Пас аз 83 сол. Нишоне аз ҷанговари бенишон пайдо шуд
Акси ӯ ҳамеша дар пештоқи хонаи мо насб буд. Бо як салобати хос ва бо чашмони маҳзун ба мо назар меафканд. Ба акс ишора карда, аз падар мепурсидем, ки ин тимсоли ҷавонмардиву футувват кист? Падар ашки чашмонашонро пок мекарданду кӯтоҳ мегуфтанд: “Ин бародари нокоми ман аст…”.
Ҳарчанд котиби комсомоли колхоз буду брон дошт, ҳанӯз соли 1941 ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври ихтиёрӣ рафт. Нав издивоҷ карда буд, пас аз шаш моҳ хабари маргаш расид ва аз худ дар дунё ба ҷуз хотираи некаш нишоне ҳам намонд.
Онҳо ҳафт фарзанд буданд. Ниёзбӣ (1917), Файзибӣ (1918), Миралӣ (1920), Мансур (1924), Бобо (Шоҳмукаррам (1926), Ҳамроҳ (1928), падарам – Ортиқбой (1934). Амакам Ҳамдамов Миралӣ фарзанди сеюм.
Вақти донишҷӯ будан ва баъдтар низ дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштанам, бобо ва падарам ҳамеша хоҳиш мекарданд, ки дараки амаки гумноми худро пайдо кунем. Борҳо ба мақомоти мухталиф нома менавиштем, ҳангоми сафар бойгониҳои кишвари Русияро таҳқиқ мекардем, вале сад афсӯс, ки даракашро наёфтем ва орзуи қиблагоҳро натавонистем амалӣ кунем. Ҳар ду бо ҳасрат ҷаҳонро тарк карданд, ки натавонистанд ба қабри бародар як каф дуо хонанд…
Солҳо гузаштанд ва ин ривоят низ фаромӯш шуд.
Вале… Чанд рӯз қабл бародарам Алишер аз Маскав занг зад ва хушнудона паём расонд, ки дараки амакамро пайдо кардааст. Аз суханони ӯ фаҳмидам, ки мо ҳангоми ҷустуҷӯ ба як иштибоҳ роҳ дода будем. Амакам дар зодгоҳаш ва байни пайвандон, ба унвони Ҳамдамов Миралӣ маъруф буд. Вале, азбаски бештари кормандони шуъбаҳои шиносномадиҳӣ мардуми рус ва ё дигар миллатҳо буданд, номҳоро ё бо иштибоҳ менавиштанд ва ё кӯтоҳ мекарданд. Номи амаки ман низ дар шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо Ҳамдамов Алӣ сабт шудааст. Вақте ки мо ҷустуҷӯ мекардем, номҳои Миралӣ аз Самарқанд ва ё Муралӣ (Мурзалӣ) аз кадом кишвари Қафқоз мебаромад ва ҳамин тавр мурод ҳосил намешуд.
Ба сари бародарам ҳамин андеша мезанад, ки агар номи ман “меросист”, чаро амакамро Миралӣ хитоб мекарданду ман дар ҳуҷҷатҳо Алишер сабт шудаам. Ӯ ҳангоми ҷустуҷӯ номҳои Алишер ва Алиро истифода мебарад ва дар бойгонии “Мемориал” иттилооти зерро пайдо мекунад: “Информация о перемещениях личного состава. Хамдамов Али. Звание: сержант. Командир отделение. Дата рождения__.__.1920. Место рождения: Таджикская ССР, Ленинабадская обл., г. Урутюбе, Большевик с/с, к/з 18 Партсъезд. Место призыва __.12.1941. Военно-пересыльный пункт 211 зсп 24 зсбр. Номер команды (маршевой роты) 1164”.
Амакам Ҳамдамов Миралӣ дар колхози 18-Партсъезд, котиби комсомол буданд ва моҳи декабри соли 1941 бо хоҳиши худ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафтанд. Дар сандаҳое, ки мо дастрас намудем, ба он ишора шудааст, ки дар қисми ҳарбии шаҳри Подолск хизмат кардааст ва аз рӯи баъзе фарзияҳо баъдтар гурӯҳи пиёданизоми онҳо ба самти кӯли Ладога ҳаракат мекунад. Моҳи июни соли 1942 дар синни 22-сола будан, ҳамагӣ баъд аз шаш моҳи хизмати ҳарбӣ, ҳангоми набарди рӯ ба рӯ бо фашистон ба ҳалокат мерасад.
Ба мо иттилоъ доданд, ки ҳуҷҷатҳои амаки ҷавонмарди ҷавонмаргам, дар бойгонии Вазорати дифои Федератсияи Русия маҳфуз аст. Бо умеди он, ки қабри ӯро пайдо кунем, ба ниҳоди мазкур дархост ирсол шудааст.
Ягона орзуи мо ин аст, ки дар назиктарин фурсат ба қабри ӯ ва ё ҳадди ақал ҷойи фавти ӯ порае аз хоки Ватан ва дуои хайри бобо ва падари худро армуғон барем…
Бахтиёр ҲАМДАМОВ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ