Кумаки Япония ба Тоҷикистон: 501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека”

Шаби 21-уми феврали соли равон аз ҷониби Ҳукумати Япония ба Тоҷикистон дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС 501 ҳазору 200 воя ваксинаи “АстраЗенека” ба маблағи беш аз ду миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими расмии қабули вояҳои ваксинаи мазкур дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ Абдухолиқ Амирзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, муовини намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Зайнаб-ал-Аззавӣ ва дигар масъулин иштирок намудаанд.

— Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби кишвари Япония дар самти дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат, аз ҷумла дастрас намудани вояҳои ваксинаи зидди коронавирус изҳори миннатдорӣ баён намуда, ин иқдомро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ намуд. Дар идома меҳмонон аз анбори махсуси вазорат, ки ваксинаҳои зидди сирояти нави COVID-19 дар он нигаҳдорӣ мешаванд, дидан намуданд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.