Меҳанпарасте, ки ба қалам хиёнат накард

Паёми табрикотӣ ба Александр Проханов ба муносибати эҳдои унвони Қаҳрамони меҳнат

Замоне ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин унвони Қаҳрамони меҳнатро ба Александр Андреевич Проханов супорид, миллионҳо одамон дар Русия ва фаротар аз марзҳои он ин рӯйдодро на танҳо як мукофоти давлатӣ, балки ҳамчун як дастоварди бузурги маънавӣ арҷгузорӣ карданд. Дастоварди як шаҳрванди мубориз, нависанда, рӯзноманигор, меҳанпараст дар роҳи мубориза барои ҳақиқат.

Проханов шахсиятест, ки дар сахттарин рӯзҳо хиёнат ба Ватан накард, пушти вожаҳои духӯраи мунофиқона паноҳ набурд, барои худафрӯзии сиёсӣ андешаҳояшро иваз накард, балки ҳамеша бо ҷасорат, сари баланд, дилсӯзӣ садо баланд кард. Садои ӯ садои Русия буд. Русияи захмхӯрда, вале шикастнопазир, сарбаланд, ки дубора ба по хест.

Барои ман, фарзанди Тоҷикистон, Александр Андреевич танҳо нависандаи бузурги рус нест, балки устод, дӯсти азиз ва инсонест, ки аз ӯ ватандориро меомӯзам.

Тоҷикистон чун Русия кишвари ранҷдида аст. Аммо агар Русия дар тӯли таърих мавриди шикасту пирӯзӣ, фурӯ рафтану сари по хестанро аз сар гузаронида бошад, мардуми тоҷик тӯли қарнҳо зери фишору истисмор қарор доштанд. Анҷоми солҳои 90-уми асри гузашта мо бо сад ранҷу мушкилот кӯшиш мекардем, ки давлати худро бунёд намоем, ояндаи худро созем. Аммо на ҳама моро мефаҳмиданд. Чандин расонаҳо, ҳатто дар худи Русия, ба ҷойи ҳамдардӣ ё кумак – хомӯш мемонданд ё бо чашми тамасхур ба мо менигаристанд.

Маҳз дар ҳамин даврони сарнавиштсоз фарде пайдо шуд, ки аз минбари расонаи миллии Русия суханоне ба забон овард, ки дар ёди ҳар кадом тоҷик нақш баст. Александр Проханов миллати тоҷикро барои тарҳи азим, яъне саду неругоҳи “Роғун” табрик гуфт ва онро «тамаддуни зеризаминӣ» ном ниҳод.

Вақте ки тамоми ҷаҳон зидди “Роғун” буд, ӯ бо мо монд.

Вақте ки фиристодагони кишварҳои душман дар ҷомаи дӯст аз ӯ дархост карданд, ки аз ин мавқеаш даст кашад, вай устувор монд. Ӯ бо халқ монд, бо ҳақиқат монд, бовиҷдон монд. Ва мо, тоҷикон, инро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Суханони ӯ, ки соли 2018 аз тариқи телевизиони Русия, бори аввал дар таърихи истиқлоли Тоҷикистон пахш ва дар расонаҳо нашр гардиданд, ҷилваи ҳақиқати бузург буданд. Ман онҳоро имрӯз боз бо эҳтиром ба ёд меорам:

«Бале, тоҷикони давлати навини Тоҷикистон – муҳандисони бузург, сохтмончиён ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба умқи замин фаромада, кӯҳро шикофта, як тамаддуни мукаммали зеризаминиро офариданд, то рӯзе аз он нуре бархезад ва Тоҷикистону тамоми ҷаҳонро рӯшан созад.

Ман ҳеҷ гоҳ чунин иттиҳоди рӯҳу ақл, техника ва неруи инсонӣ надидаам.

Гоҳо тарс меояд аз андешаи он ки ин ҳама маҳсули тафаккур, ҳушмандӣ ва илҳоми инсон аст.

Неругоҳи “Роғун” як маъбад аст. Маъбаде, ки башарият дар симои Тоҷикистон ва тоҷикон – дар он барои ояндаи худ дуо мекунад: барои оромӣ, барои гулгашту шаҳрҳои нав, барои хонаводаҳои пурсаодат, барои он ки дигар тир аз камон берун наҷаҳад.

“Роғун” – як гули бузурги кайҳонӣ аст. Ман хушбахтам, ки атри онро нафас кашидам. Ташаккур, Роғун!».

Вақте Александр Андреевич ба китоби тозанашри ман «Нигоҳ – чеҳраҳо ва рӯйдодҳо аз Помир то Кремл» дар Маскав пешгуфтор навишт, чунин гуфта буд: «Ба сӯям биё!». Ман дарк кардам, ки ин сухан танҳо даъват ба касбият набуд.

Ин даъват ба маънавият буд.

Ба ишқи Ватан.

Ба фидокорӣ.

Ба имон.

Ба Тоҷикистон.

Ба ҳақиқати мардуми ман.

Ва барои ман ин ҳарфҳо дарси бузурги ҳаёт буданд.

Имрӯз мо, тоҷикон, бо ифтихор мегӯем:

Фарзанди бузурги Русия Александр Проханов он лаҳзаҳои сарнавиштсоз бо мо буд.

Ташаккур, Александр Андреевич!

Барои ҳақиқат.

Барои ҷасорат.

Барои рафоқат.

Барои каломе, ки ҳаргиз хиёнат намекунад.

Шариф ҲАМДАМПУР,

шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *