Восеъ метавонист наҷот ёбад. Гузориш аз дараи Мухтор

Агар тамошои Хатлонзамин кардию Ховалингро надидӣ, дон, ки аз табиати зебоманзари ин кишвар бехабар мондӣ.

Аз Мунк то Ховалинг

Ховалинг як гӯшаи нотакрори Тоҷикистони зебоманзар аст. Тамошои талу пепаҳои гулпӯшу куҳҳои осмонбӯси он ба кас ҳаловат мебахшад. Ин диёр пири хирадмандеро мемонад, ки баъд аз истиқлолият чеҳраи ҷавонӣ ба худ гирифтааст. Роҳҳои қирпӯш шуморо аз қабати биноҳои тозабунёди муосири маъмурию фарҳангӣ, майдонҳои варзиш, макотибу шифохонаҳои бо дастгоҳҳои муосир муҷҷаҳаз бароҳат ба мавзеъҳои таърихӣ мебаранд.

Замоне ин гӯшаи диёри тоҷикон бо номи Мунк машҳур буд. Худи луғати Ховалингро низ забоншиносон гуногун шарҳ медиҳанд. Шакли ибтидоии ин калима мутаалиқ ба форсии қадим — “хваралунка” мебошад, ки маънояш хвара-ҳур (рӯшноӣ, офтобӣ) ва лунка (теппа, замин) мебошад. Хваралунка сарзамини офтобӣ мебошад.

Асрори сангтӯдаи Ховалинг

Аввалин мавзеи таърихие, ки дар ин сарзамини офтобӣ ба назар мерасад, тӯдаи сангҳост, ки дар мавзеи Лаби Ҷар, даромадгоҳи Ховалинг мушоҳида мешавад. Ин мавзеъро муъҷизаи кайҳонӣ медонанд. Таърихи он аз кадом аср оғоз мешавад, ҳанӯз сирри нокушода аст. Ривоятҳо гуногунанд. Аммо он ҳама аз бостонӣ будани ин хок ҳикоят мекунанд.

Кулдара, тибқи тадқиқоти бостоншиносон, ба давраи палеолити поён тааллуқ дорад. Ҳар санги ин диёр аз сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик — ҳуҷуми Искандари мақдунӣ, лашкари ҷаррори араб, сарбуриданҳои муғулҳо… ҳикоят мекунад. Ҳатто ривояти дигаре ҳаст, ки гӯё тӯдаи сангҳо шумораи аскарони муғуланд, ки мардуми далери Ховалинг онҳоро дар ҷангҳои шадид нобуд сохтанд.

Наъраи Восеъи диловар

Роҳи қирпӯш моро аз паҳлуи Чашмаи чинорон, ки дар назди он музейи шоири ҷавонмарг Ҳабибулло Файзулло қомат рост кардааст, ҷониби Дараи Мухтор мебарад. Дар ин дара фарзанди фарзонаи ин диёр Восеъ ба дунё омада ва дар роҳи пойдории адолат ҷон додааст. Мардуми ин диёр ривоят мекунанд, ки вақте Восеи ғазокардаро аскарони Амири Бухоро дастгир мекунанд ва ба Бухоро мебаранд, дар Шаҳри Сабз таваққуф мекунанд. Он рӯз аз тамоми музофоти Аморати Бухоро паҳлавонон ҷамъ омада будаанд. Паҳлавоне аз Шаҳри Сабз ҳамаро мағлуб месозад ва наъра мекашад, ки “ку ҷавонмарде, ки бо ман гӯштин гирад”. Восеъ бо дастони занҷирбанд аз ҷой нимхез мешавад. Ин манзара аз нигоҳи болонишинони он мулк пинҳон намемонад. Онҳо бо писханд мегӯянд, ки “мехоҳӣ бо паҳлавони ғолиб гӯштин гирӣ?”. Восеъ бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонад. Занҷирҳои банди дасти ӯро боз мекунанд. Қадбақад шудани Восеъ бо он паҳлавон зиёд тӯл намекашад. Ӯ наъраи мункиёна мекашад ва паҳлавонро ба ҳаво бардошта, ба замин мезанад. Ҳар ки баъдан сар боло мекунад, сарашро Восеъ хам месозад. Ҳолдонон мегӯянд, ки ҳокими Шаҳри Сабз, ки дӯстӣ бо амири Бухоро дошт, ба Восеъ мегӯяд, ки “тавба кун, ман ҷони туро мехарам”. Аммо Восеъ аз карда изҳори пушаймонӣ намекунад. Дар Бухоро ӯро сар ба дор мекашанд. Шоҳиди ин ҳодиса хоҳари Восеъ Фотима буд, ки аз Ховалинг то Бухоро бо ашки резон аз паси бародараш медавид.

Эҳёи Дараи Мухтор

Дараи Мухтор, ки солҳои шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буд, ба шарофати фарзанди фарзонаи дигари ин диёр чеҳраи дигар ба бар намуд. Муҷассамаи бузурги Восеъ, музейи ӯ, ки асбобу олоти замони зиндагии Восеъро гирд овардааст, ҷувозхонаи таърихии он замон, меҳмонхонаи муосир барои қабули сайёҳон, роҳи қирпӯши васеъ дар арафаи 30-солагии Истиқлолият дар ин дара ба вуҷуд омадаанд. Ҳоло сайёҳон на танҳо аз нақли раҳнамоён маълумот мегиранд, балки таърихи ошӯби Восеъро бо чашми худ мебинанд. Воқеан, ин дара ба як мавзее табдил ёфтааст, ки ҳикоят аз дастовардҳои замони истиқлолият мекунад.

Шакли пурраи матлабро дар шумораи фардои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *