва ба як маҷрои муайяни солим ва бо самар барои ҳар фард ва ҷомеа равона намудани ин неруи тавонои ақлонӣ ба назари мо зарурию замонавист. Ҳолати пешомада на танҳо дар назди олимони соҳаи фалсафа, балки тамоми илмҳои гуманитарию табиатшиносӣ аниқу дақиқ  масъалаи басо  муҳим, қабулу вориди тағйиру иловаҳо дар тасаввурот ва донишҳои фалсафӣ, таҷдиди назар ба  мавқеъ ва манзалати он дар Тоҷикистони соҳибистиқлолро тақозо дорад.

Пошхурии давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлолии давлати  Тоҷикистон тағйироти куллии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологиро дар арсаи таърих пеш гузошт. Бисёр арзишҳои пеш аз ин барои мо муқаддас, моҳият, мақому манзалати худро аз даст дода, сифати аслии худро гум карданд. Дар соҳаи  фалсафа табаддулоти ҷиддие ба вуқӯъ омад. Дар баробари аз байн рафтани идеологияи коммунистӣ мо саросемаю бемулоҳиза аз фалсафаи марксистӣ даст кашидем, вале натавонистем онро ба фалсафаи наве, ки ҷавобгӯи замон бошаду ба саволҳои доғи рӯзи мо ҷавоб гӯяд, иваз намоем.

Дар фазои маънавӣ плюрализм, бисёрандешӣ, озодандешӣ ҳукумрон шуд. Бояд таъкид кард, ки аз лиҳози назарӣ плюрализм, бисёрандешӣ дар фалсафа як навъи догматизм аст. Фақат фарқ дар он аст, ки  догматизм боварӣ ба як ақида, плюрализм боварӣ ба бисёрақидагӣ аст. Чӣ тавре ки  Афлотун  дар мубоҳиса ба софистон ишора карда буд, плюрализм фалсафаро ба филодоксия иваз менамояд. Яъне,  агар фалсафа муҳаббат ба ҳикмат ва ҳақиқат бошад, пас филодексия муҳаббат ба ақидаҳои гуногун ва калимасозию суханпардозист. Баъди  чандин аср файласуфи немис И. Кант  фарқи фалсафа ва филодексияро дар сарсухан ба “Танқиди хиради соф” боз аниқу мушаххас намуда, зарари онро барои инкишофи фалсафаи ҳақиқатан илмӣ нишон додааст.

Дар ҳақиқат, вазъияти бавуҷудомада боиси бисёрандешӣ, калимасозию суханбозӣ,  номуайянӣ, бесару сомонӣ, беназоратӣ ва дар ниҳоят ба тақлид, риёкорӣ ва ҳатто манфиатҷӯию ҳаннотӣ дар фалсафа гардида, ба паст рафтани мақому манзалати он дар ҷомеа ва низоми маълумоти олӣ овард. Муҳаққиқони соҳаи фалсафа воқеиятро сарфи назар намуда, бештар ба  ҷамъоварии асноду далел — аз гузашта ба мо меросмонда, бидуни диди наву  таҳлили  илмӣ ва мутобиқсозии онҳо бо хусусиёти пешомадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, машғул шуданд. Чунин ҳолат боиси  ба фалсафа  ворид шудани догматизм, схоластика, қоригӣ гардид.

Догматизм ва схоластика  дар шакли тағийрёфта бемайлон ба тарзи тафаккур ва ҳатто ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии олимони соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва алалхусус фалсафа табдил ёфт. Дар натиҷа, дастовардҳои илмҳои гуманитарӣ  бо амалия ва ҳаёти ҷомеае, ки мо дар он фаъолият ва зиндагӣ дорем,  иртиботи худро гум кард. Онҳо фарсахҳо аз амалия ва ҳаёт дур мондаанд. Робитаи фалсафа ба ҳаёт ва амалия канда шуд, дониш, назар ва андешаи нави фалсафӣ эҷод нашуд. Назари мӯшикофона ба таълифоти даҳсолаҳои охир оид ба фалсафа  нишон медиҳад, ки на ҳамаи онҳо  тағйироти куллии дар ҷомеа, илмҳои гуманитарӣ ва худи фалсафа баамаломадаро ба таври бояду шояд ифода  менамоянд. Ба замми он арзёбии асарҳои илмию таҳқиқотӣ дар даҳсолаи охир на  аз лиҳози сифат, мазмуну муҳтаво, нодирии назару андеша,  балки аз рӯи шумора  ва ҳаҷми китоб сурат гирифтааст.

Чунин муносибат ба асарҳои  илмӣ боиси  авҷ гирифтани  рӯбардорӣ, иқтибос, карахтии фикр ва аз ҳаёт дур шудани илми фалсафа гардид. Илова бар ин, дар доираҳои илмӣ — академикӣ “фабрика”-и махфии навиштан ва ба ҳимоя омода намудани рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ амал карда истодааст, ки ҳар як нафаре, ки мансаб ё маблағ дорад бе мамоният метавонад номзад ё доктори илм шавад. Аксарияти ин олимони “сохта” ва “бофта” аз тарафи мақомоти ғайридавлатии Федератсияи Россия бо ном Диссернет ошкор ва маҳкум шудаанд. Аммо аҳли зиё ва мақомотҳои дахлдор Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ба ин бонги хатар, ба ин фарёдҳои ҷонкоҳ барои тақдири ояндаи илми тоҷик,ҷавоби сазовор намедиҳанд ва ё худ ба гуфтаҳои шоири мондагор: “Ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо”, амал мекунанд.

Бештар аз он  ба илм ворид гардидани идеологияи бюрократӣ, ки  ба табиати эҷодии илм, ба ҳақиқати илмӣ, озодандешӣ ва бозсозии илм ҳавасманд нест, боиси боз ҳам авҷ гирифтани догматизм, схоластика, чашмбандию шиорпартоӣ  дар самтҳои асосӣ ва афзалиятноки илм гардид. Дар натиҷа, дар фалсафаи муосир як монеае ҷиддие барои рушди соҳа пайдо шуд, ки мувофиқи он қолабҳои мурда аз нав зинда ва варрақгардон шуда, эҷоди андешаи нав, назари нав оиди инсон, ҷомеа ва давлат ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфт.  Ҳол он ки фалсафа бояд ба амалия назари танқидона дошта, бо назардошти талаботи ҷаҳони имрӯза дар ташаккули инсони комили замони нав, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муносибати нави ҷамъиятӣ саҳмгузор бошад. Фалсафаи илмӣ ягона яроқи ғоявиест дар фош намудан ва мубориза бурдан ба муқобили ҳар гуна ҷараёнҳои динӣ-ифротгароӣ, ки имрӯз омили асосии таҳдид ба оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Вай воситаи муҳими наҷоти шахс аз гумроҳӣ, нодонӣ ва роҳгумӣ буда, дар ташаккули ақли солим, фикри солим, худогоҳию худшиносии наслҳо ва миллатҳо нақши муассир дорад.

Ба таълифоти дар нашрияҳои хусусию давлатӣ интишорёфта, ки шумораашон нисбат ба замони шӯравӣ чанд маротиба зиёд аст, шинос шуда, тасаввуроте пайдо мешавад, ки гӯё мо ба  ягон фалсафаи нав, филодоксия ё худ схоластика  сарукор дорем. Имрӯз муаллифон дар бораи кадом мавзӯе, ки  хоҳанд, онро фалсафа гуфта,  рисола ё худ асари таҳқиқотӣ менависанд. Ҳол он ки ин таҳқиқот ягон иртиботе бо анъанаи фалсафӣ ва меъёрҳои ҷаҳонбинии фалсафӣ надоранд. Дар онҳо сухани нав, андешаи нав, фикри нав ва назари нав доир ба масъалаҳои бунёдии фалсафа дида намешавад. Ҳамчунин, ин асарҳо  чӣ аз рӯи шумора ва чӣ аз рӯи “саҳм” дар илм барои гирифтани унвони илмӣ ва рутбаи илмӣ ба муаллифонашон роҳ мекушоянд. Бештари таҳқиқоти илмӣ ба омӯзиши  таърихи афкори фалсафии тоҷик бахшида шудаанд. Ҳолатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки таълимоти мутафаккирони асримиёнагӣ барои ҳалли масъалаҳои мубрами асри ХХ1  ҳамчун “дастурамал” пешниҳод мешаванд. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто  файласуфони шинохта мақола ё худ асарҳои кайҳо нашршуда ва аз тарафи давлат баҳои сазовор гирифтаро бори дигар бо муқова ва номи дигар  чоп намуда,  ҳамчун асари навэҷод ба хонандагон  пешниҳод менамоянд.

Борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо бо олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён гуфтаҳои мутафаккирони гузаштаи илму адабро ёдрас намуда, таъкид кардаанд, ки илм бояд ба нафъи инсон ва ҷомеа, барои тавоноӣ, бузургӣ ва пойдории давлат хизмат кунад. Дар ҳақиқат донишҳои улуми аниқ ва дақиқ барои тавоноии инсон, дарёфти табиат ва истифодаи захираҳои  он истифода шуда, инсонро бо техника ва технологияи навин мусалаҳ мегардонанд. Истифодаи  донишҳои гуманитарӣ, аз ҷумла фалсафӣ дар ихтиёри худи инсон ва ҷомеа аст. Аз истифодаи босамари донишҳои гуманитарӣ инсон ташаккул ёфта, бофарҳанг, бомаълумот, худшиносу худогоҳ, саодатманд ва роҳҳои дарёфти зиндагии арзанда ва шоиста насибаш мегардад. Акнун худатон қазоват кунед, дар ҳолати ҳозира фалсафа ба инсон ва ҷомеа чӣ дода метавонад? 

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки шумораи бо ном файласуфон рӯз то рӯз афзуда, асарҳои зиёде низ дар соҳаи фалсафа эҷод мешаванд. Аммо, мутаассифона, фалсафа дар маънои илмии классикиаш вуҷуд надорад. Файласуф ҳаст, аммо фалсафа нест.

Вазъи фалсафа дар донишгоҳу донишкадаҳо аз ин ҳам ташвишовартар буда, боиси нигаронӣ аст. Дар донишгоҳу донишкадаҳо ҳар як устоди илми фалсафа чӣ тавре ки метавонад, чизеро, ки мехоҳад ва чизеро, ки медонад, ҳамонро ба донишҷӯён таълим медиҳад. Касеро ба натиҷаи он кореву парвое нест.  Устодони варзида, донишманд ва таҷрибаноки фанни фалсафа бо сабаби ба синни ниҳоӣ расидан, аз мудирии кафедра озод мешаванд. Онҳо ҳатто аз иҷрои вазифаи муаллими одӣ ҳам бартараф шудаанд ва шуда истодаанд.

Ҳол он ки дар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки шумораи олимонаш нисбат ба ҷумҳурии мо даҳҳо ва садҳо маротиба зиёд аст, нисбати олимони  таҷрибанок муносибати эҳтиромона зоҳир намуда, онҳоро  то лаҳзае, ки саломатиашон имконият медиҳад, дар вазифаҳои масъул, раиси пажӯҳишгоҳҳо, ректорони мактабҳои олӣ ва мудирони кафедраҳо нигоҳ медоранд. Дар ҷумҳурии мо бошад, “рақиб” ба тақвим нигоҳ карда, интизор аст, ки кай синну соли ҳамкасбаш ба нафақа мерасаду вай ҷояшро ишғол кунад. Ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, ки вай ба ин вазифа арзанда ҳаст ё не. Дар натиҷа аксарияти кафедраҳоро собиқ мудирони кабинет, лаборант ассисентҳо роҳбарӣ мекунанд. Кафедраҳо ҳамчун мактаби илмӣ, сабақомӯзӣ барои мутахассисони ҷавон ва маркази илмӣ-таҳқиқотӣ  аҳамияти худро  гум кардаанд.

Аксари шахсони ба соҳаи фалсафа аз илмҳои дигар кӯчбаста, кӯшиш мекунанд ба он ҳадафҳое, ки дар ихтисоси интихобкардаи худ нарасидаанд ва ё расида натавонистанд, дар фалсафа муваффақ шаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои аксар гӯё фалсафа аз ҳама “нон”-и  осон буда, безаҳмату машаққат дастрас мешавад. Шумо тасаввур кунед, онҳо маълумоти касбии фалсафӣ надошта, курси тайёрӣ ё худ коромӯзиро нагушта, дар аспирантура таҳсил накарда,  ҳамагӣ 54 ва дар баъзе донишгоҳҳо то 72 соат курси лексия  аз рӯи фанни фалсафаро дар вақти донишҷӯӣ  гӯш карда, баъди 3-4 сол номзади илми фалсафа, баъди  4-5 бе гузаштани курси такмили ихтисос ва докторантура  доктори илми фалсафа мешаванд. Бархе  аз онҳо ҳатто роҳеро, ки  ба сӯи Китобхонаи миллӣ, ки бо заҳматҳои зиёди Сарвари давлат бунёд шудааст, намедонанд ё кайҳо фаромӯш кардаанд.

Илова бар ин, онҳо бо  дастгирии  хешу таборон ва дӯстон ҳамчун “олим”-и ҷавон соҳиби мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи илм гарда, бе ягон шарму ҳаё, бе дониши мукаммал ва таҷрибаи кофии омӯзгорӣ “китоби дарсӣ” “эҷод” намудаашонро, ҳамчун ягона китоби таълимии рӯимизиии омӯзиши фалсафа дар сархати номгӯи китобҳои дарсӣ ҷой дода, ба сари  донишҷӯёну унвонҷӯён  маҷбуран бор мекунанд. Касе намепурсад ва кӯшиш ҳам намекунад фаҳмад, ки сатҳи дониши касбии ин “олим” –и ҷавон то кадом дараҷа аст, дар пешрафти илми тоҷик чӣ саҳм гузоштааст, вай дар кадом чорабиниҳои илмии сатҳи  ҷумҳуривӣ, дар конфронс, симпозиум ва  ё мизи мудаввар  иштирок карда, бо баромадҳои  пурмазмуну ҷолиби худ  диққати аҳли илмро ба худ ҷалб кардааст?

Оё вайро аҳли илм эътироф мекунад ё не,  фикри ҳамкасбон чӣ гуна аст?  Чӣ тавр вай дар як муддати кӯтоҳ  ба файласуфи машҳури ҷумҳурӣ табдил ёфта, соҳибунвону соҳибмукофоту соҳибкитоб гардидааст? Бисёр афсӯс, ки ба ин саволҳо ҷавоб нест. Ҳамин аст, ки одам беихтиёр ба андешае фурӯ меравад, ки  шояд ин нафарҳо дорои донишҳои  “модарзодӣ”, худододӣ ва илоҳӣ бошанд, ки аз осмон махсус барои  ин “банда”- ҳо нозил шудаанд. Аҷоиботи кор дар он аст, ки онҳо ба ҳамкасбони худ ҳеҷ гоҳ дар мавзӯи илмӣ  баҳсу мунозира намекунанд. Ва агар рафту кунанд ҳам, танҳо бо Худои ҷаббор рӯй оварда, шукрона мекунанд, ки Худои мутаол барои онҳо чунин файзу баракатро насиб донистааст.

Айни замон талабот ба рисолаҳои номзадию докторӣ ҳатто ба дараҷаи корҳои дипломии давраи шӯравӣ баробар шуда наметавонад. Шахсони дорои унвони баланди илмӣ, ки бештари онҳо соҳиби вазифаю мартаба мебошанд, ба монанди худ ё содиқ ба худ шогирд тайёр карда, сафи файласуфонро аз  ашхоси белаёқат рӯз то рӯз зиёд менамоянд, то ки  доираи “ҳамфикрон”-у ”ҳаммаслакон”- ашонро васеъ намуда, дар шароити зарурӣ ба ҳарифи худ, на аз роҳи баҳсу мунозираи илмӣ, балки дар якҷоягӣ бо “пайравон”-и худ “юриши салибӣ” кашида, бо иғвою таҳдиду найранг зарбаи ҳалокатовар зананд.

Дар замони шӯравӣ  номзади илми фалсафа, алалхусус доктори илм ҳатман бояд таърихи фалсафаро ба хубӣ медонист, ба забони фалсафӣ ҳарф мезад, ба вазъи имрӯзаи фалсафа  ва  дигаргуниҳою  тағийроте, ки дар ин соҳа  ба амал меомаданд, сарфаҳм рафта,  назари шахсии худро баён карда метавонист. Мунтазам дар марказҳои илмию кафедраҳо муҳокимаи васеи китобу мақолаҳои нав оид ба масъалаҳои мубрами фалсафа сурат мегирифт. Олимони ҷавон кӯшиш мекарданд, ки дастовардҳои нави илмиро аз худ кунанд ва дар соҳаи худ мутахассиси варзида бошанд. Табиист, ки як нафар наметавонад  мутахассиси хуби ҳама соҳаҳои фалсафа бошад. Аммо  донистани моҳият ва асолати фалсафа, фалсафаи замони антиқа, асримиёнагии Шарқу Ғарб ва классикӣ барои ҳар як нафаре, ки унвони илмӣ дар соҳаи фалсафа дорад, шарт ва зарур буд. Ҳоло бошад,  ба баъзе докторҳои илми фалсафа савол диҳед, ки фалсафаи Ибни Сино аз фалсафаи Арасту ва ё фалсафаи  Гегел  аз фалсафаи Кант бо чӣ фарқ мекунанд, ҷавоб дода наметавонанд.

Тамоми меъёрҳои файласуфони касбӣ қариб аз байн рафтааст. Ҳолати аҷоибе ба миён омадааст. Шахсе, ки худро файласуф мешуморад, ба саволи фалсафа чист, зарурати пайдоиши фалсафа, фарқияти он аз асотир ва дин ҳамчун шаклҳои ҷаҳонбинӣ дар чист, ҷавоби саҳеҳ дода наметавонад.  Чунин ашхос хуб дарк мекунанд, ки бо амри тақдир файласуф шудаанд ва  фалсафа воситаи асосии рӯзгузаронӣ ва мояи ҳастии онҳост, аммо  ба саволи нақши  фалсафа  дар ҷомеа  ва дар олами фарҳанг дар чист,  бо кадом мақсад  мо  фалсафаро ба донишҷӯён таълим медиҳем? Дар ин бора ҳатто фикр ҳам намекунанд. 

Боиси нигаронист, ки насли калонсоли файласуфони тоҷик, ки солҳои дароз дар роҳбарияти Академияи илмҳо мақоми баландро ишғол карда, намуна барои дигарон буданд, мактаби фалсафии худро ташкил карда натавонистанд. Аз ин рӯ, фалсафа  дар Тоҷикистон на ба  мактабҳо ва равияҳои гуногуни дорои асосогузорон ва пайравони худ, (чуноне, ки дар Ғарб ва Россия фаъолият дорад), балки бо мавзӯъҳои алоҳида, ки байни онҳо ягон робитаи муттаҳидкунандае  вуҷуд надорад, тақсим мешавад. Баъзеҳо ба таърихи афкори  фалсафии халқи тоҷику дигаре ба раванди гузариши (трансформатсия)-иҷомеаи муосир, ба масъалаи ҷавонон,  гурӯҳе ба масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва паст будани сатҳи зиндагӣ, экстримизми динию мазҳабӣ машғуланд.  Сабаб чӣ бошад, ки мо ҳама инро дар маҷмӯъ фалсафа меномем.

Гегел дар замони худ фаҳмиши фалсафаро ҳамчун илм дар асараш “Энсиклопедияи илми фалсафа” шарҳ дода, мавзӯъ, мақсад ва вазифаҳои фалсафаро ҳамчун илм муайян намуда, ба тарзу усули таълимӣ вай дар гимназияю донишгоҳҳо дастур додааст. Ин анъанаро файласуфон замони шӯравӣ ва ҳоло дар Аврупо ва Россия давом додаистода, дар асарҳои худ  масъалаҳои онтологӣ, гносеологӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва таърихиро дар пайвастагии мантиқӣ омӯхта, муттаҳид намуда, пешкаши аҳли илм ва донишҷӯён менамоянд. Саволе ба миён меояд, ки пас чӣ алоқамандие байни мо файласуфони тоҷик вуҷуд дорад? Кадом равияи фалсафӣ моро муттаҳид месозад?

Таҳқиқоти  мо ба кадом равия ва ҷараёни фалсафаи асри ХХ1 тааллуқ доранд? Ва аз ҳама муҳимаш кадом фалсафаро мо ба донишҷӯёну насли имрӯза ва оянда таълим медиҳем? Кӣ ба ин саволҳо ҷавоб дода метавонад? Беҳтарин намунаи фалсафаи давраи шӯравӣ дар гузашта монд, ки аз вай беҳтаринашро, ба ақидаи ман, дар байни ҷараёнҳои гуногуни фалсафие, ки дар ҷаҳони муосир амал мекунанд, дарёфт кардан мушкил аст. Файласуфони баландунвон ва баландмақоми мо  натавонистанд, ки равияи фалсафии ягона ва мувофиқеро барои миллату давлати тоҷик пешниҳод намоянд, то ки тавонад дар раванди омӯзиш ва таълим ба қисми таркибии фарҳанги миллӣ табдил ёфта, таҷассумкунандаи воқеият ва ҳастии миллат бошад.

Файласуфони мо, ки то ҳол ба кадом равияи фалсафӣ мансуб будани худро муайян накардаанд, ба кормандони одии давлате монанд мебошанд, ки  ҳар рӯз дар вақти муйаян ба кор омада, дар утоқи корӣ то бегоҳ нишаста, супориши нақшавии маъмурият додаро иҷро намуда, маош мегиранд. Дар донишгоҳҳо бошад, аз рӯи китобҳои дарсии “фалсафа”, ки сар то по мухолифи якдигаранд, дарс гуфта, зиндагии худро пеш мебаранд. Оё онҳоро файласуф номидан мумкин аст? 

Дар шароити имрӯза, ба ақидаи ман, байни файласуф, корманди илмӣ ва муаллими фалсафа фарқияти калоне ба вуҷуд омадааст. Ҳар нафаре, ки хоҳад, муаллими фалсафа шуда метавонад. Лекин на ҳама файласуф шуда метавонанд. Барои файласуф шудан тамоми дастовардҳои фалсафаи миллӣ ва ҷаҳониро, маҳфум, мантиқ ва методологияи таҳқиқоти илмиро аз худ кардан  шарт ва зарур аст. Файласуфон ҳамчун замбурӯғ баъди борон аз замин намерӯянд. Онҳо маҳсули замону макон ва заҳмати шабонарӯзонаи худ мебошанд. Чунки фалсафа ҳамеша оинаи маънавии замону макон, ҷавҳари фарҳангу тамаддуни ҳар як халқу миллат буд ва мемонад. Аммо таҷрибаи ҷомеаи мо нишон медиҳад, ки бе борон ҳам замбурӯғ мерӯяд ва бе дониши комилу заҳмат ҳам файласуфи “соҳибунвон”-у, “соҳибмартаба” шудан мумкин будааст.

Ба чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоте, ки  солҳои охир дар давлатҳои собиқ шӯравӣ ва Аврупо сурат гирифтаанд, аз наздик шинос шуда, кас дар ҳайрат мемонад. Дар ягон чорабинӣ ё худ таҳқиқоти илмӣ дида намешавад, ки нафаре аз ҳамкасбони хориҷии мо бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба файлусуфони тоҷик оиди масъалаҳои мубрами фалсафӣ мубоҳиса, музокира ва ё изҳори ақида карда бошанд. Онҳо моро метавонанд меҳрубонона гӯш кунанд, эҳтиром кунанд, вале ҳамчун файласуфи соҳибназар ва рақиби мафкуравӣ эътироф намекунанд.

Дар симои мо олими тавоно ва иштирокчии  ба худ баробар ва сазовори музокироти фалсафии сатҳи баландро  намебинанд. Бояд иқрор шавем, ки мо аз ҳамкасбони хориҷиамон аз лиҳози пешниҳод намудани идея ва консепсияҳои фалсафӣ даҳсолаҳо қафо мондаем. Ҳарчанд дар омӯзиши мероси хаттӣ ва афкори фалсафии шарқи мусалмон аз онҳо кам набуда, ҳатто бартарӣ дорем. Вале дар таҳқиқи масоили фалсафаи замони модерн ва баъдимодерн, дар пешниҳоди намудани ақида ва таълимоти нави фалсафӣ мо ҳамчун миллати куҳантаъриху куҳанфарҳанг ҳоло ҳам шогирдем. 

Бо чӣ сабаб бошад, ки мо дар дигар соҳаҳои илм, аз ҷумла таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, тиб риёзиот, астраномия, геология, биология, сейсмология то андозае ба рақобат тоб оварда, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунем, аммо дар соҳаи фалсафа бошад, ягон дастоварди арзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба забонҳои хориҷӣ нашр шуда, баҳои сазовори илмӣ гирифта бошад, ба назар намерасад.

Ин ва умуман тамоми гуфтаҳои боло масъалаҳое ҳастанд, ки тақдири имрӯза ва ояндаи илми фалсафаи тоҷикро муайян мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд мавзӯи омӯзиши ҳаматарафаи роҳбарияти Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва бо ҷалби кафедраҳои дахлдори мактабҳои олӣ гардида, оиди баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмӣ, савод ва маърифатнокии мутахассисони соҳаи фалсафа ва дар маҷмӯъ барқарор намудани мартаба ва манзалати шоистаи фалсафа дар ҷомеа ва низоми маълумоти олӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Абдусамад Самиев,

доктори илмҳои фалсафа, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *