Норак ва Панҷ: Нақшаи андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ иҷро нашуд

Дар се моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Хатлон нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ 102 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ ба андозаи 102 дарсад иҷро шудааст.

Аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба Pressa. tj гуфтанд, ки аз ҳисоби барзиёдии иҷроиши нақша, ба буҷет ба ҷойи 390 миллион сомонӣ бештар аз 398 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша наздики ҳашт миллион сомонӣ зиёд аст.

Зикр гардид, ки нақшаи ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар се моҳи аввали сол дар шаҳри Нораку ноҳияи Панҷ иҷро нашудаанд: “Мутаассифона, шаҳри Норак нақшаро 66 дарсад ва ноҳияи Панҷ 96 дарсад таъмин кардаанду халос. Аз ин ҳисоб ба буҷети вилояти Хатлон бештар аз ҳашт миллион сомонӣ ворид нашудааст”.

Мутаассифона, дар вилояти Хатлон то моҳи марти соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз каму беш 180 миллион сомониро ташкил мекардааст. Асосан дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Вахш, Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ноҳияи Фархор бақияи қарзи андоз бештар будааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *