Толеъномаи 29-уми апрели соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи душвор аст. Нисбати атрофиён қаҳру ғазаби худро нишон надиҳед. Эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Дар ин рӯз аз ҳамаи он чизе, ки ба саломатиятон зарар дорад, худдорӣ намоед. Аз машрубот ва роҳгардии босуръат, ашёҳои нӯгтез дурӣ ҷӯед. Зудбоварӣ ё андешаи ғалат нисбати шарики корӣ боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар корҳоятон хеле бодиққат бошед, ҳодисаҳои ин рӯз табъи дилатон нестанд. Нақшаву ниятҳои наватон амалӣ намешаванд, аз даст додани маблағи пулӣ ё мушкилӣ бо дӯстонатон имкон дорад. Мушкилеро, ки чанд муддат шуморо дар ҳоли ногувор гузоштааст, зудтар бартараф карданатон лозим аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Бадкирдории душманон шуморо маҷбур месозад, ки тамоми нерӯятонро барои ҳифзи ақидаҳои худ равона намоед. Худро ба даст гирифта, аз дағалгуфторӣ худдорӣ намоед, вагарна ҳам обрӯятон мерезаду ҳам маблағи зиёдеро аз даст медиҳед. Барои рафъи мушкилиҳое, ки шуморо дар оянда интизоранд, бояд аз пайи ҷамъ кардани маблағ шавед. Ба рашки зиёд роҳ надиҳед, он гоҳ ҳаёти шахсиятон ширинтар мегардад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ҷойи коратон вазъияти номусоид сар мезанад. Бахиливу рашки душманон ва рақибон қомати шуморо хам карда наметавонанд. Нофаҳмиҳои хурде, ки дар муносибатҳои ошиқонаатон сар мезанад, табъатонро хира намесозанд, вале норозигии наздикон ба дилатон сахт таъсир мекунад. Дар ин шом ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи пур аз ташвишу сарсониҳост. Нисбати наздикони худ қаҳру ғазабро нишон надиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмӣ рух дода, байнатон ҷудоӣ имкон дорад. Орзуҳоятон амалӣ намешаванд, вале ба ин чиз диққат надиҳед, вагарна гирифтори яъсу ноумедӣ мешавед. Агар бемориҳои музминро пешгирӣ накунед, ба беморхона меафтед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои пулӣ имкон доранд, зеро хариди калон мекунед. Рӯзи пур аз ташвиш ва ҳаяҷон аст. Дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмӣ рух дода, бо ҳам мондан ё ҷудо шуданатон аз шумо вобастагӣ дорад. Дар ин маврид ба маслиҳати касе гӯш надиҳед. Сунбулаҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба тамоми тағйиротҳое, ки дар ҳаёти шахсиятон рух медиҳанд, омода бошед. Шахси дӯстдоштаатон пешниҳоди хонадоршавӣ мекунад. Дар ҷодаи касбу кор мушкилие дида намешавад. Баъди нисфирӯзӣ нисбати шиносоне, ки вақтҳои охир пайдо кардаед, бодиққат бошед. Робита бо ин нафарон боиси ноумедӣ мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз одоби муоширатро риоя намоед ва бо вуҷуди сар задани моҷаро шахсияти нафареро паст назанед. Нигоҳ доштани шаъну шарафи шахсӣ дар муносибатҳои ошиқона муҳим аст. Баъзеҳо бо шарофати дӯсти пулдорашон вазъи иқтисодиро беҳтар сохта метавонанд. Қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро пайдо мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз меҳмонони деринтизорро қабул карданатон лозим меояд. Сафару тағйири макон карданатон хуб анҷом меёбад. Муҳим он аст, ки шумо дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред, он гоҳ аз ҳама кор қаноатманд мегардед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҳайвонот аз вохӯрӣ бо шахси фиребгар дарак медиҳад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳама кор бо ҷиддият амал намоед. Бо вуҷуди он ки дӯстдоштаатон ба пешниҳоди издивоҷ ҷавоби рад дода бошад, вазъиятро ба таври фоҷиавӣ қабул накунед. Аз нигоҳи молиявӣ рӯзи бобарор аст. Бемалол ба бозору мағоза рафта, чизҳои даркории худро харидорӣ карда метавонед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Мушкилиҳои молиявӣ хотири шуморо мағшуш мегардонанд. Кӯшиши яку якбора рафъ намудани мушкилиро накунед, вагарна нохушиҳои дигареро ба сари худ меоред. Орзуи деринатон ҷомаи амал пӯшида, хабари хуш мешунавед. Бонувон зимни робита бо шахси дӯстдошта бояд аз мавзуҳои нозук дурӣ ҷӯянд. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли дилмондагӣ вуҷуд дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз асабиву хотирпарешон мегардед. Чизеро гум мекунед, аз ҷониби атрофиён дағаливу ҳуҷум эҳтимол дорад. Аз субҳ нофаҳмиву хӯрдагириро эҳсос карда, руҳафтода нагардед. Баъди нисфирӯзӣ вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Аз пурхӯрӣ худдорӣ намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.