Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)
ОЗМОИШИ ИРОДА
Кор ва зиндагӣ дар Мазори Шариф барои Муродуллоҳ Шерализода танҳо як вазифаи хизматӣ набуд. Он айём барои ӯ ба як мактаби ҳақиқии сабру матонат, озмоиши ирода ва парвариши андешаи миллӣ табдил ёфт. Ин муҳити пуршиддат ва воқеиятҳои сахти рӯзгор дар шахсияти ӯ на танҳо устуворӣ, балки ҳисси амиқи ватандӯстиро парвариш доданд. Солҳо баъд, вақте ӯ ба ҳайси намояндаи мардум дар парлумони Тоҷикистон суханронӣ мекард, маҳз ҳамин таҷрибаи зиндаи Мазор буд, ки ба суханаш неру, ба мавқеаш собитқадамӣ ва ба ҳарфаш эътимод мебахшид.
Дар ҳамин андешаҳо ғӯтта зада будам, ки садои занги телефон хаёламро қатъ кард. Марат буд – писари Умриқул Ҳақбердиев, ки ҳоло дар Мюнхен зиндагӣ мекунад. Падараш, мудири собиқи шуъбаи тарҷумаи Шӯрои Олӣ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бар асари як садамаи нақлиётӣ вафот карда буд. Ӯ солҳо дар Мазори Шариф бо Муродуллоҳ ҳамкорӣ дошт. Он ду нафарро на танҳо кори якҷоя, балки дӯстии самимиву бародарона мепайваст.
Марат бо овози орому бофарҳанг гуфт:
– Маҳмадшариф, навиштаи шуморо дар бораи акои Муродуллоҳ хондам. Хеле самимӣ ва таъсирбахш буд. Агар иҷозат диҳед, мехоҳам як хотираеро аз падарам нақл кунам.
Ман телефонро ба гӯшам наздиктар бурдам.
– Медонед,- гуфт ӯ,- замони ҳукмронии Шӯравӣ дар Афғонистон асосан мутахассисон аз Русия ва Украина фаъолият мекарданд. Дар бахши нафту гази Мазори Шариф, бахусус мутахассисон аз Украинаи ғарбӣ зиёд буданд. Ин як анъанаи муқарраршуда буд, ки то замони сар задани ихтилофи байни Русия ва Украина идома ёфт.
Тарҷумонҳоро бошад, бештар аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, баъзан аз Озарбойҷон ва Арманистон ҷалб мекарданд. Барои раҳбарони шӯравии он давр, кори тарҷумонӣ як вазифаи дуюмдараҷа ҳисоб меёфт – маошаш кам ва эътибораш пасттар буд. Аммо бисёре аз тарҷумонҳо бо вуҷуди эҳсоси ноадолатӣ, ин вазъро мепазируфтанд, мисли муҳоҷирони имрӯз, ки маҷбуранд ба шароити сангин тан диҳанд.
Аммо ҳолатҳое мешуданд, ки косаи сабр лабрез мегардид…
ВАҚТЕ КИ МУШТ ЗАБОН МЕШАВАД
Боре дар Мазори Шариф ихтилоф миёни Муродуллоҳ ва сармеханики Ширкати газу нефти Шимоли Афғонистон Татарчук ба миён меояд. Сармеханик соҳибмансаб, шахси дуюм дар ин лоиҳа буд. Аммо дар муносибат ҳамеша дағал буд, борҳо нисбати мардуми Осиёи Марказӣ калимаҳои таҳқиромез ба забон мегирифт. Он рӯз, рафтори ӯ на танҳо аз чорчӯбаи ахлоқ берун омад, балки таҳқире буд ба унвони Муродуллоҳ ва дигар тарҷумонҳо. Татарчук аз ҷой нимхез шуд ва бо ангушт ишора ба Муродуллоҳ карда, бо алфози қабеҳи русӣ калимаи таҳқиромезеро истифода кард, ки имрӯз нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мебаранд.
Муродуллоҳ қаламро рӯи миз гузошт, чанд қадам ҷониби Татарчук гузошт ва мушти обдоре бар зери манаҳаш зад. Толор лаҳзае шах шуд. Касе маҷоли сухан гуфтан накард. Аз тарс баъзеҳо дида ба фарш дӯхтанд. Татарчук бо шаст аз ҷой хест ва аз маҷлисгоҳ берун рафт.
Гапи хона ба кӯча баромад. Афғонҳое, ки Татарчукро чашми дидан надоштанд, дасти Муродуллоҳро мефишурданд. Аммо мутахассисони СССР аз Украинаи ғарбӣ ҷамъ омада, масъалаи дар 48 соат депорт кардани Муродуллоҳро ба миён гузоштанд. Вазъ пурпечутоб буд.
Муродуллоҳ бо сари хам ба хона баргашт. Ҳамсари ҳомилааш Хосият ва Нигинаи хурдсолаш ӯро интизор буданд. Табиати гирифтаи ӯ онҳоро нигарон кард.
Ҳастанд касоне, ки дар лаҳзаҳои вазнин малҳам бар тани бемор мешаванд. Умриқул Ҳақбердиев, ки бо тахаллуси “ако” миёни тоҷикон шуҳрат дошт, аз ин ҷумла буд. Ӯ масъули бахши раводид буд ва бо сардори ширкат Юшкеевич муносибати хуб дошт. Суҳбати онҳо пушти дари баста тӯлонӣ буд, вале умедбахш. Акнун бояд сухани охиринро сардори шуъбаи кадрҳои намояндагии газу нефти СССР дар шимоли Афғонистон Мишенко мегуфт. Мишенкоро пагондор мегуфтанд. Аз ин ҷост, ки бо тарсу ҳарос ба ӯ муроҷиат мекарданд. Аммо ин дам сухан сари сарнавишти як кадри ҷавон, ҳамватани ӯ Муродуллоҳ Шерализода мерафт.
Қарори Мишенко қатъӣ буд: “Депорт мекунам!”. Дар ин масъала ӯ ду пой дар як мӯза андохта буд.
Ҳақбердиев, ки шахси ботадбир ва кордон буд, хуб мефаҳмид: агар дар чунин ҳолат эҳсосотӣ рафтор кунад, Муродуллоҳро дар давоми 48 соат аз Афғонистон депорт мекунанд. Ин маънии онро дошт, ки ояндаи ӯ месӯзад. Вай роҳеро пеш гирифт, ки на сари касеро хам кунад, на шаъни касеро паст занад. Ӯ на ба баҳс, балки ба далел рӯ овард.
– Григорий Александрович, росташро гӯям, Шералиев кори хуб накард. Мою шумо ҳар рӯз бо мардум сарукор дорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки як калима, як нигоҳ одамро аз худ бехуд мекунад. Бар илова, чунин як тарҷумони бомаҳорат, касбиро пайдо кардан кори осон нест.
Мишенко бо нигоҳи тунд ба Умриқул менигарад:
– Задани мутахассис – ин на танҳо хато, балки вайрон кардани тартибот аст.
Ҳақбердиев каме ҷилавтар нишаст ва бо нармӣ гуфт:
– Ба фикрам, ин ҷавон сазовори як шонси дигар аст. Ӯ ягон бор тартиботро вайрон накардааст. Қадаш баланд бошад ҳам, сараш хам, бавиҷдону кордон аст. Дар ҷавонӣ кӣ хато намекунад? Аз хурдон хато, аз бузургон ато. Бовар кунед, агар ӯро ба Шибирғон фиристем, ором мешавад, худашро нишон медиҳад. Агар боз мушкиле эҷод кунад, шахсан худам масъулияташро ба дӯш мегирам.
Мишенко чанд сония фикр кард. Ниҳоят гӯё бо норизогии зоҳирӣ, вале дар ботин ба мантиқ розӣ шуда, гуфт:
– Як бор. Танҳо як бор. Ва агар шумо шахсан кафолат диҳед.
Ҳақбердиев бо лабханди ба худаш хос ором гуфт:
– Ман кафолат медиҳам. Ва ба шумо исбот мекунам, ки ин ҷавон сазовори бовар аст.
(Давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ