Паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон дизайнериро омӯхтанд
Ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон Сарвиноз Ҷунайдова ва намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Илишев ба донишҷӯёни риштаи тарроҳӣ ва баъзе паноҳандагони кишвари Афғонистон барои хатми курси дизайни рақамӣ сертификат тақдим карданд.
Гуфта мешавад, ки дар курси мазкур ба донишҷӯён мутахассисони соҳа аз нозукиҳои дизайни рақамӣ тадрис намуда, дар баробари нозукиҳои техникӣ, инчунин махсусиятҳои миллӣ дар маҳсулоти нассоҷиро низ омӯзониданд.

Дар маросими тақдими сертификат инчунин омӯзандагони курси мазкур маҳсули эҷоди худро ба намоиш гузоштанд, ки аз ҷониби мутахассисон ва донандагони соҳаи дизайни рақамӣ дар саноати сабук баҳои баланд гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки то ҳол ин гуна курсҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Исфара гузаронида шуда, иштирокдорони он асосан донишҷӯён будаанд, ки дар он асосан кор бо нармафзори “Inkscape”-ро омӯхтаанд.

Ёдовар мешавем, ки курси дизайни рақамӣ иқдоми Намояндагии СММ оид ба рушди саноат (ЮНИДО), Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд бо мақсади рушд додани дизайни графикии молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ