Кароматулло Олимов: Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст!
Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо узви Комиссияи оштии миллӣ, академик Кароматулло Олимов перомуни мавзӯи Ваҳдати миллӣ суҳбате оростем, ки дар зер манзур мешавад.
– Халқи тоҷик то расидан ба ваҳдати миллӣ рӯзҳои вазнинро паси сар намуд. Оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар саросари кишвар аланга мезад. Танҳо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 28 сол пеш имзо шуд, ба ҷанги хонумонсӯз нуқта гузошт. Бигӯед, ки ваҳдати миллии Тоҷикистон чӣ тавр ба даст омад?
– Дар муноқишаи солҳои 1992-1997 дар ҳар ду тараф, мутаассифона, тоҷикон буданд. Эҳсоси маҳалгароию хурофотпарастӣ, коммунистбадбинӣ, беобрӯ кардани роҳбарону насли калонсол ба авҷи аъло расида буд. Баъзе диндорони мутаассиб ҳатто муаллимону олимонро ба куфру бидъат айбдор мекарданд. Онҳое, ки бар зидди Ҳукумати онвақта бархоста буданд ва аз берун идора мешуданд, таҷрубаи кофии сиёсӣ надоштанд ва эҳсосоташон бештар ба ақл ғолиб омада буд. Як қисми мухолифини онвақтаро зиёиён ташкил мекарданд, вале онҳо комилан дар итоати роҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор доштанд. Роҳбарони ин ҳизб низ, ки таҷрибаи сиёсии кофӣ ва давлатдорӣ надоштанд, тобеи иродаи он неруҳои берунӣ буданд, ки мехостанд ба воситаи инқилоб давлати исломӣ эҷод намоянд. Дар ин муноқишаҳо як қисми мардуме, ки дар майдонҳо ба ҳукумати қонунии вақт лаънат мехонданд, роҳи экстремизм ва терроризмро пеш гирифта буданд. Роҳбарони пешин, ки сиёсати мустақилро пеш гирифта натавонистанд, идораи ҳукуматро аз даст доданд. Бинобар ин ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда буд. Баъзе аз масъулони мақомоти қудратӣ аз тарс ба ҷониби мухолифин гузашта, вазъияти мураккабро боз ҳам мураккабтар намуданд.
Дар ин шароит, ки дар пойтахт имкони баргузор шудани иҷлосияҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон номумкин буд, вакилони он дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд ва ин иҷлосия нақши ҳалкунандаро дар таърихи навини давлатдорӣ ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ бозид. Муҳимтарин кори вакилон интихоби раиси нави Шӯрои Олӣ буд. Аксари вакилон масъулияти таърихии худро эҳсос намуда, шахси ростқавлу ҷасур ва ба ақида устувор Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз кӯшиш барои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба эътидол омадани вазъи нобасомони ҷумҳурӣ оғоз шуд. Кӯшишҳои пайдарпайи сарвари давлат, музокираҳои тӯлонӣ бо роҳбарони Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюн бо миёнаравии кишварҳо ва созмонҳои ҳавасманди сулҳ дар ниҳоят ба имзои санади сарнавиштсози сулҳ расонд.
– Ба ваҳдати Тоҷикистони пеш аз истиқлол чӣ назар доред?
– Албатта, ваҳдати нисбии миллӣ вуҷуд дошт, фарзандони бузург ва хирадманди миллат барои таъсиси ҷумҳурии шуравии сотсиалистӣ дар дохили Иттиҳоди Шуравӣ мубориза бурда буданд ва барои иттиҳоди миллат ҷоннисорона кӯшишҳо карда буданд. Мутаассифона, бинобар тақсимоти ноодилонаи ҳудудӣ баъзе шаҳрҳову ноҳияҳое, ки маркази ташаккули фарҳанг ва халқияти тоҷик буданд, аз Тоҷикистон берун монданд ва ваҳдати миллӣ заиф шуда буд. Шуури маҳаллӣ бештар бар ваҳдати умумимиллӣ ғолиб меомад.
– Ҳукумати кишвар барои расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чӣ корҳоро анҷом дод?
– Ҳукумати кишвар бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба сулҳ корҳои ниҳоят зиёдро иҷро намуда буд. Дар он шароити ҷанги шаҳрвандӣ иқтисоди моддӣ хароб гашта буд, на дар ҳама ҷо ҳокимияти қонунӣ амал мекард, ҳаракатҳо бар зидди ҳукумати қонунӣ идома доштанд. Вале, дар натиҷаи фаъолияти хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон батадриҷ мардуми мо ба сулҳ расид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гардиши куллӣ дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ва ваҳдати миллӣ гардид.
Аввалан, ҳукумат дар баробари ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои овардани муҳоҷирон аз хориҷи кишвар ва муҳоҷирони иҷбории дохили кишвар, ҷобаҷо кардани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешид.
Дуюм, барои ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳ ворид кардани дастаҳои силоҳдори оппозитсия иқдомҳои ҷиддӣ намуд.
Сеюм, сохтори ҳокимиятро ба шароити нав мувофиқ намуд. Парламенти дупалатагӣ таъсис ёфт. Дар шароити ниҳоят душвори иқтисодӣ бо фармони Призиденти ҷумҳурӣ 75 ҳазор гектар замин ба деҳқонон дода шуд. Ҳамзамон барои ҷалби сармоя, ислоҳоти сохторҳои идораи давлатӣ ва ворид шудан ба низоми иқтисодии нав чораҳои зарурӣ дида шуданд. Барои таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ корҳои зиёд, аз тариқи чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ анҷом дода шуданд.
– Халқи азиятдида ва дар гирдоби ҷанг қарордошта ба сулҳ бовар дошт?
– Ростӣ, дар он солҳо як қисми мардум ба беҳбуди вазъ бовар надоштанд, ғайр аз ин силоҳбадастоне буданд, ки муқобили сулҳ буданд. Бинобар ин дар ҳамон шароит вохӯриҳои сарвари давлат бо мардум, бо гурӯҳҳои мухталифи аҳолии кишвар, сафарҳои ӯ ба минтақаҳои хавфнок, ҷасорату садоқати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии мардумро ба сулҳу ваҳдати миллӣ ба вуҷуд овард.
–Аз замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чӣ воқеаҳои мудҳиш ба ёдатон мондааст?
– Дар он солҳо амният дар кишвар хеле заиф буд. Силоҳдороне, ки тобеи ҳукумат набуданд ва дар баъзе гӯшаву канори кишвар, бахусус дар марказ ва ҷануби кишвар амал мекарданд, боиси нооромӣ ва озурдагии мардум мешуданд. Аз ҷониби силоҳлорон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳдидҳо мешуд. Бо як сухан ифода кунам, ҷони мардум дар хатар буд. Дар ҳамон рӯзҳо мардум ду орзу доштанд: яке аз хона ба коре берун равад, сиҳату саломат бозгардад. Дуюм, дуто нон (хлеб)-ро бе интизориҳо ва азоби гармову сардӣ бемалол ба даст орад. Барои нон дар навбатҳои назди дӯконҳо аз тири дайду баъзеҳо ҷон бохта буданд. Имрӯз бинед, дастархони мардум чӣ гуна ороста аст. Ҳатто зиёдаравиҳо ба назар мерасанд. Бинобар ин ба ин оромию осудагӣ ва серию пурии дастархони пурфайзи мардумамон бояд шукргузор бошем.
– Назари мутафаккирони форсу тоҷик ва файласуфони ҷаҳонӣ, аз ҷумла академик Кароматулло Олимов оид ба ваҳдат чӣ гуна аст?
– Мутафаккирони халқи тоҷик ҳамеша дӯстию ваҳдати миллӣ ва умумиинсониро васф кардаанд. Аз Зардушт сар карда, то файласуфони бузурги мо, аз ҷумла Форобию Ибни Сино, Берунию Носири Хусрав, Саноию Аттору Мавлоно, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Аҳмади Дониш ва дар замони Шуравӣ аз устод Айнӣ сар карда то Лоҳутию Зуфархон Ҷавҳарӣ, устод Турсунзодаву Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзодаву Лоиқ Шералӣ, аз олимонамон устод Бобоҷон Ғафуров, Алоуддин Баҳоваддинов, Султон Умаров ва Муҳаммад Осимӣ барои ваҳдату дӯстии инсонҳо ва махсусан забону илму фарҳанг, ки муттаҳидкунандаи миллат аст, кӯшишҳо кардаанд, онро васф намудаанд. Банда низ дар осори илмӣ ва адабиам пайрави ин бузургон ҳастам ва мақолаҳову шеърҳо ба сулҳу ваҳдати миллатамон бахшидаам.
– Шумо, ки узви Комиссияи оштии миллӣ будед, бо гузашти солҳо ба фаъолияти ин комиссия чӣ назар доред?
– То таъсиси Комиссияи оштии миллӣ чандин давраи музокирот баргузор шуда буд. Барои наздик шудани мавқеъҳо то соли 1997 беш аз чор сол музокирот идома доштанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатъи назар аз хатарҳои зиёд барои музокира ба кишварҳо ва маҳалҳои ноамн мерафтанд. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Маскав механизми иҷрокунандаи ин Созишнома – Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Албатта кори КОМ душвориҳо дошт, овардан ва ҷойгир кардани гурезаҳо, ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ба Қувваҳои мусаллаҳи давлат ворид намудани дастаҳои мусаллаҳи оппозитсиюн кори басо мушкил буд. Баъзан дар ҷараёни кори КОМ коршиканиҳо низ мешуданд, вале бо кӯшишҳои Президенти кишвар ва ҳамкории намояндагони кишварҳои нозир масъалаҳо ҳаллу фасл мешуданд. Ҳамаи мушкилиҳоро дар як суҳбати кутоҳ гуфтан душвор аст.
– Барои таҳкими ваҳдати баъдӣ аз насли наврасу ҷавон чӣ тақозо мешавад?
– Пеш аз ҳама, худогоҳу худшинос будан ва ба қадри сулҳу ваҳдати бо душвориҳои зиёд бадастомада расидан лозим аст.
– Ташаккур барои суҳбат!
Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ