Эмомалӣ Раҳмон кист? Асноде, ки чун нафаси масеҳӣ кӯрро бино, карро шунаво мекунанд

Ба дӯши марди 40-сола афтодани гиреҳи мушкилоти миллати куҳанбунёд сарнавишт аст. Сарнавиште, ки талху ширин ва марбути ҳушмандию сарҷамъии ҳар миллат мебошад.

Оғози асри 20 миллати тоҷикро ғафлатзада дарёфт. Ғафлатзадаи мазҳаби бегона, ғафлатзаи “раҳнамоӣ”-и ҳадафмандонаи пантуркӣ зери ҷомаи ҷадидӣ. Тоҷик аз ғафлатзадагию гаронхобӣ замоне бедор гашт, ки давлату савлаташ аз даст рафта буд.

Дер шуда буд.

На ҳар чӣ дер омад, шер омад.

Ибтидои асри 21 чун асрҳои қаблӣ оғози нооромиҳо буд. Таърих гувоҳ аст, ки нооромӣ миллати солеҳро сарҷамъ ва қавми парешонро раҳгум мезанонад. Куҳанбунёдӣ ҳарчанд хирад аст, вале чун куҳансолӣ коҳилист. Пош хӯрдани империяи бузурги СССР боз ҳам тоҷикро ғафлатзада дарёт. Боз ҳам он чӣ тӯли 70 соли давлатдории Шӯравӣ ҷамъ оварда буд, аз даст дод. Миллатҳои солеҳ лаҷоми давлатдорӣ ба даст гирифтанд. Қавми парешон парешонтар гашт. Тоҷикон савори аспи ҷаҳолати маҳалгароӣ шуданд. Он офате, ки ибтидои асри 20 бар сари тоҷикон омада буд, ибтидои асри 21 такрор ёфт. Дар ин марҳалаи тангу нангу ҳассос, ки ҷуръату мардонагӣ мехост, дирафши ковиёнӣ ба дасти ҷавони 40-сола афтод.

Ин сарнавишт буд.

Сарнавишти миллат ва сарнавишти оне, ки сарварии давлатро ба дӯш гирифт.

Дар ин миён 30 сол сипарӣ шуд. Ҷавони 40-сола қадами муборак ба 70 гузошт.

Ӯ кист ва чӣ нақше дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон дошту дорад?

Соли 1992. Ҳар лаҳза вазъ дигар мегашт. 16-уми ноябр эълон гаштани Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд умед дар баҳри ноумедиҳо буд. Дар Қасри Арбоб аз 230 депутат 197 нафар ҷамъ омаданд, 25 депутат аз иштирок дар он саркашӣ карданд. Саворагони аспи мансаб пой аз рикоб кашиданд, худро канор гирифтанд. Шояд онҳо рӯзеро интизор буданд, ки ҷон дар кафи даст рафтагон мегӯянд: “Мо натавонистем, шумо акнун кунед!”.

Онҳо дарёфтанд, ки ғалат карданд.

Вале дер шуда буд.

Вақт чун ситораи парон аз канорашон гузашта буд.

Дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯро (Сарвар) интихоб карданд. Ба истилоҳ ӯро савори аспе карда буданд, ки на зин дошту на лаҷом. Ӯро сари чамбари мошине нишонданд, ки ғарқи оташ буд. Ӯ мошинро аз сӯхтан, нестӣ наҷот дод. Даст ба давлатсозӣ зад. Собит сохт, ки тоҷик давлатсоз аст. Баъд аз 1000 сол дубора парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои асри ХХ1 ба ҷилва даромад. Баъд аз гузашти солҳо собиқ Вазири амнияти Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров дар як мусоҳибае бо рӯзномаи “Тоҷикистон” мегӯяд: “Агар Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт, онро тақсим мекарданд, пора — пора мешуд, миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ несту нобуд мегашт. Президент давлат сохт, миллат сохт. Тоҷикони боақл бояд атрофи ӯ муттаҳид шаванд, кишварашонро ба касе бовар накунанд”.

Таърих пешвоёнро ба миён меорад.

Пешвоён таърих меофаранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қарор гирифт.

Аз умри ҷавони 40-сола 30 соли дигар сипарӣ шуд. Ӯ ба камолоти 70 расид. Дар ин муддат чӣ ифтихороте насибаш гашт? Чӣ меросе аз худ боқӣ мегузорад?

9 фарзанди баркамол, ки ҳар кадом ҷойгоҳи худро доранд.

Давлати тозабунёди соҳибистиқлол, ки аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ, порашавӣ наҷот дод, захмҳояшро тадовӣ кард, камолот бахшид, шуҳрати ҷаҳонӣ дод, соҳиби дастовардҳо намуд, нисбаташ амалеро ба анҷом расонид, ки имрӯз ҳар зодаи кишвар бо ифтихор мегӯяд:

— Ман тоҷикистониям!

Аммо ҳастанд ҷомаи душманӣ ба бар кардагон, ки аз пасу пеш садояшон ба гӯш мерасад:

— Ку дастовардҳо?

Бале, ку дастовардҳо? Барои онҳое, ки дидаву худро ба нодида мезананд:

Муҳандиси

истиқрори сулҳ,

Ваҳдати миллӣ,

таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон кист?

Оташи ҷанги шаҳрвандиро кӣ хомӯш кард?

Муаллифи шиори «То охирин тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором нахоҳам буд!» кист?

Кист оне, ки 5 маротиба ҷон дар кафи даст сафари Афғонистон ихтиёр кард ва бо сарварони мухолифин, руъасои Афғонистон, намояндагони кишварҳои миёнарав ва созмонҳои байналхалқӣ мулоқот намуд?

Посухи ин саволҳоро аз забони Шоири халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, Қаҳрамони меҳнат Расул Ғамзатов шунавед: “Фақат ҷанг набошад, шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад… Соли 2003”.

Таваҷҷуҳ кунед ба суханони собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Раман Нараянан: ”Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба таҳайюр гузошт. Соли 2001”.

Ғубори вақт ҳақиқати зиндагиро зери чанг пинҳон мекунад. Афсӯс, ки осори ҷанги шаҳрвандиро, ҷуз синаи пурзахми волидон, зери бунёдкориҳо пинҳон кардем. Шояд музейи зиндае аз харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ мегузоштем, ки насли имрӯзу фардо ба қадри ҷонфидоиҳои падарон мерасиданд ва мисли Саид Ҷалоли Бадахшонӣ, Раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир андеша меронданд, ки гуфтааст: “Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакатеро, ки ҷанг фаро гирифта буд, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раисҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро, ки таҳти роҳбарии ишон ин матлаб дуруст шудааст. Соли 2002”.

Эмомалӣ Раҳмон ба сухани худ содиқ монд, охирин тоҷикро ба Ватан баргардонд, дар кӯтоҳтарин муддат оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон хомӯш кард. Институтҳои байналмилалӣ таҷрибаи Тоҷикистонро дар хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар арсаи ҷаҳон дастоварди бузургу беназир меҳисобанд ва барои татбиқ дар кишварҳои ҷангзада тавсия медиҳанд. Баргардонидани гурезаҳо шамшери заҳрогини онҳоеро, ки мақсадашон пора ва тақсим кардани Тоҷикистон буд, шикаст, баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ба бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи устувор гузошт.

Ақли солим метавонад ин ҳамаро инкор кунад?

“Девона мебояд буд, ки ин ҳамаро бинию худро ба нодида занӣ!”,- мегӯяд Киштӯдӣ.

Муҳандиси аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистон кист?

Бунёди нақбу шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Хоруғ рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва рушди он аст. Сохтмони ин ду иншоот армони деринтизори сокинони вилоятҳои Суғду Бадахшон ва тамоми мардуми Тоҷикистон буданд, ки ҳатто давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ натавонист онҳоро бунёд кунад.

29-уми январи соли 1999 сари саркаши “Девдара”-ро хам карда, вилояти Бадахшонро, ки ҳамасола шаш моҳ аз маркази ҷумҳурӣ канда буд, бо Душанбе пайвастан ба дандон рахна аз фӯлод кардан буд.

Ифтитоҳи нақби “Истиқлол” 23-юми марти соли 2006 аз ҷониби президентҳои Тоҷикистон ва Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Аҳмадинажод китоби нотакрори таърих боқӣ мемонад.

Бунёди НБО «Роғун» дастовардест, ки аз доираи манфиатҳои як миллат, як давлат берун меравад. Он баёнгари қудрати мағз ва бозувони инсон аст, ки аспи саркаши ҳӯйро лаҷом зад ва саворӣ сохт. НБО «Роғун» тарҳи нотакрор дар ҷаҳон аст. Замон ва шароити бунёди он ҳам нотакрор аст. Ҷаҳоне мухолиф, ҷаҳоне тамошо дошт, ки ин абармард чӣ гуна тани танҳо кореро анҷом медиҳад, ки аз тавони инсон берун аст. Ӯ донист, ки шикасти НБО «Роғун» шикасти як рукни Истиқлоли давлати тоҷикон аст.

Ба фишори ғараздорони хориҷу кӯтоҳназарони меҳанситез тоб овард, иншоотеро, ки бунёдаш қаҳрамонист, роҳандозӣ намуд.

НБО «Роғун» дастоварди бузурги аср аст. Он тавре аз забони бунёдгузори он садо дод: «Корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокорӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст!».

Маҳз “Роғун” замина гузошт, ки Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба давлати саноатӣ табдил дода шавад. Эълони панҷсолаи саноатӣ гардонидани Тоҷикистон аз ду ҷиҳат муҳим аст: ҷаҳиш дар иқтисодиёт ва таҳаввулот дар тафаккури мардумро ба бор меоварад. Куҳҳои пур аз маъдан, конҳои бузург манбаи рушди саноатанд. Захираҳои табиӣ заминаи бузург барои саноатигардонии Тоҷикистон мебошанд. Тавассути саноатигардонӣ барои зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон истифода намудани захираҳои табиӣ дастоварди бузург маҳсуб меёбад.

Ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор донистани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур нишони қаҳрамонӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, эҷодкорӣ, дар талоши пойдории миллат, таъриху фарҳанги он аз худ гузаштану ба ҳадаф расидани фарзандони фарзонаи миллат, ҳидоят ба фидокорӣ дар роҳи таъмини озодӣ ва истиқлолу пойдории  давлати тоҷикон аст.

Лоиқи бузург фармудааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Гумон меравад ин аснод (хӯшаҳо аз хирмани дастовардҳо) нафаси масеҳиянд, ки чашми кӯрро бино, гӯши карро шунаво мекунанд.

Шояд кифоя нест?

Пас бишнавед, ки Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, ки ҳар кадоми мо бо ӯ ифтихор дорем, чӣ мегӯяд: “Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст”.

70-солагӣ муборак, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!

Шариф ҲАМДАМПУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.