Чор омили хатарзо барои ҷавонон

Дар баробари рушду инкишоф ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз гумроҳӣ, ноогоҳӣ ва таассуб бархе аз онҳо фирефтаи амалу кирдорҳои ғайриахлоқона гардида, ба ин неруи тавоно дар ҷомеа иснод меоранд.

 Дар ҷомеаи имрӯза пешбурди соҳаҳои мухталиф ва роҳандозии онҳо аз ҷониби ҷавонон баръало ба назар мерасад. Ин қишри ҷомеа дорои афкору андешаҳои нав, неруи муҳими пешбарандаи фарҳанги миллӣ, сиёсат, иқтисодиёт ва варзиш буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд хуб ба роҳ монанд. Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар ба ин қисми аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар дода, сол то сол ғамхорӣ нисбати ҷавонони ояндадори ҷомеа афзуда истодааст.

Дар баробари рушду инкишоф ва комёбиҳо дар самти фаъолияти ҷавонон ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз гумроҳӣ, ноогоҳӣ ва таассуб бархе аз онҳо фирефтаи амалу кирдорҳои ғайриахлоқона гардида, ба ин неруи тавоно дар ҷомеа иснод меоранд.

Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷомеаи моро ҳаргиз ором гузошта наметавонад. Ин раванд ба пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллати тоҷик, хоҳу нохоҳ таъсири манфии худро мерасонад. Камсаводӣ, нодонӣ, нашъамандӣ, оворагардӣ, тамошои фитаҳои хусусияти фаҳшдошта, марказҳои компютерӣ ва дискоклубҳо, даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят, тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, гаравиш ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби ҷавонони камхирад дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун доғи рӯз боқӣ мемонад, ки аз ҳама хатарзои он гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ҳаросафкан ва даҳшатафкан ба ҳисоб меравад.

Кирдорҳои дар боло зикргардида имрӯз сабабгори содир намудани яке аз ҷинояти ниҳоят мудҳиш,  яъне  «терроризм» гардидааст.

Тибқи муқаррароти моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳ оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад» фаҳмида мешавад.

Бояд қайд кард, ки кирдорҳои террористӣ  рӯз то рӯз  дар худ хусусияти нав касб менамояд, ки аз доман паҳн кардани чунин як ҷинояти маргбор дар кураи сайёраи мо хабар медиҳад.

Имрӯз  ҷаҳониёнро зарур аст,  то сабабҳои  пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистиро хуб таҳлил карда, омилҳои ин кирдорҳои барои инсоният нанговарро дуруст аниқ намоянд ва ба таври ҷиддӣ пеши роҳи онҳро гиранд. Зеро  сабаби асосии ба вуҷуд омадани нооромиҳои сиёсӣ байни давлатҳо ва муноқишаҳои динию мазҳабӣ, пеш аз ҳама ба омилҳои муайян вобастагӣ дорад. Чунин раванди хавфнок, ки боиси фавти одамони бегуноҳ,  хусусан кӯдакону барҷомондагон ва вайрон гаштани шаҳрҳои ободу фирорӣ шудани шумораи зиёди аҳолии давлатҳои сайёра гаштааст, ҳар фарди солимфикрро бетараф гузошта наметавонад.

Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва ташвишовар  ин зиддиятҳои гурӯҳҳои ифротгарои қавмӣ ва мазҳабӣ мебошад, ки имрӯз бисёр давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳоеро, ки аксари аҳолияшон мусулмонҳо мебошанд, ба ташвиш овардааст.

Маълум аст, ки иштирокчиёни чунин муноқишаҳо дар бисёр маврид ҷавонон мебошанд, ки бо  ин ҳаракатҳои зиддиинсонӣ на ба як ё ду давлати ҷаҳон таъсири манфии худро мерасонанд, балки ба тамоми давлатҳои кураи  саёраи мо хатари ҷиддӣ доранд.  

Гурӯҳҳои террористи тахрибгар  бештар ҷавононро ба коми худ мекашанд, ки ин омил моро бетараф гузошта наметавонад. Зеро дар чунин муноқишаҳои мазҳабӣ айни ҳол дар мамлакатҳои Сурия, Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бархе аз ҷавонони гумроҳгаштаю камхирад  ширкат варзида истодаанд, ки  боиси марги шумораи зиёди онҳо гаштааст.

Аз рӯи таҳлилҳо  сабабҳои пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ  дар солҳои охир ба омилҳои зерин вобастагӣ дорад:

1.Омилҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ — яъне гурӯҳи муайяни ҷавононе, ки дар чунин ҳизбу ҳаракатҳо иштирок меварзанд, шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ниҳоят паст дошта, аз қонунгузории дохилии  давлати худ воқиф нестанд ва кирдори ҷиноии худро, ки боиси марги дигар инсонҳо мегардад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ  ва сиёсӣ баҳо дода наметавонанд ва дар натиҷа нуфузи миллату давлати худро аз ҷиҳати сиёсӣ дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон коста мегардонанд. Чунин ҷавонон аксаран ҳисси миллӣ ва хештаншиносии комил низ надошта, ба анъанаҳои неки аҷдодони худ арҷ гузошта наметавонанд.

2.Омилҳои динӣ — сабаби пайвастани ҷавононро аз рӯи омили мазкур ба якчанд гурӯҳҳо ҷудо намудан мумкин аст:

а) Маълумоти пурраи динӣ надоштан ва воқиф набудан аз асли ислом (яъне надонистани Қуръон, Ҳадис ва аҳкоми шариати ислом);

б) Таҳсили ғайриқонунӣ ва нодурусти исломӣ дар муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷие, ки кирдорҳои террористӣ ва экстремистиро дар асоси сармояи хориҷии маҳз ба ин мақсадҳо ҷудошуда  тарғиб менамоянд;

в) Дар рӯҳияи ҷавонон тарғиб намудани идеологияи нодуруст аз ҷумла, фаҳмиши нодурусти оятҳои Қуръон, Ҳадисҳои Пайғамбари ислом ва фатвоҳои уламои ислом оид ба ҷиҳод.

3. Омили иҷтимоӣ-пайвастшавӣ аз рӯи омили мазкур дар он зоҳир мегардад, ки бархе аз ҷавонон аз сабаби мавқеи иҷтимоии  пурраи худро дар  байни аъзои ҷамъият муайян карда натавонистан, инчунин бо сабаби заифии ақл ва ё дар кофтукови ҷиноӣ қарор доштанашон ҳаёти минбаъдаи худро дар чунин гурӯҳҳои ҷиноӣ мебинанд.

4. Омилҳои иттилоотӣ –ин омил дар солҳои охир ҷавононро бештар ба худ ҷалб намуда, сабабгори ҷалби шумораи зиёди ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳз тавассути сомонаҳои иттилоотии тарғибгари кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ гаштааст. Шахсони манфиатҷӯ маҳз тавассути чунин сомонаҳо ҷавонони ноогоҳро бо роҳи фиреб, яъне ваъдаҳои дурӯғ, оид ба  ҷои кори арзанда ва маблағҳои калони пулӣ ба худ ҷалб намуда, сипас онҳоро бо роҳи фиреб ба амалиётҳои мусаллаҳона ба давлатҳои Сурия, Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол медиҳанд.

 Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро,  бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи  Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

                                                                   Сулаймон Дӯстов,

                           асситенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ,  молиявӣ ва                         зиддикоррупсионии ДДМИТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *