Эмомалӣ Раҳмон як мактабро дар Турсунзода ифтитоҳ кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода қарор дорад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни сафари корӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст, ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, синфхонаи компютерӣ бо 25 адад компютери тамғаи нав, ошхона бо 10 ҷои нишаст, синфхонаи таълими меҳнати писаронаю духтарона, толори замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, майдони кушоди варзиш, маркази инкишофи кӯдак ва бӯғхона барои гармидиҳӣ дорад.

Муассиса бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар деҳаи Файзбахши деҳоти 10-солагии Истиқлол дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ бунёд карда шуда, корҳои сохтмониро ширкати “Содот сохтмон” ба анҷом расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *