Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава оварда шуданд

Субҳи 11-уми март 186 шаҳрванди  Тоҷикистон, ки аз қаламрави Украина ба ин кишвар рафта будаанд, тавассути ширкати лаҳистонии «Enter Air» аз Варшава ба Душанбе оварда  шуданд.

Бино бар иттилои «Ховар» дар такя ба Сафорати Тоҷикистон дар Берлин, тибқи мувофиқаи қаблӣ бо ҷониби лаҳистонӣ, 10 марти соли 2022, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ширкати “Enter Air” ҳомили 186 мусофири тоҷикистонӣ аз Варшава ба самти Душанбе парвоз кард.

“Ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият набуданд, аз ҷониби кормандони Сафорат дар фурудгоҳ шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан дода шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Варшава аз тарафи дипломатҳои тоҷикистонӣ роҳнамоӣ шуданд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Инчунин, парвози навбатӣ ҷиҳати бозпас гардонидани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Варшава ба Душанбе 11 марти соли ҷорӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *