Қиматӣ дар арафаи ид. Аз ҳушдори муфтӣ то боздошти тоҷирон

Борҳо таъкид шудааст, ки боло бурдани нархи маҳсулот дар арафаи ҳар гуна ид гуноҳ аст. Аммо тоҷироне пайдо мешаванд, ки инро ба эътибор намегиранд. Магар онҳо мусалмон нестанд? Бо сӯйистифода аз идҳо нархи маҳсулотро қимат мекунанд ва фоидаи бештару муфт ба даст меоранд.

Шикоят

Аллакай сокинони кишвар бо фаро расидани Иди Қурбон аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввал шикоят доранд. Тухм, шакар, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал майли қиматӣ доранд. Тааҷҷубовар аст, ки маҳз дар Тоҷикистон мисли анъана дар арафаи ҳар ид дилхоҳ маҳсулот қимат мешавад. Бархе тоҷирон инсофро як сӯ мегузоранд, дар фикри бештар пур кардани ҷайби худ мешаванд. Боз ҳаминҳо даъвои мусалмонӣ доранду дар ҷамъият насиҳатгаранд.

Ба мушоҳидаи харидорон, ҳоло дар бозор қариб назорат нест ва нархи маҳсулот калаванда аст. Агар чунин нест, чаро 1 кг гӯшт дар таблоҳо 75-80 навишта шудаасту онро бар ивази 100 сомонӣ мефурӯшанд?

“Вақте вориди бозор мешавам, нархҳоро дида, дар ҳайрат мемонам. Масалан, нархи гӯшт дар табло як асту дар гуфтори фурӯшандаҳо дигар. Агар пофишорӣ кунед, бо нархи навишташуда гӯшти дилхоҳашро медиҳад. Яъне, инҷо адолат байни фурӯшандаву харидор вуҷуд надорад. Бинобар ин, бештари вақт аз ярмарка ё гӯшаҳои ташкилкардаи берун аз бозор маҳсулот мегирам. Нисбат ба дохили бозор андак арзон аст”,- мегӯяд Саида.

Таъкид ба тоҷирон

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон борҳо аз савдогарон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои ид нархи маҳсулоти ғизоиро боло набаранд, баръакс миқдоре поин фароранд.

Ӯ нигарон аст, ки баъзе савдогарон ба эҳтикор ё ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд, ки ин маблағ ба онҳо ҷуз нигаронӣ, нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

«Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем. Ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад»,- таъкид мекунад муфтии Тоҷикистон.

Рӯҳонии маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Мирзо Имронов дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки тоҷири мусалмон набояд худсарона нархи маҳсулотро боло барад. Махсусан, дар моҳи Рамазон чунин гуфта буд: “Дар моҳи Рамазон мардуми мусулмон набояд дар болои молашон фоиз гузоранд ва нархро гарон кунанд, балки бояд аз сари фоидаҳояшон ҳам бигзаранд. Хоҳанд, ки савоби даҳчанд аз моҳи Рамазон бардоранд, тоҷирон бояд молро бо ҳамон нархе, ки мегиранд, фурӯшанд ва ба камбағалу нодору ятиму барҷомондагон хайру садақа кунанд. Касе, ки дар ин моҳ нархро баланд карда, барои мардум вазнинӣ эҷод мекунад, раҳму инсоф надорад”.

Рейди мақомот

Дар пойтахт масъулини мақомоти дахлдор бо ҷалби кормандони милитсия борҳо барои нигоҳ доштани арзиши молу маҳсулот дар арафаи идҳо талош мекунанд. Аз ҷумла, дар арафаи иди Қурбон мақомоти милитсияи Душанбе 10 фурӯшандаро барои худсарона қимат кардани нархи гӯшт ҷарима бастанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо аз ниёзмандии мардум сӯйистифода кардаанд. Фурӯшандагон дар асоси моддаи 555-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шудаанд. Ҳарчанд ҳаҷми ҷарима зикр нашудааст, вале тибқи қонун то 3 ҳазор нишондиҳанда (225 000 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст. Аммо бо вуҷуди ҷаримаҳову рейди мақомот, ба тоҷирон дарс намешавад. Амали худро идома медиҳанд. Ба қавли харидорон ҳам, натиҷа чандон назаррас нест. Пас аз рафтани шахсони масъул фурӯшандаҳо нархҳоро боз ба хости худ мегузоранд. Чаро? Масъулини бозор, марказҳои тиҷорат ба куҷо менигаранд? Ё онҳо ба ин манфиатдоранду ба ибораи мардум “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”?

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *