Таърихномаи “Бухорои Шариф”

Ба истиқболи 110-солагии рӯзномаи «Бухорои шариф», ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 чоп шудааст, китоби омӯзгори таърихдону эҷодкори Ӯзбекистон Ӯзбакбойи Раҳмон бо номи “Таърихномаи “Бухорои шариф” нашр гардид.

Муаллиф мақолаҳои солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ нашрнамудаи худро ҳам ба китоб илова намудааст. Пас аз мутолиаи ин китоб Шумо дар бораи чӣ гуна рӯзнома будани “Бухорои шариф” ва кормандони он, мавзӯи мақолаҳои дар он интишоршуда, иловаҳои рӯзнома ва мавқею дараҷаи он огоҳ мешавед.

Инчунин, оварда мешавад: “Рӯзномаи “Бухорои шариф” «ҳамчун асбоби тараққии маориф нашр гардида, ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад ва ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун месозад».

Ба ин мақсад дар рӯзнома зери унвони ахбори маҳаллӣ ва Туркистон, ахбори дохила, ахбори хориҷа, бахши адабиёт, солимӣ, эълонҳо, бахши ғояи омол, яъне мақсаду амал хабару мақолот ва ҳикояву намунаҳои назмӣ дарҷ гардидаанд. Ҳар як шумора аз бахши ғояи амал оғоз меёбад, ки дар он мақсади нашр ва вазифаҳои рӯзнома инъикос ёфтааст.

Муҳаррири китоб — узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода қайд мекунад, ки ин китоб барои худшиносии мардум ва рӯшанӣ андохтан ба масъалаҳои носаҳеҳи таърих имкон медиҳад.

Асалой САРХАТЗОДА, шаҳри Самарқанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *