Тафсилоти сӯхтори “Яккасарой”: Кормандони КҲФ дар хомӯш кардани оташ саҳм гузоштанд

Сӯхтори тарабхонаи “Яккасарой” хомӯш карда шуд, аммо иллати аслии сӯхтор то ҳоло эълон нагардидааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати бавуҷудомадаро меомӯзанд.

Бино ба иттилои КҲФ, дар хомӯш кардани сӯхтор дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ саҳм доштанд.

— 7-уми январи соли 2022, тахминан соати 11:00 дақиқа  навбатдори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, кўчаи Саъдии Шерозӣ 16, шафати КВД «КТН Нашриёти шарқи озод», дар тарабхонаи «Яккасарой» сўхтор ба амал омадааст. Баъд аз дарёфти хабар соати 11:03 дақиқа фавран роҳбарияти  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, Дастаи махсуси зудамали наҷот дар ҳайати 5 нафар имдодгарон бо автомашинаи садамавию наҷот ва афсари калони Бахши ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 15 адад техникаи махсуси сўхторхомушкунии ҷузву томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 5 адад техникаҳои обкашони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 2 адад техникаи ёрии таъҷилӣ-тиббӣ ва зиёда аз 40 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, тахминан соати 12:10 сўхтор ба пуррагӣ хомўш карда шуд.

Дар натиҷаи сӯхтори баамаломада оташ ба толори мебели “Истиқбол”, ки дар ошёнаи якуми тарабхонаи мазкур ҷойгир аст, қисман зарар расонидааст.

Кормандони наҷоти Раёсати Душанбе ҳамроҳ бо ҷузву томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнинонӣ илова ба кумак дар хомӯш кардани сӯхтор боз барои аз оташ наҷот додани толори мебели “Истиқбол” ёрӣ расонидаанд.

Дар сўхтори баамаломада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Сабаб ва масоҳати сўхтори баамаломада аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *