Пирўзии «Файзканд»-у КМВА ва шикасти «Истаравшан»-у «Регар-ТадАЗ»

Рўзҳои 7 ва 9-уми май се бозии даври шашуми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардида, «Файзканд» ва КМВА пирўз шуданду «Истаравшан»-у «Регар-ТадАЗ» шикаст хўрданд.

Дастаи «Истаравшан» сеюм давр аст, ки пайиҳам ба нокомӣ дучор мешавад. «Истаравшан» ин навбат аз дастаи КМВА-и пойтахт бо ҳисоби 1:2 шикаст хўрд. Голҳои артишиҳоро Иззатулло Рўзиев, Шарафҷон Солеҳов, голи тими мизбонро Мбеке Сиябатчу Деудонӣ заданд.

Дар бозии дигар “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода пирўз шуд — 2:1. Ҳисобро бозингари “Регар-ТадАЗ” Бахтиёр Чориев кушод. Ба голи задаи ў футболбозони тими Восеъ Доробҷон Эргашев ва Анвар Муродов бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни ду дастаи вилояти Суғд — “Эсхата” ва “Равшан” (Зафаробод) мусовӣ (2:2) хотима ёфт. Голҳои дастаи Хуҷандро Дилшод Бозоров, Шаҳзод Маъмурҷонов, голҳои дастаи Зафарободро Ҷаҳонгир Алиев ва Зуфарҷон Акбаралиев ба номашон навиштанд. Ду бозии дигари даври шашум 12-уми май баргузор мешавад. Дар ин рўз “Хуҷанд” бо “Рашван”-и Кўлоб, “Хатлон” бо “Истиқлол” вомехўранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *