Фазиатгуҳаре, ки ба хориву зорӣ ҷон бохт

Аз силсилаи чеҳраҳои мондагори илму адаби тоҷик РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲИ БУХОРОӢ (солҳои 1817–1894)

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ соли 1817 милодӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Баъд аз таҳсили мадраса таҳсилро дар дабиристони қориён идома дода, дараҷаи қоригиро сазовор мешавад. Устоди мадрасавиаш Домулло Ҳоҷибойи Хуҷандӣ буд. ӯ аз илмҳои зиёди замонааш баҳравар шудааст.

Ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ, «Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар адабиёти форсӣ аз ҷумлаи мутабаҳҳирини замони худ буд. Дар адабиёти араб дар Мовароуннаҳр аз муосиринаш пешӣ мекард. Дар риёзиёту илми тиб низ соҳиби дасти дароз буд. Дар тафсир, ҳадис, таърих ва тароҷими аҳвол аз ҷумлаи матахассисин буд. Гӯянд се ҳазор ҳадисро бо иснодоташ азбар карда»…

Возеҳ дар сурудани шеър низ даст дошта, осори гаронбаҳое офаридааст. Вай дар яке аз ашъори худ мегӯяд: «Дарборе, ки ба даъвати шоҳзода Музаффар ба он ҷо роҳ ёфта будам, монанди зиндоне буд, ки худро дар он маҳбус медидам, бидуни он ки ҷирму гуноҳеро муртакаб шуда бошам».

Садриддин Айнӣ ҳамин воқеиятро ин тавр меорад: «Бо вуҷуди ин ҳама фазоил, ғайри он ки дар айёми валиаҳдии амир Музаффар чанд гоҳе ба дарбор муҳтарам шуд, дигар на илмӣ ва на мулкӣ ба мансабе нарасида, дар камоли эҳтиёҷ, лекин бо истиғнои тамом аз дунё гузашт», яъне Возеҳро чанде баъд аз дарбор ронданд.

Сипас ӯ ба нусхабардории китоб машғул гардида, аз ҳамин роҳ рӯз мегузаронад. Возеҳ дар таърихи адабиёти форсӣ, пеш аз ҳама, бо тазкираи «Туҳфат-ул-аҳбоб»-аш шуҳрат дорад. Ҳамчунин сафарномае дар боби Ҳиҷоз миёни адибон ва рӯшанфикрон маъруф мебошад. Манзумаи «Кони лаззат ва хони неъмат»-и ӯ бозтоби робитаи самимона ва наздики эшон бо афроди ҳунарманд аст. Возеҳ соли 1886 дар синни 69-солагӣ нияти сафари ҳаҷ мекунад ва ба ин восита кишварҳои зиёдеро мебинад ва бо олимону фозилони он ҷойҳо аз наздик ошно мегардад.

Сафари ӯ аз шаҳри Бухоро оғоз ёфта, ба воситаи Туркманистон ва Қафқоз вориди Истанбули Туркия мешавад. Баъд аз Истанбул бо роҳи обӣ ба Арабистони Саудӣ мерасад ва хонаи Худоро зиёрат мекунад. Дар бозгашт сари роҳ кишварҳои Ироқу Эронро саёҳат намуда, ба зодгоҳаш Бухоро бармегардад.

Пас аз чанд муддате Возеҳ дидаву шунидаҳояшро дар шакли китобе бо номи «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Воқеаҳои роҳҳо ва масофаҳои байни кишварҳо») таҳия намуда, ба амир Абдулаҳад мебахшад. Сафарномаи мазкур унвони дигар ҳам доштааст: «Ғароиб-ул-хабар фи аҷоиб-ис-сафар» («Огаҳиҳои ғариб аз аҷоиботи сафар»). Муаллиф бар иловаи ин ки ҷараёни сафари ҳаҷро бо дидани шаҳрҳои Маккаву Мадина тасвир мекунад, вазъи иқтисодию фарҳангии чанд кишвари Аврупову Осиёро ба қалам медиҳад ва дар ин боб худро яке аз пайравони Аҳмади Дониш мешуморад.

Бо ҳамин қадар заҳматҳои илмию адабӣ Возеҳ аз арбобони дину давлат маломат мешунид, яъне дар ҳаққаш ҳарфҳои носазо мегуфтанд. Садриддин Айнӣ дар заминаи тазкираҳои он даврон таълифоти Возеҳро 13 адад ном мебарад:

1. «Туҳфат-ул-аҳбоб»–тазкира буда, ба рӯзгор ва осори 130 адиби замони Манғития бахшида шудааст.

2. «Савонеҳ-ул-масолик»–сафарномаи Ҳиҷоз мебошад.

3. «Шақоиқ-уд-дақоиқ»–ба таърифи улум ва аҳлаш иртибот мегирад.

4. Девони форсӣ, арабӣ ва туркӣ.

5. Маҷмӯае дар радифулашъор аз ҳар кас.

6. Маҷмӯае дар фардҳои барҷаста аз ҳар кас ба тартиби ҳуруфи ҳиҷо.

7. Рисолаи манзуме бо номи «Барфу ях» дар тасвири яху барфи кӯҳи Кирмоншоҳ, ки дар бозгашти сафари Ҳиҷоз муаллиф аз он ҷо дидан карда буд.

8. «Хони лаззат»–дар зикри навъҳои таому машрубот ба тартиби ҳуруфи ҳиҷо, тақрибан 25 ҷузв.

9. Маснавие дар ҳикоёти мутафарриқа.

10. «Ароис-ул-абкор ва наводир-ул-афкор»–ба назму насри форсӣ ва арабӣ.

11. Тарҷумаи туркии рисолаи форсии Ҳотами Шайх Баҳоӣ дар аҳволи устурлоб.

12. Тарҷумаи форсии рисолаи «Бурръууссоъа»-и Муҳаммад ибни Закариё дар тиб.

13. «Туҳфаи амония» дар тиб ва ғайра.

НАМУНАЕ АЗ МАСНАВИИ «БАРФУ ЯХ»

Чунин гӯяд қарини ранҷу хорӣ,

Мусаммо Раҳматуллоҳи Бухорӣ,

Ки баъд аз тавфи ҳаҷ аз роҳи Эрон

Шудам ворид ба мулки шоҳи Кирмон,

Чӣ заҳматҳо зи барфи ях, ки сармо

Наовард аз татовул бар сари мо!

Чӣ бинвисам зи Кирмоншоҳу барфаш,

Ки меларзад қалам бар худ зи ҳарфаш.

Задӣ чун дам насим аз замҳарире ,

Шудӣ ях чун нах аз тори ҳарире.

Чунон ях шуша баст аз тори сармо,

Ки шуд фарши булӯрин саҳни ғабро …

Ниҳоят, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ соли 1894 милодӣ дар синни 86-солагӣ дар ҳолати хориву зорӣ дар Бухоро вафот мекунад.

Аз китоби «Таърихи адабиёи навини тоҷик»-и профессор Худоназар Асозода

112 мубодилаМаъқулШарҳМубодила кардан

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.