Аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ то ҷанги шаҳрвандӣ

Собиқадори матлубот, иштирокчии ҶБВ ва роҳбари чандин коргоҳҳои маъруф Бозор Нағзибеков 19-уми ноябри соли 1926 дар Бадахшони сарбаафлок дар оилаи марди муздур Шодмони Нағзибек дида ба дунё кушодааст.

Сахтиҳои даврони кӯдакӣ

Худ ёд меорад, ки дар хонаводаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Кӯҳистони Бадахшон мулки камзамин аст ва зиндагӣ он овон бас тоқатфарсо буд. Як порча замини хонаводагиро баробари дигар ҳамсоягон кишт мекарданд. Аммо он ба рӯзгор сар ба нӯг мерасид.

Аз боиси рӯзгори вазнин Бозорро ба хона-интернати деҳаи Дебоста супурданд. Бозор мактаб-интернатро бо маълумоти синфи ҳафт тамом кард. Собиқ раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев яке аз ҳамсинфони ӯст.

Бо тамом кардани интернат дар андеша уфтод, ки куҷо раваду чӣ кор кунад. Ва бо гурӯҳе пиёдаву савора озими пойтахт шуданд. Дар шаҳри Сталинобод ба курси омӯзишии коргарӣ шомил гардид. Дар ҳамин давра ба сафи комсомол дохил шуд. Пас чанд муддат дар Комбинати нассоҷӣ фаъолият бурд. Аз сабаби надоштани ҷойи хоб ва шароити зист корро тарк гуфт.

Талошҳо дар ақибгоҳ

Соли 1943 бо ҳукми тақдир Бозор Нағзибекро ба ноҳияи Тавилдараи собиқ вилояти Ғарм раҳнамун сохтанд. Бо роҳхати кумитаи ҳизбии ноҳия ӯро ба колхози ба номи Горкий фиристоданд. Ва ӯ ба сифати муҳосиб ба фаъолият пардохт. Баъдан роҳбари комсомоли колхоз таъйин шуд.

Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозори Нағзибек аз ҳисоби ҷавонон як бригадаи зарбдор созмон дода, дар бадали ду рӯз бо дастаи 40-нафарааш ғалларо даравида, ҳосили ҷамъовардаро ба анборҳои хоҷагӣ супурд. Ҳамин хел 50 гектар ғалларо ҷавонон аз талаф эмин доштанд. Хурсандии мардум ва роҳбариятро ҳад набуд.

Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва раҳбарии ӯ аз назари роҳбарон дур намонд. Моҳи сентябри соли 1944 Бозор Нағзибековро котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) интихоб намуданд.

Шароити корӣ вазнин буд. Дар хоҷагиҳо қувваи корӣ намерасид. Дар саҳро танҳо занону мӯйсафедон монда буданд. Ба ҷуз ин дар байни мардум таблиғот бурдан рост меомад. Рӯзона кори хоҷагӣ, шабона маҳал ба маҳал гашта корҳои сиёсиро пеш бурда, аз музаффариятҳои Армияи Советӣ нақл намуда, мардумро рӯҳбаланд мегардонданд.

Роҳ ба фронт

Амаки Бозор қиссаи ба фронт рафтанашро чунин ба ёд меорад: “Моҳи декабри соли 1944 ба ман роҳбаладии як даста наваскаронро то ба шаҳри Сталинобод бовар карданд. Зимистони қаҳратун, то маркази пойтахт роҳ дур, на ҳамаи даъватшудагон либоси гарм доштанд. Дар роҳ ду ҷавонро сармо зад. Барои пурра кардани ҳайат номзадии худамро пешниҳод намудам. Ҳарчанд, ки ман брон (хати ба ҷабҳа нарафтан) доштам. Роҳбарият дар андеша монданд”.

Ҳамин тавр ӯро ба фронт фиристоданд.

Ҳангоми суҳбат Бозор Нағзибеков лаҳзаи аҷиберо ба ёд овард: “Ҳини ҳаракат ба фронт, дар ҳудуди Россия, дар истгоҳи хурдакаке воқеаеро дидам, ки то ҳол аз хотирам нарафтааст. Дар аснои рафтан ногаҳон қатора аз ҳаракат бозмонд. Ман, ки роҳбарии як вагонро бар зимма доштам, аз қатора поин шудам, то бифаҳмам, ки сабаб чист. Назарам ба ду кӯдаки 8-10-сола бархӯрд, ки аз шиддати сармо дарақ-дарақ меларзиданд. Наздашон рафтам. Маҷоли чап задан надоштанд. Фаҳмидам, ки гуруснаанд. Давида ба вагон рафта, як буханка хлеб ва як қуттӣ консерва оварда, ба кӯдакон додам ва ба ҳафт пушти фашистони малъун нафрин фиристодам”.

Ҳамин тавр, роҳи Бозор Нағзибеков дар фронт аз вилояти Оренбург оғоз шуд…

Пас аз ҷанг

Бо анҷоми ҷанг ва Ғалаба бар фашизм роҳи Бозор Нағзибеков дар ҷанг ба охир нарасид. Ӯ пас аз чор соли хидмат, моҳи октябри соли 1947 пас аз пурра тоза шудани марзу буми Ватан аз душман ва барқарор шудани амният ҷавоб шуд.

Бозор Нағзибеков дар Ватан фаъолияташро дар сафи комсомол идома дод. Нахуст дар Ғарм, баъдан дар Қалъаи Лаби об (ҳоло Тоҷикобод) дар вазифаи котиби якуми комсомол фаъолият намуд.

Ду сол дар бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи Ҳоит ширкати фаъолона дошт.  

Баъдан Макбати олии ҳизбиро хатм карда, аз соли 1953 мудири шуъбаи ҳизбии ноҳияи Сталинобод таъйин карданд. Ҳамин тавр, ӯ сокини пойтахти кишвари тоҷикон шуд. Қобилияти хуби роҳбарӣ ва ташкилотчигии ӯро ба инобат гирифта, соли 1959 директори фабрикаи қаннодии шаҳри Сталинобод таъйинаш карданд.

Соли 1963 Бозор Нағзибековро директори чойхонаи маъруфи «Роҳат» таъйин карданд ва ӯ се сол дар ин вазифа фаъолият намуд. Хабари тахриби чойхонаи маъруфу таърихии “Роҳат” барои Бозор Нағзибеков бисёр сахт буд.

Ҷанги дигар

Солҳои баъд низ қаҳрамони мо дар соҳаи матлубот фаъолият кард. Роҳбарии трести хӯроки умумии ноҳияҳои Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ) ва Фрунзе (ҳоло Сино)-ро ба дӯш дошт. Нуҳ сол (1991-1999) ба сифати муовини директори заводи нони №4-и Душанбе адои вазифа намуд. Дар ин давра Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бозор Нағзибеков ва ҳамкоронаш ягон рӯз ҷойи корашонро тарк накарда, аз пайи таъмини аҳолӣ бо нон буданд.

Ин сарбози диловари Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро низ бо душворӣ ба ёд меорад. 

Моҳи ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар хотираш сахт нақш бастааст. Сарбози диловар мегӯяд, ки “ман аз ҳамон лаҳза нафаси осуда кашидам. Дар симои сарвари ҷавони Тоҷикистони азиз боварӣ ба фардои некро дидам. Хушбахтона, тайи 30 соли Истиқлол ба дастовардҳои наҷибе комёб гаштем…”.

Оилаи обод

Бозор Нағзибеков оилаи обод дорад. Ҳамроҳи ҳамсараш – холаи Чинигул Расулова 6 фарзандро ба воя расонданд, соҳибмаълумоту хонадор карданд. Меҳринисо, доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони русии ДМТ аст. Файзинисо табиб, сардухтури комиссияи муоинаи тиббии ВКД ҶТ мебошад. Зебунисо, Назаршо ва Моҳитобон аз рӯи маълумот иқтисодчианд ва алҳол ба соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Мегӯяд, ки “ман аз набераву абера низ бой ҳастам”.

Чанд рӯз пеш вақте кормандони Медиа-холдинги “Оила” ба зиёрати Бозор Нағзибеков рафтанд, ин марди нурониро дар канони ҳамсараш хушҳол дарёфтанд. Ӯ бо ҳамсараш 70 сол боз зиндагӣ доранд.

Вақте мо шӯхиомез аз бобои Бозор Нағзибек пурсидем, ки чӣ тавр 70 сол ӯ ва ҳамсараш ҳамдигарро “тоқат” карда истодаанд, мӯйсафед бо табассум гуфт: “70 сол дар назари ман мисли як лаҳза гузашт, чунки занамро бо тамоми ҳастиам дӯст медорам!”.

Вақте аз Бозор Нағзибеков пурсидем, ки ба ҷавонон чӣ насиҳат дорад, гуфт: “Сулҳ беҳтарин неъмат аст. Онро қадр кардан лозим, шукр кардан лозим!”.

М. САТТОРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *