Панҷ: 8 нафар захмии таркиши зарфи газ аз беморхона рухсат шуданд

Аз захмиёни як таркиши зарфи газ дар ноҳияи Панҷ 8 нафар аз беморхона рухсат шудаанд. Боқимонда дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ мебошанд.

Муҳаммадӣ Самиев, сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ҳоло ҳашт нафар дар шуъбаи эҳё ва 12 каси дигар дар шуъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ мебошанд. “Мутаассифона, ҳашт нафаре, ки дар шуъбаи эҳё бистарианд, дар ҳолати ниҳоят вазнинанд”,- афзуд вай.

— Барои табобати зарардидагон мутахассисони сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷалб шудаанд. Ҳашт нафаре, ки аз 4 то 10 — 12 дарсади баданашон сӯхта буд, рӯзи 22-юми май аз беморхона рухсат карда шуданд. Онҳо дар хона ҳам бо хизматрасонии тиббӣ пурра таъмин мебошанд. 12 нафари дигар, ки дар шуъбаи ҷарроҳӣ бистарӣ мебошанд, дар ҳолати вазнинанд. Озодона суҳбат мекунанд ва табобат шуда истодаанд,- таъкид кард ӯ.

Муҳаммадӣ Самиев мегӯяд, ки аз ягон чиз танқисӣ надоранд ва тамоми лавозимоти зарурӣ дар беморхона ҳаст.

— Дар рӯзи воқеа аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ба беморхона доруворӣ кумак карданд. Барои табобати онҳо дар беморхона ягон мушкилӣ нест. Аз 28 нафари зарадида дар таркиши зарфи газ, мутаассифона, шаш нафараш кӯдаканд. Дирӯз як кӯдакро аз беморхона ҷавоб додем. Ду каси дигар дар шуъбаи эҳё бистарӣ мебошанд. Се нафар сокини ноҳияи Сангвор мебошанд,- афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20-уми май дар як нуқтаи омодасозии хӯроки тезтаёр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зарфи газ таркидааст, ки дар натиҷа 28 нафар зарар диданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *