Мадрасаи Мир Олим Додхоҳ. Ёдгории нодире, ки дар Панҷакент аз байн меравад

Ба таваҷҷуҳи Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода

Дар маркази шаҳри Панҷакент, яке аз ёдгориҳои муҳиму арзишманди асри XVIII Мадрасаи Олим додхоҳ аз сабаби бетаваҷҷуҳӣ валангор мешавад, вале касеро парвое нест. Ин бинои нодир, ки замоне рашки амирони манғит буд, феълан харобаест, дар қалби Панҷакенти бостонӣ…

Панҷакент шабеҳи гӯристон аст…

Муаррихи шинохта, доктори илми таърих, собиқ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Абдувалӣ Шарифзода зимни яке аз суханрониҳои хеш дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз вазъи ёдгориҳои таърихиву меъмории шаҳри Панҷакент изҳори нигаронӣ карда, ин шаҳрро ба гӯристон шабеҳ карда буд.

“Имрӯз Панҷакент ба гӯристон шабоҳат дорад. Даҳҳо минтақаи таърихии ин шаҳр аз тарафи бостоншиносон кушода шуда, баъдан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд,  бинобар ин, онҳо дар ҳоли хароб шудан мебошанд» — гуфта буд, муаррих  дар ҷаласаи ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорати фарҳанг ба бостоншиносон, муаррихон ва масъулини ҳукумат ва қотеъона талаб кард, ки масъалаи ҳифзи ёдгориҳо ва омода кардани мутахассисони тармиму бозсозии мероси таърихиро дар сатҳи ҳукумати кишвар барассӣ намоянд.

Воқеан, ҳар гоҳ ба шаҳри Панҷакент меравам, аввалин намунаи ин “гӯристон”-ро дар маркази шаҳр мебинам, ки ба чашмам чун хор мехалад ва ба ҷигарам чун теғ асар мекунад. Ин хароба Мадрасаи Олим Додхоҳ аст, ки яке аз нодиртарин ёдгориҳои меъморӣ буда, аз сабаби бетаваҷҷуҳии масъулини ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳоли вайроншавӣ қарор дорад. 

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Мадрасаи Миролим ё Олим додхоҳ

Яке аз ёдгориҳои нодири Тоҷикистон аст. Он дар қисми ҷанубу шарқии шаҳри Панҷкенти пештара ва маркази Панҷакенти навин ҷойгир аст. Бинои мадраса дар асри XVIII сохта шудааст. Мадраса аз толори гунбаздори калон иборат буда, дар се тарафаш айвонҳои гунбаздори аркӣ мавҷуданд. Андозаи умумиаш 22Х17,6 м. Бинои зимистона шакли мураббаъ дошта (10,16Х10,17м), бо гунбази баланд пӯшонида шудааст. Гунбазаш ҳаштқирраи барҷаста. Деворҳои бино бо гачи сафед рӯпӯш шудаанд. Инчунин, дар дохили масҷид меҳробест, ки бо гаҷ оро ёфтааст. Равоқтоқҳои пайконӣ намуди зоҳирии масҷид ва ҳашамати гунбазҳоро афзудаанд. Даромадгоҳи толор дар қисми ҷанубӣ воқеъ буда, дари дутабақаи кандакоришуда дорад. Дар наздики мадраса манораи начандон калон, ҳавз, бинои дуошёнаи гунбазшакл воқеъ буд, ки вазифаи мадрасаро иҷро мекард. Масҷид аз санг сохта шуда, эҳтимол боқимондаи бино куҳнатаре бошад. Толор дорои шифти болордор буда, аз се тараф бо айвонҳои 12-сутуна иҳота гардида буд. Яъне масҷиди нисбатан қадим дар асрҳо XVII – XVIII аз нав таъмиру тармим гардида, дар ҳамин шакл то мо расидааст.

Рашки амирони манғит

Мадрасаи Олим Додхоҳ тахминан дар солҳои 1828-1830 бунёд шудааст. Мегӯянд, ҳокими онвақтаи Панҷакент Олим Додхоҳ барои рушди илм дар шаҳри зертобеаш ин мадрасаро бо ҷалби устоҳои чирадаст бунёд кардааст.  Ин мадраса аз дигар маконҳои таълимии онвақта бо гунбаз ва сохташ фарқ мекард.

Муаррихи шинохта Шарофиддин Қурбонов мегӯяд, ки вижагии аслии Мадрасаи Олим Додхоҳ маҳз дар гунбази он аст. Гунбазе, ки бо ин ҳама бузургӣ бе сутун истодааст. “Гумбази ин мадраса яке аз калонтарин гумбазҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҳатто калонтар аз гунбази қабри Амир Темур мебошад” – мегӯяд, ин бостоншинос.

Воқеан, ин гунбаз замоне сабаби хашми амир Насруллоҳи манғит низ шудааст. Шукуҳу шаҳомати мадрасаи Панҷакент, ки назираш дар Бухоро набуд ба амир Насрулло хуш намеояд ва ӯ аскарони худро ба думболи Миролим Додхоҳ мефиристад. Гӯё Олими Додхоҳ аз ин бохабар шуда, аз Панҷакент фирор мекунад… 

Мутахассисон мегӯянд, Мадрасаи Олим Додхоҳ на танҳо бо гунбазаш, балки бо сохти меъмориаш низ аҳамияти зиёди таърихӣ дорад. Дар бунёди ин мадраса ба қавли таъринигорон, санъати меъмории давраи пеш аз исломӣ истифода шудааст.

Пажӯҳишҳои бостоншиносон дар қалъаи Санҷаршоҳ нишон додааст, ки ҳафриёти он мисли Мадрасаи Олим Додхоҳ чортоқ аст. Ин фарзияро бостоншинос Абдураҳмон Пӯлотов низ зимни суҳбат бо мо тасдиқ кард.

Олим додхоҳ дар даврони шӯравӣ, соли 1973

Амбори болшевикон

Мадрасаи Олим Додхоҳ аз замони бунёд шуданаш то забти Осиёи Миёна аз ҷониби болшевикон дар як вақт ҳам вазифаи мадраса ва ҳам масҷидро иҷро мекард.

“Мақсад аз сохтани ин ёдгорӣ бомаърифат гардондани мардуми шаҳри Панҷакент буд. Дар ин бино ҳам толибилмон дарс мегузаштанд ва ҳам мардум намоз мехонданд,” – мегӯяд, Шарофиддин Қурбонов.

Вале муъҷиза он аст, ки ин бино аз ҷониби болшевикон ба хок яксон нашуд.

Зеро аскарони сурх баробари забти шаҳрҳо бинои мадрасаву масоҷидро ҳамчун мероси замони феодалӣ ва маркази тарғиби дини Ислом ба хок яксон мекарданд.

Мардуми Панҷакент аз гузаштаҳои худ шунидаанд, ки пеш аз забти шаҳр аз сӯи аскарони сурх Мадрасаи Олим Додхоҳ васеъ будааст. Аммо болшевикон қисми зиёди он, аз ҷумла манораашро хароб карданд, аммо бинои асосии мадраса ва гунбазашро нигоҳ дошта, солҳо онро ба сифати анбор истифода мекарданд. Нахуст бинои мадраса анбори силоҳу аслиҳа ва баъдан дар замони Шӯравӣ солҳо амбори ғаладона буд…

Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент

Ба ҳукми фаромӯшӣ

Қабл аз суқути Иттифоқи Шӯравӣ ва вазидани насими бозсозӣ Мадрасаи Олим Додхоҳро ба тобеияти масҷиди марказии шаҳри Панҷакент дароварданд. Ин бино солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафту дар саҳни ҳавлияш бо зиёд шудани намозгузорон гоҳо намоз мехонданд.

Соли 2018 ин бино аз тобеияти масҷиди марказӣ бароварда шуд ва ба тавозуни бахши фарҳанги ҳукумати Панҷакент гузашт. Ҳамон рӯзҳо масъулини ҳукумати Панҷакент эълон карда буданд, ки Мадраса бозсозӣ ва ба осорхона табдил хоҳад шуд, вале афсӯс, ки ин ваъдаҳо дар рӯйи коғаз монданду халос.

Ҳамоно Мадрасаи Олим Додхоҳ дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор дорад. Дарҳояш баставу дар боду борон бомаш мечакад. Дар гӯшаҳои он мағозаҳо бунёд шудаву дохили он имрӯз анбори соҳибкорони гирду атроф аст. Касеро аз масъулин парвое нест, ки чунин як бинои нодир, чунин як ёдгории муҳимро мо бо дасти худ ба нобудӣ мебарем…

Пешниҳод

Феълан як ташкилоти ҷамъиятӣ, ки “Ҷавонони пешсаф” ном дорад, бо ҷалби сармояи Амрико қисме аз ёдгориҳои Панҷакенти қадимро тармиму бозсозӣ мекунад. Ба ин хотир аз ҷониби ИМА 170 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Лоиҳаи мазкурро дар оғози моҳи ноябр Сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Поммершайм зимни сафари кории хеш ба шаҳри Панҷакент ифтитоҳ кард.

Яъне талош барои эҳёи харобаҳои Панҷакент  оғоз шудааст.

Хуб мебуд, ки Вазорати фарҳанги кишвар бо ҳукумати шаҳри Панҷакент бо ҷалби сармояи дохилӣ ва ё хориҷӣ Мадрасаи Олим Додхоҳро аз нестӣ наҷот диҳанд ва онро ҳамчун осорхона тармиму бозсозӣ карда, барои қабули сайёҳон ва меҳмонон омода намояд.

Агар имрӯз ташаббусе барои эҳёи Мадрасаи Олим Додхоҳ сурат нагирад, фардо дер хоҳад шуд ва ин хиёнатро ба мероси гузаштагон ояндагон нахоҳанд бахшид. 

Одил Нозир

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *