“Шӯхии бемаврид”. Вазорати мудофиа “облава” дар рӯзи тӯйро шарҳ дод
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт, ки навори боздошти як ҷавон дар рӯзи тӯяш дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба даъвати ҳарбӣ рабт надорад ва “шӯхии бемаврид” аст.
Дар навори паҳншуда дида мешуд, ки гӯё домодро дар рӯзи тӯяш ба артиш мебаранд. Аммо мақомот гуфтанд, ки ин саҳнасозӣ аз тарафи Сайидалӣ Сайдалиев барои “ҷалби тамошобин ва пулкоркунӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабт шудааст.
Худи домод Султон Сайдалиев низ гуфтааст, ки “рафиқонаш бо маслиҳати пешакӣ шӯхӣ карданд” ва ӯ солҳои пеш хизмати ҳарбиро гузаштааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки чанд дӯсти домод – Эмомалӣ Сулаймон, Абубакр Миронов, Амирҳамза Миронов ва Муҳаммад Сафаров барои “саҳнасозии бемаврид” ба 10 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудаанд.
Нисбати Сайидалӣ Сайдалиев бошад, маводи санҷишӣ тартиб дода шуда, эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ