Вақте ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)
Мазори Шариф, солҳои 1970-1974
Он рӯзҳо, ки субҳи Мазори Шариф бо садои зангӯлаи мошинҳои чун арӯс ороишёфта ва садои баланди мевафурӯшон дар паскӯчаҳо оғоз меёфт, Муродуллоҳ Шерализода аллакай аз хоб хеста буд. Либоси дарзмолхӯрда, сумкаи ҳуҷҷатҳо ва чеҳраи ороми ин ҷавон, ки ҳамеша аз ботини шахси бо ҷаҳон гуфтугӯ дошта шаҳодат медоданд, аз чашми пиру барнои ин кишвари дар пояи фоҷиа қарордошта пинҳон намемонд.
Ӯ он замон дар сарраёсати истихроҷи нафту газ ба ҳайси сартарҷумон кор мекард. Маҳз ҳамин ҷо, дар ин водии равшан аз нур, вале пур аз зиддиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, ӯ худро на танҳо тарҷумони забон, балки мутарҷими ду дунё эҳсос мекард – як ҷаҳон бо номи Шӯравӣ, дигаре бо ниқоби қадимиву мазҳабии Афғонистон.

Табаддулоти сиёсӣ: Аз Зоҳиршоҳ то Муҳаммад Довудшоҳ
Соли 1973. Дар Кобул ошӯб хест. Муҳаммад Довудшоҳ даст ба табаддулоти давлатӣ зад, амак ва хусураш – шоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳро бо истифода аз набуданаш дар кишвар (ӯ дар Рим табобат мегирифт) сарнагун сохт ва Афғонистонро ҷумҳурӣ эълон кард. Подшоҳӣ барканор шуд ва аввалин президенти Афғонистон Довудшоҳ дар кохи Арк корро оғоз кард.
Муродуллоҳ ин хабарро субҳи ҳамон рӯз дар толори истиқболи меҳмонхона шунид. Радиои Кобул ин хабарро бо садои баланди муждарасон пахш кард. Аммо ӯ фаҳмид, ки ин “инқилоб” оғози кашмакашҳои нави дохилӣ ва минтақавист. Қисме аз кормандони шӯравӣ зуд ба дафтарҳои истихроҷи геологӣ расиданд, то маълум кунанд, ки ин таҳаввул чӣ таъсире ба кор ва бехатарии онҳо хоҳад дошт.
Дар қалби геополитика: Нафту газ ва Шӯравӣ
Шерализода шоҳиди лаҳзаҳое буд, ки чӣ гуна Шӯравӣ мехост тавассути таъсири иқтисодӣ Афғонистонро таҳти нуфуз қарор диҳад. Ин кишвар на танҳо ҳамчун минтақаи амниятӣ дар ҷануби Иттиҳоди Шӯравӣ муҳиму стратегӣ буд, балки захираҳои зери заминии он – нафту газ, мис, ангишт ва канданиҳои нодир диққати ҷиддии Москва ва хадамоти геологиро ба худ ҷалб карда буд.
Барои ҳамин, дар Мазори Шариф ва баъдтар дар Шибирғон, дар идораи сарраёсати нафту газ, шӯравиҳо бо канданиҳо машғул буданд ва ҳамзамон гузоришҳои махфӣ омода мекарданд. Ҳуҷҷатҳо ва харитаҳо, таҳқиқоти зери хок – ҳама бо тарҷумаи Шерализода ба дасти афғонҳо мерасид, вале на ҳама ҳақиқатҳо дар паси он гуфта мешуданд. Ва ӯ бо камоли масъулият дарк мекард, ки ҳар ҷумла метавонад боис шавад, ки тақдири як минтақа дигар гардад.
Дар ҳамин давра, Муродуллоҳ бо шахсиятҳои калидии тарафи Афғонистон, аз ҷумла доктор Баҳриддин Шарафӣ, директори муассиса Абдултавоб Борак, саргеолог Ҳайдарӣ ва профессор Мансур муносибатҳои боэътимод ва судманд барқарор намуд. Ин робитаҳо на танҳо кори кормандони Шӯравиро осон мекард, балки дар муҳити сершикаст ва шубҳаноки сиёсӣ амнияти ахлоқӣ ва ҳирфаӣ эҷод менамуд.
Дӯсти наздикаш Раҳматҷон боре бо ёдоварӣ аз ин рӯзҳо навишт: “Вақте ки ба дафтари геологҳо ворид мешудам, ҳамеша садои нарми Муродуллоҳро мешунидам, ки бо таъбирҳои нарм душвортарин муодиларо байни ду ҷаҳони тамаддун ҳал мекард. Ӯ тарҷумон набуд – миёнҷии виҷдон буд”.
Муборизаҳои ноаён: ИМА ва Шӯравӣ
Амрикоиҳо, ки тавассути лоиҳаҳои USAID ва созмонҳои гуманитарӣ вориди Афғонистон мешуданд, дар муқобили нуфузи Шӯравӣ оромона, вале муассир фаъолият мекарданд. Дар Шибирғон, дар Қундуз, дар Кобул мактабҳо, бемористонҳо ва хатҳои иртиботӣ сохта мешуданд. Муродуллоҳ борҳо вохӯриҳои ноаёни намояндагони ду тарафро мушоҳида мекард.
Шоме, ки ӯ дар меҳмонхонаи “Балх” нишаста буд, як муҳандиси шӯравӣ бо овози паст гуфт:
– Ин харитае, ки мо имрӯз тартиб додем, ба ИМА намерасад, аммо онҳо ба ҳар ҳол аз куҷое хабар доранд. Кӣ медиҳад – худо медонад.
Муродуллоҳ танҳо табассум кард. Ӯ медонист: дар ин ҷо на ҳама чиз бо забон мегузарад, қисме аз мубориза – хомӯш, хатарнок ва зиракона аст.
Лаҳзаҳои инсонӣ: Аз бозор то бемористон
Як субҳ, дар бозори Мазори Шариф, Шерализода шоҳиди як саҳна шуд. Як марди мӯйсафед, ки тарзи либоспӯшиаш шоҳид аз гузашта буд, китобчае дар даст, назди як сарбози ҷавон омад ва бо овози ларзон гуфт:
– Ман хати русиро намефаҳмам. Маро ёрӣ диҳед, ки дар ин ҷо чӣ навишта шудааст.
Муродуллоҳ, ки рост аз фурӯшгоҳи китоб мебаромад, инро дид. Китобчаро гирифт. Он дастури истифодаи дору барои бемории дил буд.
Вай бо мулоимат ҳар ҷумлаи онро тарҷума кард ва баъдан, аз ҳамёни худ он доруро харида, ба пирамард тақдим намуд. Мард бо дуо ва ашк рафт: “Ҳафт пуштат хориро набинад”.
Шаҳодати хомӯш: Маънои тарҷумон будан
Шерализода дар он рӯзҳо тарҷумон буд, аммо бештар аз он – гувоҳи як муҳити мураккаби сиёсӣ, шоҳиди лаҳзаҳои муборизаҳои ноаён ва собитқадами роҳи масъулият. Ӯ дар ҳамон лаҳзаҳо мефаҳмид, ки таърих на фақат дар китобҳо, балки дар бозор, дар бемористон, дар ҳуҷраи хурди муҳандисони геолог низ навишта мешавад.
Ба зудӣ, ӯ аввал ба ҳайси аъзо ва сипас Раиси шуъбаи Шибирғон дар Созмони дӯстии Шӯравӣ – Афғонистон интихоб шуд. Ин вазифа танҳо ном не, минбари аслии робитаи қалбӣ байни ду мардум буд.
Китоб ва як орзуи нотамом: Тоҷикон дар масири Афғонистон
Боре, дар миёни даҳҳо ҳуҷҷат ва китобҳои боэҳтиёт нигаҳдошташудаи Муродуллоҳ Шерализода, ман китоберо ёфтам бо номи “Афғонистон дар масири таърих”. Онро ҳанӯз миёни рафҳои китобҳоям бо эҳтиёт нигоҳ медорам. Варақҳои он пур аз эзоҳоти шахсӣ, қайдҳои хаттӣ ва махсусан нишонагузориҳо дар бахши ба сари қудрат омадани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ – Бачаи Сақо буданд. Муродуллоҳ ин қисматро бо эҳсоси амиқ хонда ва таҳлил карда буд.
Дар яке аз қайдҳояш менависад: “Тоҷикон, ки ба қудрат расиданд, ҳамеша муҳлати кӯтоҳ доштанд – на ба хотири нотавонӣ, балки ба сабаби беадолатии таърих. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки шоҳ шуд, на фақат бо зӯри мардонагӣ, балки бо орзуи адолатхоҳии як қишри мазлум. Вале ӯро зуд ба маърази бадномкунӣ бурданд – ва ин бадномкунӣ танҳо бо сиёсат набуд. Он бо решаи тоҷикӣ будани ӯ иртибот дошт”.
Муродуллоҳ, ки худаш тоҷик, таърихшинос буд, ин ҳамаро бо эҳсоси хосса менавишт. Мегуфт: “Ман сиёсатмадор нестам, вале тарафдори ҳақиқати таърих ва ғояи дӯстии халқам. Вақте мебинам, ки тоҷикон дар Афғонистон ёд намешаванд, ё танҳо ба хотири як иштибоҳ аз саф бардошта мешаванд, дилам месӯзад”.
Ӯ ният дошт, ки як силсила мақолаҳоро бо номи “Тоҷикон дар масири Афғонистон” таҳия ва нашр намояд. Мегуфт: “Мо таърихи худро дар он сӯйи Амударё низ дорем ва вақте расидааст, ки онро зинда кунем”.
Аммо он китоб нотамом монд…
Он саҳифаҳо, он қайдҳо, он хомӯшии пурдард ба унвони мероси шахсе бо номи Муродуллоҳ Шерализода дар гӯшаи дафтари ӯ мемонанд. Ва шояд рӯзе, як қалами дигар, онро ба анҷом расонад – ба ифтихори миллате, ки ҳамеша гӯянда дошт, вале кам касе навиштаҳояшро ҷамъ мекард…
(Давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ