“Достони писари муаллим”. Порча аз китоби Шариф Ҳамдампур

«Достони писари муаллим» на танҳо як зиндагинома, балки дарси ибрат, ифтихор ва садоқат ба меҳнату ватан аст. Муаллиф бо як шеваи муассир ҳаёти Гул Шералиро аз айёми кӯдакӣ дар деҳаи Олучадара, шикасту бурдҳои ӯ дар роҳи донишандӯзӣ, муборизаҳои шадид барои ба даст овардани муваффақият ва саҳмаш дар рушди энергетика, саноат ва мелиоратсияро ба риштаи тасвир мекашад. Ҳар саҳифаи он шоҳиди заҳмат, иродаи қавӣ ва садоқати қаҳрамон ба халқу диёр аст. Китоб дар худ лаҳзаҳои таъсирбахши муҳоҷират аз деҳа, мубориза барои таҳсил, кор дар Фархор, Данғара ва Душанбе, сохтмони каналҳо, эҳёи заминҳои ташналаб ва нақши ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои стратегиро таҷассум мекунад. Ин асар дар баробари ёддоштҳо, раҳнамо барои насли ҷавон аст.

Муқовимат ба буҳрони энергетикӣ

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бо мушкилоти шадиди  энергетикӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин мушкилот асосан аз қатъи робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва пошхӯрии системаи ягонаи энергетикӣ бархоста буданд. Тоҷикистон, ки бо захираҳои гидроэнергетикии худ дар замони шӯравӣ ҳамчун яке аз таъминкунандагони калидии барқ дар минтақа шинохта мешуд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид.

Дар давраи шӯравӣ Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар доираи системаи ягонаи энергетикӣ ҳамкорӣ мекарданд. Ин ҳамкорӣ ба кишварҳо имконият медод, ки вобаста ба мавсим дастрасӣ ба барқро барои якдигар таъмин кунанд. Дар тобистон, вақте ки дар Ӯзбекистон истгоҳҳои ҳароратии барқӣ таъмир мешуданд, Тоҷикистон бо истифода аз оби зиёди неругоҳҳои худ барқи зиёдатиро содир мекард. Дар зимистон, баръакс, вақте ки сатҳи об дар дарёҳо коҳиш меёфт, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мегирифт. Ин низом на танҳо тавозуни энергетикиро дар минтақа таъмин мекард, балки барои рушди иқтисод ва зиндагии мардум низ мусоидат менамуд.

Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳамкориҳо қатъ шуданд. Ҳар кишвар кӯшиш мекард, ки системаи энергетикии худро мустақилона идора кунад. Аммо барои Тоҷикистон, ки иқтисоди он асосан аз содироти алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ вобаста буд, аз даст додани ин ҳамкориҳо оқибатҳои ҷиддӣ дошт. Иқтидори гидроэнергетикии кишвар, ки асосан аз неругоҳҳои обии барқӣ, мисли «Норак» ва «Бойғозӣ» иборат буд, барои таъмини доимии эҳтиёҷоти дохилӣ кофӣ набуд. Ин мушкилот боиси буҳрони шадиди энергетикӣ гардид.

Дар соли 2006, вақте ки Гул Шералӣ вазири энергетика ва саноат таъйин шуд, кишвар бо норасоии ҷиддии барқ рӯ ба рӯ буд. Тақрибан 70%-и аҳолии кишвар дар фасли зимистон бо қатъи доимии барқ рӯ ба рӯ мешуданд. Истеҳсоли барқ, ки асосан ба гидроэнергетика такя мекард, аз мавсимият сахт вобаста буд. Инфрасохтори энергетикӣ, ки аз замони шӯравӣ фарсуда шуда буд, дигар қобилияти интиқоли барқи кофиро надошт.

Гул Шералӣ масъулияти роҳбарии соҳаи энергетикаро дар чунин шароити душвор ба дӯш гирифт. Ӯ ба барқарор кардани устувории энергетикӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар давраи авҷи буҳрони энергетикӣ бо роҳбарии ӯ ва ҳидояти роҳбари давлат 220 стансияи хурди барқӣ дар минтақаҳои дурдаст бунёд шуданд. Ин иқдом ба коҳиш додани вобастагии маҳалҳо аз шабакаҳои марказии барқ мусоидат намуда, шароити зиндагии мардумро беҳтар кард. Ҳамчунин, сохтмони хати интиқоли 500-киловатаи «Шимол-Ҷануб» дар давраи роҳбарии ӯ оғоз ёфт. Ин хати интиқол на танҳо робитаи энергетикии байни минтақаҳои кишварро мустаҳкам намуд, балки интиқоли устувори неруи барқро ба минтақаҳои ниёзманд таъмин кард.

Ҳамзамон, Гул Шералӣ ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд дод. Хатҳои интиқоли барқи кӯҳна таҷдид ва системаи тақсимоти барқ бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардиданд. Ин тадбирҳо ба коҳиши талафоти барқ ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти энергетикӣ мусоидат карданд.

Масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ низ аз ҷониби Гул Шералӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардид. Ӯ барномаҳои ҳавасмандгардонӣ барои истифодабарандагонро ҷорӣ намуд, ки ба сарфаи неруи барқ дар системаи энергетикӣ мусоидат карданд.

Тадбирҳои андешидашуда на танҳо ба беҳбуди таъминоти неруи барқ кумак карданд, балки ба рушди иқтисодиёти кишвар низ такони мусбат бахшиданд. Бо роҳи муттаҳидсозии захираҳо ва шарикони байналмилалӣ, Шералӣ Гул тавонист заминаи рушди устуворро дар соҳаи энергетика гузорад.

Яке аз қадамҳои аввалини ӯ ин буд, ки бо дастур ва ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-и “Роғун”-ро ба маркази стратегияи энергетикии кишвар табдил диҳад. Ин лоиҳа, ки ҳамчун калиди истиқлолияти энергетикӣ барои Тоҷикистон шинохта мешуд, дар давраи роҳбарии ӯ ба марҳилаи нав ворид гардид. Шералӣ Гул бо талошҳои худ тавонист дастгирии дохилӣ ва байналмилалиро барои ин лоиҳа таъмин кунад.

Ҷанги ирода: Бунёди “Сангтӯда-1”

Дар фасли сарди зимистони соли 2006, вақте ки Тоҷикистон бо буҳрони шадиди энергетикӣ рӯ ба рӯ буд, умеди мардум ба сохтмони неругоҳи “Сангтӯда-1” равона шуд. Ин лоиҳа, ки таҳти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия сурат мегирифт, метавонист роҳи ҳалле барои кам кардани бебарқӣ ва наҷоти кишвар дар вазъияти ногувор гардад. Аммо монеаҳои ҷиддии молиявӣ ва таъхирҳо дар маблағгузории Русия ба пешрафти сохтмон таҳдид мекарданд. Дар ин замина, нақши вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул ҳамчун роҳбаре, ки ба ҳалли масъала бо ҷиддият ва устуворӣ муносибат намуд, калидӣ буд.

Аҳолии кишвар, ки аксарият дар фасли сармо бе неруи барқ монда буданд, дар шароити тоқатфарсо зиндагӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, корҳои сохтмонии “Сангтӯда-1” бо суръати паст идома доштанд. Қарор буд, ки ин неругоҳ ба як манбаи асосии барқ табдил ёбад, аммо маблағгузории номуназзам аз ҷониби Русия боиси таъхир мегардид.

Президенти Тоҷикистон, ки вазъиятро бо ҷиддият назорат мекард, Шералӣ Гулро ба мулоқот даъват намуд. Дар як гуфтугӯи ҷиддӣ ва кӯтоҳ Президент ба ӯ бо қатъият фармон дод: «Масъалаи “Сангтӯда-1” бояд ҳоло ҳал шавад. Неругоҳ на танҳо барои иқтисод, балки барои зиндагии мардум аҳамияти ҳаётӣ дорад».

Гул Шералӣ, ки моҳияти супориши Президентро хуб дарк мекард, фавран ба амал гузашт. Вай аз утоқи кории Президент рост ба дафтари кории худ рафт ва бо вазири энергетикаи Русия Анатолий Чубайс тамос гирифт. Дар як суҳбати кӯтоҳ ӯ зарурати мулоқоти оҷили шахсиро шарҳ дод. Чубайс, ки сахт машғули кор буд, танҳо барои субҳи рӯзи дигар, соати 9:00 вақт ҷудо кард.

Гул Шералӣ аз утоқи кориаш рост ба фурудгоҳ рафт ва бо нахустин парвоз худро ба Маскав гирифт. Ҳар лаҳза барои ӯ арзишманд буд, зеро мардуми Тоҷикистон аз сардиҳои зимистон ранҷ мебурданд.

Баробари ба Маскав расидан, Гул Шералӣ рост ба идораи Чубайс рафт. Дар фазои расмӣ, вале пуршиддат мулоқоти ду вазир оғоз шуд. Гул Шералӣ бо далелҳо ва омори дақиқ вазъи буҳронии энергетикии Тоҷикистонро шарҳ дод. Вай аз Чубайс талаб кард, ки маблағгузорӣ ба «Сангтӯда-1» зудтар таъмин карда шавад. Бо суханони қотеъ ӯ гуфт: «Ҳар рӯзи таъхир барои мо як ҳафтаи сармо ва торикӣ барои мардум аст. Тоҷикистон наметавонад ин вазъиятро бештар таҳаммул кунад».

Чубайс, ки зери таъсири қатъият ва далелҳои Гул Шералӣ қарор гирифта буд, фавран масъулони сохтмони неругоҳро даъват намуд. Вай ба онҳо супориш дод, ки маблағгузорӣ тезонида шавад ва тамоми кори сохтмон бо авлавияти баланд иҷро гардад. Ҳамчунин, дастур дод, ки масъули бахши сохтмони “Сангтӯда 1”-и вазорат фавран ба Тоҷикистон сафар кунад ва сохтмонро таҳти назорат гиранд.

Пас аз анҷоми мулоқот Гул Шералӣ ҳатто лаҳзае барои дамгирӣ вақт надошт. Ӯ аз Маскав ба Душанбе парвоз кард ва бо фуруд омадан, рост ба идора рафта, ба Сарвазир ҳисобот дод: «Супориш иҷро шуд. Маблағгузорӣ таъмин гардид ва сохтмон идома хоҳад ёфт».

Ин лаҳза на танҳо як комёбии шахсӣ барои Гул Шералӣ буд, балки умеди наве барои мардуми Тоҷикистон ва қадами бузурге дар роҳи ба анҷом расонидани “Сангтӯда-1”.

Бо барқарор шудани маблағгузорӣ, корҳои сохтмони “Сангтӯда-1” суръат гирифтанд. Дар соли 2008 агрегати аввал ба истифода дода шуд ва дар соли 2009 неругоҳ пурра фаъол гардид. Бо иқтидори 670 МВт, “Сангтӯда-1” ба яке аз манбаъҳои асосии неруи барқ дар кишвар табдил ёфт.

Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки бо иродаи қавӣ, роҳбарии самаранок ва амалҳои фаврӣ ҳатто мушкилоти бузургро низ метавон ҳал кард. Шералӣ Гул на танҳо як роҳбар, балки як дипломати устувор буд, ки дар ин лаҳзаҳои душвор масъулиятро бар дӯш гирифта, барои мардуми худ хидмат кард. «Сангтӯда-1» ҳамчун рамзи дӯстии Тоҷикистону Русия ва иродаи мардум барои пирӯзӣ бар мушкилот боқӣ хоҳад монд.

«Сангтӯда-2»:

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкори стратегӣ 

Лоиҳаи “Сангтӯда-2” яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегии энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба ҳисоб меравад. Ин неругоҳи барқӣ на танҳо барои таъмини энергияи кишвар аҳамияти калон дорад, балки инчунин, намунаи ҳамкории муваффақи ду давлат — Тоҷикистон ва Эрон мебошад. Вижагии ин лоиҳа дар он аст, ки он аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва геополитикӣ дорад ва ба унвони рамзи дӯстӣ ва бародарии байни ду халқ, ки таърих ва фарҳанги ҷудонопазир доранд, эътироф гардидааст.

Тарҳрезии неругоҳи “Сангтуда-2” дар аввалҳои солҳои 1980 оғоз ёфт. Ин неругоҳ дар водии Вахши вилояти Хатлон, 120 км дур аз Душанбе ҷойгир аст ва бо иқтидори 220 МВт рушди энергетикии кишварро замина гузошт. Лоиҳа бо кумаки молии Эрон ба андозаи 180 миллион доллар ва ҳиссаи Тоҷикистон 40 миллион доллар роҳандозӣ шуд. Лоиҳа дар соли 2006 оғоз ёфта, баъд аз чандин соли таъхир, дар моҳи сентябри соли 2011 агрегат ё мошинаи барқи аввалини он ба кор андохта шуд.

Дар пайи пешрафтҳои назаррас, 9-уми сентябри 2014, дар маросими расмии видеоконфронсии президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Рӯҳонӣ агрегат (мошинаи барқӣ)-и дуюми “Сангтӯда-2” ба кор шуруъ кард. Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки ин лоиҳа аҳамияти стратегӣ дорад, ба рушди иқтисоди кишвар кумак хоҳад кард ва ба манфиати мардуми Тоҷикистон аст. “Сангтӯда 2” ҳамчунин рамзи бародарии амиқ ва мустаҳками байни Тоҷикистон ва Эрон аст, ки нақши муҳим дар рушди энергетика дорад.

Гул Шералӣ, ки дар он замон вазири энергетика ва саноат буд, дар сохтмони “Сангтӯда-2” нақши калидӣ дошт. Ӯ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои мутааллиқи ду кишвар ва таъмини дастгоҳҳои лозима аз кишвари сеюм хизматҳои барҷастаро анҷом додааст. Вай ҳамчун вазир масъулияти интихоби агрегатҳо, назорати сифати кор ва таъмини хидматрасониҳои инженериро аз аввал то анҷоми кор бар уҳда дошт ва ҳамеша дар ҳалли масъалаҳои техникӣ ва назорати иҷрои тарҳ кумак мекард, барои тезонидани иҷроиши тарҳ бо Эрон мусоидат менамуд.

Бардошт аз хотираҳо

Шариф Ҳамдампур: Аз нигоҳи шумо, “Сангтӯда-2” дар рушди энергетикӣ ва иқтисодии Тоҷикистон чӣ нақше дорад?

Гул Шералӣ: Лоиҳаи “Сангтӯда-2” барои Тоҷикистон аҳамияти хеле калон дорад. Ин неругоҳи барқӣ дар якҷоягӣ бо “Сангтӯда-1” қисми асосии хати таъмини энержии кишварро ташкил медиҳад. Мо бояд вобастагии мамлакатро аз манбаъҳои хориҷӣ коҳиш диҳем ва “Сангтӯда-2” имкон медиҳад, ки як бахши назарраси талаботи энергетикии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад. Илова бар ин, истеҳсоли барқ дар дохили кишвар ба рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва истеҳсолот таъсири мусбат мерасонад.

Шариф Ҳамдампур: Дар раванди иҷрои лоиҳаи “Сангтӯда-2” шумо бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ шудед?

Гул Шералӣ: Мушкилоти асосӣ на танҳо техникӣ, балки сиёсӣ ва иқтисодӣ низ буд. Дар солҳои 90-ум, ҳангоми таҳияи лоиҳа ва оғози сохтмон, мо бо вазъи ноороми сиёсӣ ва мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шудем. Илова бар ин, дар раванди сохтмон ва пурра ба кор даровардани агрегатҳо, бояд авзои глобалӣ ва минтақавиро низ ба эътибор мегирифтем, ки ин монеаҳои зиёдеро эҷод мекард. Бо вуҷуди ин, бо кумаки Эрон ва шарикони байналмилалӣ мо тавонистем ин мушкилотро пушти сар кунем.

Шариф Ҳамдампур: Лоиҳаи “Сангтӯда-2” барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа чӣ аҳамият дорад?

Гул Шералӣ: “Сангтӯда-2 як манбаи муҳими таъмини барқ дар минтақа хоҳад буд. Вақте неругоҳи барқӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори 220 МВт мавриди истифода қарор мегирад, имконияти содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон пайдо мешавад. Ин ба рушди тиҷорат ва ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Шариф Ҳамдампур: Нақши Эрон дар лоиҳа чӣ гуна аст?

Гул Шералӣ: Эрон нақши муҳим ва стратегӣ дар татбиқи лоиҳаи «Сангтӯда-2» дошт. Онҳо бо сармоягузории 180 миллион доллар сохтмони асосии неругоҳро ба зима гирифтанд. Ин ҳамкории ду давлат санади муҳими сиёсию иқтисодӣ аст, ки на танҳо дӯстии байни ду халқро таҳким мебахшад, балки барои рушди муносибатҳои кишварҳои минтақа низ мусоидат мекунад.

Шариф Ҳамдампур: Агар мушкилоти энергетикӣ ҳал шавад, чӣ тасмимҳои иловагӣ гирифта метавонем?

Гул Шералӣ: Агар мушкилоти энергетикӣ пурра бартараф гардад, кишвар метавонад инфрасохтори энергетикӣ ва иқтисодиёти худро устуворона рушд диҳад ва дар содироти барқ мавқеи калидӣ пайдо кунад. Ин омил инчунин ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Марде дар хиёбони Рӯдакӣ

Марде дар хиёбони Рӯдакӣ оҳиста қадам мезад. Аз тарзи ҳаракаташ маълум буд, ки зонуҳояш дигар қуввати пешина надоштанд. Ӯ ба манзараи дигаргуншудаи Душанбе менигарист — шаҳре, ки сол ба сол симои нав мегирад.

Абрҳои сабуки тирамоҳӣ дар осмони софи пойтахт шино доштанд. Офтоб нарму гарм нур мепошид. Насиме, ки аз ҷониби Варзобдара мевазид, мӯйҳои ӯро бо мулоимӣ сила мекард. Назараш ба гурӯҳи сайёҳон афтод, ки барги зарди дарахтонро аксбардорӣ мекарданд — баргҳое, ки дар зери нурҳои офтоб ҷилои зарҳалӣ доштанд.

Ӯ Гул Шералӣ буд. Ҳеҷ ҷойе барои шитоб надошт. Танҳо мехост манзараи зебои Душанбе, кӯчаҳои равшан ва боғҳои гулпӯшро тамошо кунад. Баргҳои зардшуда ва гулҳои хазон хаёлашро ба гузаштаи дур бурданд — ба он рӯзҳое, ки нахустин бор ба Душанбе омада буд.

Ба ёдаш омад, ки ҳар субҳ, ҳанӯз пеш аз тулӯи офтоб, нигоҳе ба чеҳраҳои кӯдакони хобидааш меафканд ва сипас роҳи корхонаро пеш мегирифт. Он вақт хиёбонҳо танг буданд, биноҳои кӯҳнаи се-чорошёна бо рангҳои парида дар ҳар канор қомат афрохта буданд. Аммо ҳоло…

Ҳоло Душанбе дигар буд. Биноҳои серошёна, кӯчаҳои васеъ ва шабонгаҳ чароғон симои шаҳрро комилан тағйир дода буданд. Ногоҳ нигоҳаш ба бинои муҳташаме афтид, ки санъати меъмории муосирро таҷассум мекард.

«Ҳамин чанд сол пеш,- андешид ӯ,- оё касе бовар мекард, ки Душанбе чунин манзараи бошукуҳ дошта бошад, ки ҳатто Манҳеттон ё Дубайро ба ёд орад?».

Дар вуҷудаш эҳсоси ифтихори амиқ пайдо шуд. Ӯ медонист, ки ин ҳама натиҷаи талош ва иродаи сахти мардум ва шаҳрдорӣ дар шароити душвори иқтисодӣ аст. Душанбе дигар шаҳре буд, ки бо тамоми ҳастияш онро дӯст медошт.

Вай рӯи хараки гулгашт нишаст. Боди нарме барги зарди дарахтонро ба ҳаракат медаровард, чанде аз онҳо дар рӯи курсие, ки менишаст, алвонҷзанон фурӯ меомаданд. Ҳаво ором буд, гӯё шаҳр низ ба мисли ӯ дар андеша ғарқ шуда буд.

Шералӣ нигоҳашро аз роҳе, ки чанд лаҳза пеш он ҷо қадам мезад, бардошта, ба самти офтоб нигарист. Нури заифи офтоби тирамоҳӣ ба сари сафедгаштаи ӯ меафтод. Вай танҳо буд. Аммо танҳоӣ ӯро наметарсонд. Баръакс, ӯро ба дунёи хаёлот фурӯ мебурд.

Дар дил суолҳо пайдо мешуданд, суолҳое, ки ҷавобашонро танҳо замон медонист.

Чӣ тавр ин ҳама зуд гузашт? Кай кӯдаконаш бузург шуданд? Чаро ҳоло онҳо мисли худи ӯ дар ҷавониаш, саргарми кору зиндагӣ ҳастанд ва вақт надоранд, ки мисли солҳои кӯдакиашон дар атрофаш парвона гарданд?

Ӯ табассуме кард. Чунон ки замон ӯро шуғли зиндагӣ дода буд, фарзандонаш низ ҳамин роҳро тай мекарданд. Вай онҳоро бо меҳнат тарбия карда буд, ба онҳо омӯхта буд, ки ҳаёт саҳнаи омодагӣ ба оянда аст. Ва акнун ҳар яке роҳи худро дошт.

Ӯ ба назди тирезаи хотираҳо баргашт. Дар пеши назар хонаи хоксоронаи он солҳо зуҳур кард — утоқи танг, ки дар гӯшае гаҳвораи кӯдакаш меистод. Ҳар саҳар пеш аз ба кор рафтан, аз хоб бедор ки мешуд, кӯдаконашро бодиққат нигоҳ мекард, гӯё мехост ин симоҳоро дар ёдаш абадан сабт кунад. Пас, бо як ҷаҳон орзу дар дил, роҳ сӯи корхона мегирифт.

Шералӣ сар ҷунбонд ва табассуме кард. Вай наметавонист вақтро боздорад. Лекин метавонист ба фарзандонаш, ба онҳое, ки ҳоло бо шитоб қадам мезаданд, бигӯяд:

— Шитобон нагузаред. Лаҳзаҳоро эҳсос кунед. Чизе, ки дирӯз буд, дигар намеояд.

Вай аз ҷояш хест. Ин дам, ки ман ҳаракатҳояшро аз дур назорат мекардам, ба вай наздик шудам.

— Салом, ҷаноби вазир.

Ӯ бо табассуми ороме сари худро боло кард.

— Салом. Ман вазир нестам. Шумо кистед?

— Ҳамдампур. Вазир ҳам набошед, барои мо вазир ҳастед.

Ӯ маро шинохт ва сар ҷунбонд.

— Раҳмат. Куҷо шудӣ, камнамоӣ?

— Ҳаминҷо. Мегӯянд, фардо бароятон рӯзи саид аст.

— То фардо Худо подшоҳ. Ҳамин дам ғанимат.

Ба чеҳрааш менигарам. Ҳамоно пурнур, нигоҳаш пурвиқор, лабонаш сухансанҷ.

— Чанд сол вазири энергетика ва саноат будед?

— Аз моҳи декабри соли 2006 то ноябри соли 2013.

— Аз кори кардаатон қаноатманд ҳастед?

Ӯ лаҳзае сукут кард, сипас бо оҳанги мулоим гуфт:

— Дар ҳамон шароит, ҳамон шабу рӯз қаноатманд будам. Ҳоло мебуд, не. Зеро вазъият, талабот дигар аст. Ҳавоя дида, ғӯза кашидан лозим.

— Ҳоло ки шумо ба гузашта назар мекунед, оё аз чизе пушаймонед?

— Пушаймонӣ маъно надорад. Зиндагӣ мисли рӯд аст — ҷорист ва ақиб гаштанро намедонад. Бале, шояд метавонистам вақти бештарро бо оилаам гузаронам, шояд метавонистам чизҳои бештар омӯзам. Вале ман меҳнат кардам, фарзандонро ба воя расондам, ба ҷомеа хидмат кардам.

Имрӯз, вақте ки ба шаҳр, ба одамоне, ки дар ин кӯчаҳо қадам мезананд, менигарам, медонам, ки ман низ як қатраи хурд дар ин баҳри бузург ҳастам.

— Шумо ба фарзандон ва ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳед?

— Ба инсонҳо бо эҳтиром муносибат кунед. Ҳар касе, ки имрӯз дар атрофи шумост, шояд фардо набошад.

Тафсилоти бештар дар шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *