Тағйироти кадрӣ: Олимова — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маориф бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия маросими муаррифии мудири тозатаъини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимова Манзура Зоидовна баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки Олимова Манзура Зоидовна соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1992 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи А. С. Киров (ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров)-ро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №25-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, дар ин муассиса солҳои 2010-2017 дар вазифаи муовини директор оид ба тарбия, солҳои 2017-2019 муовини директор оид ба таълим фаъолият намудааст.

Олимова Манзура Зоидовна то таъин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2019 то соли 2023 директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба зимма дошт.

Бояд зикр намуд, ки Олимова Манзура дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нигорахон Ғаффориро иваз намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *