Сангмаҳмад Гурезов: Аз барқ 3 миллион, аз андоз 235 ҳазор сомонӣ қарздорем

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз пардохти истифодаи барқ 3 миллион ва аз Нозироти андоз 235 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Сангмаҳмад Гурезов, сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ба хотири таъмини сокинон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо оби полезӣ 14 истгоҳи обкашӣ фаъолият мекунад. “Албатта, ин бе қувваи барқ намешавад”,- афзуд вай.

— Аз ҳамин ҳисоб қарзи идораи мо дар назди шабакаҳои барқ андаке зиёд шуда, ба 3 миллион сомонӣ расид,- гуфт ӯ ва афзуд, ки “аз андоз ҳам 235 ҳазор сомонӣ қарздорем. Вале хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ аз ҳақи хизмати обрасонӣ 6 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарздоранд”.

— Агар ҳамин маблағ пардохт шавад, мо ҳамаи уҳдадории хешро сарбаландона иҷро мекунем. Мутаассифона, қарздорӣ аз солҳои пеш аст ва имкони ҷамъоварии пурраи он нест,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.