Шикасти тими миллии футзали Тоҷикистон аз Қирғизистон дар бозии дӯстона
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили тими миллии Қирғизистон мағлуб шуд.
Ин дидор рӯзи 16 январ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи дастаи Қирғизистон анҷом ёфт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тими миллӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 боз ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Рӯзи 18 январ мунтахаби Тоҷикистон бо тими Индонезия ва рӯзи 20 январ бо дастаи Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия доир мегардад, дар гурӯҳи «C» бо дастаҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) ҳамқадам хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ