Истеъдод, устод ва ирода

суҳбати Луқмони Қурбон бо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» Раъно Насриддинова

Луқмон Қурбон, сардабири рӯзномаи “Зарафшон”, пас аз анҷоми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо барандаи шоҳҷоиза Раъно Насриддинова суҳбати пурмуҳтавое анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон месозем.

 -Пирӯзӣ дар чунин озмуни пуровоза ва муътабар кори осон набуд. Ғолибияти ту аз ҳеҷ ҷасорат, корнамоӣ ва қаҳрамонӣ кам нест. Ин ҳақиқатро ҳамагон эътироф кардаанд.  Инак, шоҳҷоизаи озмун, ҷоизае, ки меҳру муҳаббати миллат ва Пешворо дар худ таҷассум мекунад, рӯйи дасти туст.  Ин комёбӣ барои ту ва кулли дӯстдорони адабиёт муборак бошад!

— Ташаккур! Дар ҳақиқат, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз меҳру муҳаббати азалии халқи тоҷик нисбат ба адабиёту фарҳанг гувоҳӣ дода, бо ҳидояту ғамхорӣ ва меҳрубонии Пешвои  миллат аҳли ҷомеаро ба сӯйи китоб ва китобхонӣ бештар роҳнамоӣ кард…

Интизории Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон аз ин сабқати воқеан, зарурию пуровоза зиёд аст. Боиси ифтихор аст, ки ин интизориҳо пайомадҳои нек доданд. Ҳамагон кӯшиш мекунанд, бештар китоб хонанд, то аз зебоиҳои олами адабиёт бардоште кунанд, бидонанд, маҳорати эҷодии худро намоиш бидиҳанду санҷанд. Ин озмун бисёре аз ҷавонони болаёқати моро ба сӯи шахсиятсозӣ раҳнамун шуд.

-Аз рӯи ин номинатсия соҳиби ҷойи аввал шудани шоираи ҷавон, дастпарвар ва корманди рӯзномаи «Зарафшон» Мафтуна Назирова сазовори таҳсину ифтихор аст.

-Апаи азизи мо-Мафтуна ҳунари баланди шеърдонию шеърхонӣ ва мухлиси ҷонфидои назми оламгири тоҷик будани худро ба намоиш гузоштанд. Шеъри навашон «Қасидаи Душанбе» аз ҷониби ҳакамон ва иштирокчиён бо чапакзанию шодмонӣ пазируфта шуд.

-Тамошобинони телевизион, аз ҷумла, ман ҳам ба хубӣ дарк намудем, ки ту китобҳои бешумор хондаӣ, ин хондану омӯхтанҳо ба ту хирад, устуворӣ, сухандонию суханварӣ эҳдо намудаанд.  Дида мешуд, ки  ба зеҳну иродаву ҳофизаи худ бовар дорӣ.

-Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бароям душвортарин имтиҳони ирода, масъулият, дониш буд. Ин ҷо бо устодони адабиёт ҳамсуҳбат шудам, дӯстони зиёде пайдо кардам. Дар ҳақиқат, вақте инсон ба неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии хеш бовар дошта бошад, вақте иродааш қавист, вақте бо чароғи дониш роҳи зиндагиашро равшан кардан мехоҳад, бешак, ба хостаҳои худ комёб хоҳад шуд.

— Адабиёт саҳнаест, ки тамоми дард, ҳиссиёт, ормону орзуи одамон дар он чун намоишномае падидор мешавад. Хоса, адабиёти ҷаҳон. Аз рӯи ҳамин номинатсияи озмун қувва озмудану сухан гуфтани ту камоли ҷасорат ва пурдонӣ буд.

— Адабиёт забони гӯёи башар аст. Имрӯз инсонҳо бо фалсафаи Итолиё, романтизми Фаронса, фантазияи Амрикову Ҷопон ҷаҳони ботинии хешро зебою обод мекунанд.

Дар ҳама давру замон одамон сухани дили худро аз шеър меҷустанд. Адабиёт гулбоғи сабзу хурраму накҳатбезест, ки самараи илҳому идроки ҳар кадоми мост. Хондану донистани образҳои ҷовидонаи адабиёт, шинохтани замири қаҳрамонони асарҳои бузурги адабиёти ҷаҳон моро бо занҷираи тиллоии фаҳмишу дониши шахсияти инсонӣ пайваст мекунад.

Мо — тоҷикон ҷузъи ҷудонашавандаи адабиёт, фарҳанг, таърих ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошем. Моро дар Аврупову Амрико, Осиёву Африқо ба унвони миллати Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҳофиз мешиносанду медонанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кӯшиш, ҷӯшиш ва ташаббусҳои беҳтарине ба миён омада истодаанд, ки дар маҷмӯъ, онҳо замина хоҳанд шуд ба шинохти адабиёти тоҷик аз нигоҳи нав. Ин падида боиси ифтихор аст.

-Моҳи июни соли 2020, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби нахустинат бо унвони «Салом, борон!» ба нашр расид. Ҷолиб аст, ки ту бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ эҷод мекунӣ. Дар ин маҷмӯа бахши «Орхидея любви» фарогири намунаҳои насри дилпазир ба забони русист. Тавре Шоири халқии Тоҷикистон, устод Фарзона дар пешгуфтори ин китоб навиштаанд: «Раъно ба тариқи худомӯзӣ, бе мадади мустақими раҳнамоён чандин забонро аз бар кардааст: забонҳои русӣ ва англисиро дар ҳадди иртифоӣ медонад, бо забонҳои арабиву чиниву ҳиндиву ӯзбекӣ андак-андак суҳбат мекунад. Таронаҳои мансури ӯро, ки бо забони русӣ иншо шудаанд, устоди бузурги насри муосир Темур Зулфиқор ва профессор Матлубаи Мирзоюнус назар кардаанд ва дуо додаанд».

—  Соли 2017 ҳеҷ аз ёдам намеравад, замоне, ки бори аввал навиштаҳоям дар рӯзномаи «Зарафшон» ба табъ расиданд. Аҷаб туғёну ҳаяҷону ларзише дар дилам буд. Кормандони рӯзнома маро бо чеҳраи равшану кушод, бо дилҳои нарму меҳрубон, бо лутфу ширинзабонӣ пешвоз гирифтанд ва рӯҳбаланд намуданд, барои бештару хубтар навиштан. Ман медонам, ки остонаи ин нашрияи муътабар қадамгоҳи бузургони илму адабиёти тоҷик, аз ҷумла, нахустин минбари устоди тавоно Лоиқ аст. Даҳҳо нафар адибони номвари водӣ зинаҳои аввалини эҷодиёташонро аз ҳамин ҷо оғоз кардаанд.

-Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» рӯйдоди пурарзиши фарҳангӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Китоб ёдгории миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ,  мояи ифтихору фараҳмандии мардуми мост.

-Нависандаи бузурги рус Максим Горкий истеъдоди Антон Чеховро чунин баҳогузорӣ кардааст: «Қувваи даҳшатовари истеъдоди ӯ дар он аст, ки ҳеҷ гоҳ чизеро аз худ наменависад.» Яъне, адабиёт рострӯ аст, адабиёт саҳнаи зиндагӣ, намоишгоҳест, ки ҳатто бузургтарин иғроқаш бӯйи зиндагии заминӣ дорад. Ҳар шахсе, ки китобдӯст аст, ба андешаи адиби бузурги Фаронса Ромен Роллан ҳамфикр хоҳад буд, ки мегуфт: «Аз ҳар саҳифаи китоб ба машоми ман бӯйи инсон мерасад ва ман ба сайёде монанд мешавам, ки аз ҳар саҳифаи он суроғаи муҳаббатро меҷӯям».

Пас, китоб хондан, муҳаббат ҷустуҷӯ кардан аст, китоб хондан инсон шинохтан аст, китоб хондан имрӯзу ояндаи худро дурахшон дидан аст.

-Адиби маъруфи олмонӣ Гёте хонандагонро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: гурӯҳи аввал онҳое мебошанд, ки аз асар лаззат мебаранд, мутаассир мешаванд, вале андешаманд нахоҳанд шуд. Гурӯҳи дуюм сари хондаи хеш ба муроқиба мераванд, вале мутаассир намегарданд. Гурӯҳи сеюм хонандагоне мебошанд, ки андешамандона ба шавқ меоянд ва аз ғояти шавқ дар дунёи андеша сайр мекунанд. Маҳз ҳамин гурӯҳ қодиранд, ки ҳама нафосат ва нозукиҳои каломи бадеъро фаро бигиранд.

-Оре, таснифоти Гёте хирадмандона аст. Ман таҳқиқ кардани асарро дӯст медорам. Вақте китоб мехонам, образҳои монандро пайдо мекунам. Масалан, Гобсек, ки Оноре де Балзак тасвир кардааст, ба образи Қорӣ Ишкамба аз қиссаи «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ хеле наздик аст. Ин ҳар ду дорои хислатҳои накӯҳида мебошанд, яъне ба дараҷаи ногуфтанӣ мумсик ва зихнаанд. Аммо Гобсек гоҳо нисбат ба атрофиён меҳрубон аст.

Ва ё аз хондани асарҳо пай бурдам, ки нависандаи забардасти итолиёӣ Алигери Данте «Мазҳакаи илоҳӣ»-ро бо таъсири рисолаи «Ҳай бинни Яқзон»-и Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино навиштааст.

-Вақте шоҳҷоизаро мегирифтӣ, аҳли толор аз ҷойҳои худ бархоста, кафкӯбӣ мекарданду таҳсин мехонданд. Аз тамошои ин манзара дилҳои ҳамаи моро ҳисси ифтихор фаро гирифт. Ҳатто, нафароне беихтиёр ашк мерехтанд, ашки шодӣ, албатта.

 — Лаҳзае шоҳҷоизаро ба даст гирифтам, эҳсосоте вуҷудамро фаро гирифт, ки онро бо сухан баён карда наметавонам. Вақте инсон вазни ҳамин ҷомро бо дастонаш ҳис мекунад, дастҳо, чашмҳо, саропои ӯ аз он ҳама шабҳои бехобӣ, аз устодоне, ки роҳнамоияш кардаанд, аз падару модар ёд мекунанд. Хуллас, ҳаяҷоне, ки ман он лаҳза доштам, то имрӯз боқӣ мондааст ва ҳар қадаре шарҳ доданӣ шавам, боз ҳам ногуфта мемонад.

-Дар толор дар курсии ҳакамон нафаре низ менишаст, ки бо ту бо англисӣ суҳбат мекард. Аз тарҳи чеҳра, ангор ӯ англис буд. Медидем, ки ӯ аз донишу забондонию ҳозирҷавобии ту сахт ҳаяҷонзада буду бо чеҳраи шукуфон, ҳаракати сару дастонаш аломати ризоият ва таҳсинро намоиш медод.

-Бале, устод. Ҳакамон дар бораи асарҳо гоҳе ба забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд, гоҳе ба русӣ, гоҳе ба англисӣ. Аз ҷумла, аз ман дар бораи асарҳои Ҷек Лондон бо забони англисӣ пурсиданд ва ман низ ба забони англисӣ суҳбат кардам.

-Раъно, боз ҳам мегӯем, ки мақсади Пешвои  миллат аз баргузор намудани  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» он аст, ки китоб дар рӯзгори мо ҷойгоҳи шоиста дошта бошад. Чунки тӯли чанд соли аввали Истиқлолият ба сабаби муноқишаҳои миллӣ ва душвориҳои  иқтисодию иҷтимоӣ завқи китобхонии сокинони кишвар коҳиш ёфта буд. Он солҳо китобхонаҳое, ки дар коргоҳҳо ва ҷамоатҳо мавҷуданд, бо китобҳои нав таъмин намешуданд. Хеле китобҳо аз боиси хунукназарӣ ва бепарвоии мутасаддиёни соҳа аз китобхонаҳо гум шуданд ва акнун фаъолияти ин китобхонаҳоро ба низом овардан мувофиқи мақсад мебуд.

— Зодгоҳи ман-деҳаи Сор, як деҳаи дурдаст аст,  дар ин деҳа китобхонае нест, ки кӯдакон ба китобхонӣ машғул шаванд.  Ва ман ният дорам, бо  маблағе, ки ба даст овардам, дар деҳаи худ китобхонаи шахсӣ таъсис диҳам. Китобҳоеро ҷамъ меоварам, ки ба ҳамдеҳагонамон дастрас нест. Кӯдаконро ҷамъ мекунам, дар онҷо маҳфилеро роҳандозӣ месозам, то он ҳо мисли ман дар озмунҳои китобхонӣ иштирок кунанд.

— Нияти нек Раъно. Бо ин китобхониву донише, ки ту дорӣ, дилпурона ба шоҳроҳи адабиёт ва эҷод ворид хоҳӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *