Сокини 22-солаи шаҳри Душанбе бо гумони якчанд маротиба дуздӣ кардан боздошт шудааст

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгиршуда Алиҷон Ашуров ном дошта аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дастгир шудааст.

«Дар ҷараёни тафтишот муайян гардид, ки Ашуров бо санг шишаҳои паҳлӯии воситаҳои нақлиётро шикаста, амволи дар дохили салон буда, телефонҳои мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёро тасарруф мекард», — омадааст дар иттилоияи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Зикр мешавад, ки то ҳол 9 ҳолати дуздӣ, ки аз ҷониби гумонбар содир шудаанд, ошкор гардидаанд. Ҳаҷми умумии зарари моддӣ беш аз 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати Алиҷон Ашуров бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *