Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Қатар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Имрӯз, 5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари расмӣ аз шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ба шаҳри Вашингтон – пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.
Бино ба иттилои расмӣ, ин сафар бо даъвати Президенти Амрико сурат мегирад. Қарор аст, ки Сарвари давлат дар вохӯрии навбатии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (C5+1) иштирок намояд.
Ин вохӯрӣ рӯзи 6 ноябри соли 2025 баргузор шуда, дар он роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, иқтисод, энергетика, обу иқлим ва мубориза бо таҳдидҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ