Лориҷонӣ: Эрон бо Амрико ҳеҷ гуна музокира нахоҳад дошт

Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хабарҳои расонаҳои амрикоиро дар бораи он ки гӯё Теҳрон талоши наверо барои азсаргирии музокирот бо Вашингтон анҷом додааст, рад кард.

Ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Х» навиштааст: «Мо ҳеҷ гуна музокирае бо Амрико нахоҳем дошт».

Ин изҳорот пас аз он нашр шуд, ки бархе расонаҳои амрикоӣ иддао карданд, гӯё мақомдорони Эрон баъд аз кушта шудани раҳбари олии кишвар тавассути миёнҷигарии Уммон кӯшиши азсаргирии музокирот бо Амрикоро доштаанд.

Мақомоти Эрон то ҳол ин иддаоҳоро беасос арзёбӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *