Ноиби собиқ президент чаро сарсон аст?
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари боздиди ин чеҳраи сиёсии ҳукумати пешини Афғонистон аз Душанберо тасдиқ кард
Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи президенти Афғонистон дар Панҷшер қарор дорад, такя ба манобеъ иттило медиҳад Sputnik.
Дар ин бора Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо хабаргузории “РИА Новости” иттилоъ дод.

“Амрулло Солеҳ ҳоло дар дараи Панҷшер аст. Ман бо Аҳмад Масъуд ва дигар аъзои муқовимат, ки дар бораи авзоъ дар вилоят хабар медиҳанд, дар тамоси доимии телефонӣ ҳастам”, – гуфт Ағбар.
Бино ба гуфтаи ӯ сарбозони Ҷабҳаи муқовимат барои мубориза бо толибон ба қадри кофӣ таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа доранд.
Сафир дар мусоҳиба бо РИА “Новости” изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ҳамчун як ҳамсояи наздик ва хуб Афғонистонро “аз лиҳози сиёсӣ дар заминаи риояи демократия, истиқрори сулҳу оромӣ, баргузории интихоботи мардумӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул” дастгирӣ хоҳад кард.
Ба гуфтаи Ағбар, Солеҳ дар Душанбе буд, аммо маълум нест, ки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон мулоқот кардааст ё на.
Дипломати афғонистонӣ ҳамчунин ба Президенти Тоҷикистон барои “таваҷҷуҳи хоса ба Афғонистон ва дастгирии мардуми ин кишвар” изҳори сипос кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ