Пешниҳод: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ дода шавад

Саидзода Отахон, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз номи аҳли ҳунари театри мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дода шавад.

Ӯ зикр кардааст, ки “ба поси хизматҳои бузургу арзандаи ин ҳунарманди асили санъати театру синамои тоҷик, мутмаинам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳоди аҳли ҳунари театрро дастгирӣ мекунад”.

Бояд гуфт, дар рӯзи фавти Аловуддин Абдуллозода низ ҳаводорони ҳунари ӯ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карданд, ки ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супоранд.

Ҳамчунин, чанде пеш рӯзномаи вилоятии “Хатлон” низ ба Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар пешниҳоди қадрдонии ҳунарманди машҳур Аловуддин Абдуллозодаро карда буд. Аз шаҳрдорӣ хоҳиш шуда буд, ки Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Абдуллозода гузошта шавад: “Бо дарназардошти хизмати бузурги Абдуллозода Аловуддин, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар рушди фарҳангу санъати тоҷик, пешниҳод менамоем, ки Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода гузошта шавад”.

Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори хушноми тоҷик рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб аз дунё гузашт.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.