Зану фарзанду падарарӯсашро кушту абадан зиндонӣ шуд
Сари аз тан ҷудои ҳамсару тифли ҳанӯз ба дунё наомадаву ҷасади хусури хуншораш ӯро ба кунҷи зиндон кашид.
Додгоҳи кишвари Перми Русия дирӯз 27 декабр Шоҳназар Шозафаровро, ки шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русияро дорад, дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомилаи 21-солааш Шабнам ва падарарӯси 48-солааш Ҳоҷиқурбон гунаҳкор дониста шуд ва ба ҳабси абад маҳкум гашт.

Раёсати тафтишоти кишвари Перм хабар дод, ки додгоҳ ҳамчунин Шозафаровро ба пардохти беш аз 9 миллион рубл товон ба ҷабрдидаҳо вазифадор кард. Ин ҳукм ҳанӯз ҳукми қонунӣ нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 10 декабр айбдоркунандаи давлатӣ низ аз додгоҳи Перм барои Шозафаров ҳукми ҳабсиабад талаб кард. Ин ҳадди аксари ҷазо барои қатли ду нафар, аз ҷумла зани ҳомила, тибқи қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия аст.

Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, рӯзи 3 феврали соли 2021 дар кӯчаи Есенини маҳаллаи Заостровкаи шаҳри Перм ҷасади оғӯшта ба хун ва сарбуридаи Шабнами 21-соларо дар даруни хона ва ҷасади падари 48-солаи ӯ Ҳоҷиқурбонро дар кӯча пайдо карданд. Дар ин ҷиноят билофосила домоди хонавода – шавҳари Шабнамро гунаҳкор карданд.
Нашрияҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки ҳамон рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Есенин ҳудуди 100 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ки мехостанд худашон ҷазои Шозафаровро барои қатли ҳамсар ва падарарӯсаш бидиҳанд, вале пулис ӯро аз ин “самосуд” наҷот дод.

Дар ҷараёни тафтишот Шоҳназар Шозафаров ду дафъа мавриди ташхиси тиббии рӯҳию равонӣ қарор гирифт ва ҳарду ташхис ба хулосае омад, ки ҳангоми қатли ҳамсару падарарӯсаш солимақл буд. Худи Шозафаров дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда гуфтааст, ки Шабнам мехост аз вай ҷудо шавад ва кӯдаки батнашро исқоти ҳамл (аборт) кунад, падараш ҳам аз ин тасмими ӯ пуштибонӣ мекард ва ҳамин боиси низоъи хунине шуд, ки бо чунин фоҷиа анҷомид. Дар сари ӯ нияти куштани Шабнаму падараш пайдо шуда, ӯ аввал Шабнамро кордборон карда, сипас бо ҳамон корд сарашро аз тан ҷудо кардааст. Вақте Шоҳназар аз хона берун мерафт, дар кӯча бо падарарӯсаш рӯбарӯ шудааст ва ӯро ҳам қариб 60 зарбаи корд задааст.
Аз Шабнам ду фарзанди хурдсол – як писар ва як духтар ятим монд. Нигоҳубини онҳоро амаки Шабнам ба дӯши худ гирифт ва кӯдаконро ба Тоҷикистон бурд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ