Шикасти давлат аз шикасти идеология оғоз мегирад

ТАБАРИ ДӮСТУ шакари ДУШМАН, ё чаро аз истифодаи калимаи идеология меҳаросем?

Меҳвари эҳё инсон аст. Инсони равшанзамир торикистонро нуристон месозад, инсони вуҷудаш торику гирифтори чоҳи таассубу мансабу пулу мол ба ботлоқи нодонию ҷаҳолат мебарад. Аз ин ҷост, ки шикори ақлҳо ҳадафи мустамликадорон, мустамликахоҳон, қудратмандон, қудратхоҳон, ҳизбҳо, гуруҳҳо, мухолифон, дӯстон, душманон, ҳар касе, ки дар сар мақсаде дорад, қарор гирифтааст.

Созандагию сӯзандагӣ ба ҳамин айният (мағзҳо) вобаста аст. Ҳамин мағзҳо силоҳе офариданд, ки сарҳадро намепазирад, ҳарос аз боҷу хироҷ надорад. Пеши роҳи онро гирифтан, маҳдуд сохтан, завлона ба дастонаш задан кӯшиши об дар ҳован кӯфтан аст. Дару девор барояш яксон аст. Холигие ёфт, пур мекунад, заифие ёфт, шикаст ворид месозад. Мисли гурбае дар пайти муш аст. Амали он нейтрону протонро ба хотир меорад, ки атомро аз ҳолати мувозинат берун месозанд. Яъне, аз хориҷ вориди атом мешаванд ва аз он ё иони манфӣ (майдони манфӣ) ё иони мусбат (майдони мусбат) месозанд. Қудрати он аз яроқи ҳастаӣ бузургтар аст, ба мағзи сар ворид мешавад ва маҷрои ҳаракати онро дигар мекунанд. Яъне, соҳиби мағзро ё Қутайба ибни Муслим ё Деваштич, ё ҷоҳил ё соҳибмаърифат, ё хоин ё фарзанди вафодори Ватан месозад. Номи он иттилоъ (от) аст, ки ҳам ғизо барои мағз асту ҳам ҳосили мағз. Ҷавҳари он сухан аст, ки шифоҳию хаттию тасвирӣ созандаю сӯзанда мебошад. Агар он бамаврид, сари вақт, ноб, нотакрор, ҳадафмандона аст, чун рӯде хоҳад буд, ки нерӯи барқ тавлид мекунад. Сухан (иттилоъ) метавонад аз дил — барқи дамон ё аз забон — боди домони он бошад. Сухани парешону беҳадаф парокандалашкар, тири аз камон беҳадаф ҷаста аст.

Асри иттилоот сухани ноб, қалами ғуранда, буранда, сафшикани Ҳабиб Юсуфиро тақозо дорад. На сухану қалами онеро, ки аз надоштани мавқеъ гоҳ дар дӯл мезанаду гоҳ дар сӯл. Одами бемавқеъ маъмулан болонишин аст. Зеро ба ин ҳам бале мегӯяду ба он ҳам. Ӯ хатарноктар аз гурги гурусна аст. Морест, ки ба ҳар сурохӣ осон медарояду осон мебарояд, моҳиест лағжонак. Аз ӯ намебояд сухани бурандаю ғурандаю сафшикан интизор шуд…

Як ҳадафи идеология аз атоми нейтрал (дар аъроф монда) сохтани иони мусбат, таъсир ба мағзи инсонҳост. Возеҳтар, ба даст гирифтани фазои иттилоотӣ, пеш бурдани идеологияе аст, ки барои расидан ба армони миллӣ мусоидат месозад.

Дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) масҷид, ки ҷойи намозгузорӣ ва амри маъруф буд, майдони ба ҳам овардани мардуми парешони араб (баъдтар доираи он васеъ гашт) ва роҳнамоии пешвоёни онон барои расидан ба аҳдофи миллии қавми араб маҳсуб меёфт. Маънӣ, ҳадафи идеологӣ дошт. Воқеан, масҷид бузургтарин бозёфт дар ҷаҳони ислом буд. Он мардуми парешони арабро ҷамъ меовард ва ҳадафмандона ба онҳо саф мебахшид.

Бузургтарин бозёфти Иттиҳоди Шӯравӣ чойхонаи сурх ва кинотеатрҳо буданд. Онҳо ҳам чунин нақшро барои расидан ба армони космополитии Давлати Шӯравӣ — бунёди ҷомеаи коммунистӣ иҷро мекарданд. Китоби Тора ҳам дар заминаи аҳдофи миллии мардуми яҳудӣ иншо ё тавре ки мардуми муътақид ба дину мазҳаб мегӯянд, нозил гаштааст.

Фазои интернетӣ ҳам дар заминаи ҳадафҳои миллату давлатҳое иншо гаштааст, ки мехоҳанд лаҷоми идораи ҷаҳонро ба даст гиранд.

Як дӯсти ман изҳор намуд, ки дар як деҳаи бузурги вилояти Хатлон нияти бунёди кохи фарҳангро дорад. Иқдоми шоиста ва сазовори таҳсин. Аз ӯ пурсидам, ки дар деҳа чӣ зарурате ба бунёди чунин кохи боҳашаммат аст? Посухи ӯ фишурда ва доманфаррох буд: баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ.

Албатта, бо як кох наметавон фарҳанги мардумро баланд бардошт. Вале он метавонад таъсире дар сатҳи фарҳангӣ ва иттилоотии мардум дошта бошад. Чун миллионҳо кинотеатрҳо, чойхонаҳо (клубҳо) дар замони шӯравӣ. Онҳо макони консерт, кино, ҷамъомадҳо, мулоқотҳо буданд. Барои ҳамдигарро дидан, лаҳзае бо ҳам суҳбат оростан, заҳри ҳамдигарро гирифтан ва роҳнамоӣ барои расидан ба аҳдофи давлати Шӯравӣ.

Кохҳо ҳам метавонанд барои расидани мардуми тоҷик ба армони миллӣ ин нақшро бозӣ кунанд. Дар ҳар шаҳре, ҷамоате вобаста ба шумораи сокинонаш иншооти фарҳангие бунёд шаванд, ки дар онҳо ҳам кино намоиш дода шавад (нақши онро набояд нодида гирифт), ҳам театрҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ намоишномаҳо гузоранд, ҳам ҷаласаҳо доир гарданд. Онҳо метавонанд боҳашаммат, тумтароқ набошанд. Одӣ, вале фаъол, нақши идеологӣ дар доираи армонҳои миллӣ дошта бошанд.

Аз истифодаи луғати идеология набояд ҳаросид. Он силоҳи лазерии ҳамагир аст, ки нонамоён аст, вале таъсирашро эҳсос мекунӣ. Сеҳри он дар сухан аст, ки ҳам ҷон мегираду ҳам ҷон мебахшад. Набояд аз ҳарфи ширини душман ғафлатзада шуд: агар мадҳия хонд, дон, ки кайкест мехоҳад зери домонат панаҳ барад, агар талх гуфт, шояд позаҳре бошад. Чун сухани дӯст, ки табарвор асту чун сухани душман, ки шакарвор.

Иттилоот маҷмӯи калимаю ҷумлаҳои берабте нест, ки аксари рӯзномаю маҷаллаю китобҳо аз он иборатанд. Иттилоот шаддаи марворид аст, ки хеле устокорона ва ҳадафмандона ба ҳам чида шудааст. Иттилоот вирусест, ки ба мағзи инсон ворид мешавад ва амр медиҳад: СОЗ ё СӮЗ! Мағз дастгоҳест, ки ҷисм ва руҳро идора мекунад. Чаро мо ба ҷисм часпему дар мағз хона насозем? Набояд фаромӯш кард, ки шикасти Давлати Шӯравӣ аз шикасти мошини идеологии он оғоз гирифт.

Ҳоло кохҳои бузурги фарҳангӣ бунёд мешаванд. Сари худ вуҷуд доштан ва дар доираи мафкураи роҳбарони маҳал фаъолият кардани онҳо ба бод рафтани маблағу мақсад аст. Ба ин ҷисмҳои беҳаракати боҳашаммат бояд руҳ бахшид, то онҳо эҳё гарданд, вагарна муҷассамае беш нахоҳанд буд. Идораи онҳо бояд аз як маркази пурмағз аз Душанбе сурат гирад (чун шабакаҳои интернетӣ, ки аз як маркази ягона, ба хотири бунёди Ҳукумати ҷаҳонгир сурат мегирад), на аз ҷониби мафкураи музофотии мақомоти маҳал, ки ба андозаи сӯрохии сӯзан танг аст.

Шариф ҲАМДАМПУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.