Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)
БАДАРҒА БА ШИБИРҒОН
Шибирғони солҳои 70-уми асри гузашта як шаҳраки хомӯш, сард ва бодхез буд. Шамолҳои сахт аз дашту биёбон мегузаштанду бо худ хоку чанги сурх мебурданд. Рӯзона ҳаво хунук, шабона сардии сахт нафасро ба бӯғ табдил медод. Дар ҳамин муҳит, дар миёни муҳандисон ва кормандони соҳаи истихроҷи нафту газ Муродуллоҳ Шерализода ба ҳайси тарҷумон фаъолият мекард.
Вале ӯ на танҳо бо касбияти тарҷумонӣ, балки бо хоксорӣ, нармсуханӣ ва ҳисси масъулияти баландаш зуд миёни кормандони шӯравӣ ва афғон дӯстӣ пайдо кард. Миёни афғонҳо ӯ бо ростқавлию саховатпешагӣ ном бароварда буд. Дар муҳити касбие, ки ҳарф аз пул, техника ва истихроҷ буд, Муродуллоҳ бо сухани оддӣ ва муносибати самимӣ ҳама монеаҳоро пушти сар мекард.
Номаш зуд ба некӣ паҳн шуд. Чанд муддат нагузашта, ҳатто волии Шибирғон ӯро ба зиёфати расмӣ даъват кард. Дар онҷо ба Муродуллоҳ бо эҳтиром муносибат мекарданд, ҳамчун ба шахсе, ки дар густариши муносибатҳои мардуми Афғонистону Шӯравӣ нақш дошт. Ӯ бисёр масъалаҳои мубрами миёни мутахассисон ва мақомоти маҳаллиро бо оромӣ ва мантиқ ҳал мекард.
Овозаи эътибор ва эътимоди мардумӣ ба Муродуллоҳ аз Шибирғон берун рафт. Ба зудӣ дар Мазори Шариф ва ҳатто дар Кобул аз ӯ ёд мекардагӣ шуданд. Албата ин ҳама аз назари роҳбарият ва сафорати СССР дар Афғонистон дар канор намонд. Дар ҳамин шабу рӯз ҳайати нави мутахассисон аз Ленинград ба Мазори Шариф омаданд. Дар яке аз суҳбатҳо шоҳиди бо маданияти баланд ба забони хуби адабии русӣ ҳарф задани ӯ шуданд. Даме ки ӯ аз Ҳофизу Хайёму Блоку Есенин шеърхонӣ кард, онҳо аллакай хулосаи худро бароварда буданд: Муродуллоҳ Шерализода ба сифати сартарҷумон ба Мазори Шариф баргардонида шавад.
Ӯ ба Мазори Шариф баргашт.
МАЗОРИ ШАРИФ
Дар Мазори Шариф касе ба истиқболи Муродуллоҳ набаромад. Баробари аз таксӣ фуромадан, ӯ ҷониби бинои намояндагии Шӯравӣ роҳ пеш гирифт. Шаҳр мисли ҳамеша пур аз ғубор ва бӯйи газу нафт буд.
Наздикии коргоҳ назараш ба марди афғон афтод, ки дар кору бору рӯзғори мутахассисони шӯравӣ кумак мекард. Ӯ Муродуллоҳро шинохт ва аз дасташ ҷомадонро гирифт.
Онҳо суҳбаткунон ҷониби коргоҳ рафтанд. Саҳни коргоҳ ором буд. Муродуллоҳ ба дафтари кори сармеханик даромад. Сармеханик иваз шуда буд. Баъд аз пурсупос вай Муродуллоҳро ба назди роҳбари намояндагии Шӯравӣ дар шимоли Афғонистон А. Сафронов бурд.
Дар утоқи А. Сафронов, ки аз мутахассисони баландмақоми шӯравӣ буд, онҳо суҳбати тӯлоние доштанд.
– Мо ба мутарҷими баландихтисос зарурат дорем. Шумо таҷрибаи хуби корӣ дар Мазори Шариф доштед, дар Шибирғон ҳам хуб кор кардед. Ҳоло гурӯҳи мутахассисон аз Ленинград омадаанд. Ба онҳо тарҷумоне лозим аст, ки бо муҳити маҳаллӣ ошно бошад, забони дариро хуб донад ва аз ҳама муҳим, бо мардум забон ёфта тавонад. Мувофиқи шуниди ман, шумо ин сифатҳоро доред. Барои ҳамин, шуморо аз Шибирғон ба марказ овардем.
Муродуллоҳ гӯш кард ва фақат сари тасдиқ ҷунбонда, гуфт:
– Ташаккур барои эътимод. Кӯшиш мекунам сазовор бошам.
Муродуллоҳ аз утоқи корӣ берун шуд. Ҳамоно боди сард мевазид. Ба манзили зисташ рафт, ки дар канори маркази шаҳр қарор дошт. Дида ба осмон дӯхт. Афғонистонро акнун бо чашми дигар медид, на ҳамчун кишвари будубоши маваққатӣ, балки саҳнаи масъулият ва рисолат.
БОЗГАШТ БА ДУШАНБЕ
Бегоҳии тирамоҳи соли 1970. Муродуллоҳ Шерализода – касе, ки солҳои тӯлонӣ дар сарзамини Афғонистон бо мардум, забон ва фарҳанги он унс гирифта буд, бо як ҷомадон ва диле саршор аз андешаву нақшаҳои тоза ба қатораи самти Душанбе нишаст.
Гусели ӯ гарм ва самимӣ буд. Дӯстону ҳамкорон, ки ӯро бо эҳтиром ва меҳр мешинохтанд, ӯро то истгоҳ ҳамроҳӣ карданд. Доктор Шарафӣ, ки наздики рӯ ба рӯяш истода буд, дасташро сахт фишурда, гуфт:
– Мо бозгашти туро интизорем…
Пас аз убури сарҳад, Муродуллоҳ лаҳзае сукут варзид. Ба хоки ватан, ки пас аз солҳо боз по бар он мениҳод, бо эҳсос нигоҳ кард. Ҳар қадаме ба сӯйи Душанбе гӯё сафари дубора ба хотираҳо ва гуфтугӯҳои гузашта буд. То ба пойтахт расидан вақт буд, вале қалби ӯ пештар мерафт.
Субҳи барвақт қатора ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе расид. Нахустин шуоъҳои офтоб рӯи кӯҳҳои гирду атроф медурахшиданд. Вақте ки Муродуллоҳ пой ба зина гузошт, овози “Муродуллоҳ омад!” фазоро пур кард. Дӯстону ҳамкорон, шиносону наздикон бо чеҳраҳои пурнур ва табассумҳо ба пешвоз омада буданд.
Ӯ ба хиёбони Садриддин Айнӣ назар андохт – кӯчаҳои шинос, садоҳои ошно. Медонист, ки ин бозгашт танҳо бозгашти ҷисмонӣ нест. Ӯ бо худ як ҷаҳони дигар оварда буд: таҷриба, хотира, нақшаҳои нав, китобҳои арзишманд ва муҳимтар аз ҳама – эҳсоси масъулият.
Бо як ҷомадон дар даст ва нигоҳи умедбор, ки ба оянда дӯхта шуда буд, қадам ба самти хона гузошт – самти мардум, самти рисолати нав.
Субҳ, хомӯшона, ба кӯчаи Маяковский расид – кӯчае, ки замоне макони гуфтугуҳои пуршӯри ҷавонони зиёӣ буд. Дар саҳни ҳавлӣ модар, ки дар интизори фарзанд рӯз мешумурд, бо ашки шодӣ ба пешвози ҷигарбандаш баромад. Он лаҳза дар чашми ҳамсояҳо мисли як кинои зинда ҷилвагар шуд: ҷавонмардест, ки ҷомадонро ба замин гузошта, ба оғӯши модар мешитобад…
Муродуллоҳ ором нанишаст. Баҳри рисолати нав ба кори илмӣ рӯй овард. Ӯ дар Институти таърихи Ҳизби коммунист ба ҳайси ходими илмӣ ба фаъолият шуруъ кард.
Аз рӯзҳои аввал маҳорати таҳлил, дониши жарф ва таҷрибаи зиндаи ӯро ҳамкорон эҳсос карданд. Ӯ зуд дар доираи муҳаққиқон ва рӯзноманигорон ҳамчун мутахассиси варзида шинохта шуд.
Аз ҷумла, дар сар дошт, ки як асари мукаммал дар бораи нақши тоҷикон дар муборизаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Осиёи Марказӣ таҳия намояд – бо такя ба ҳақиқат, бо нигариш ба адолат ва бо қалби ба виҷдон тобеъ.

КИТОБИ НОТАМОМ
Соли 1991 дар рӯзномаи «Садои мардум» ҳамкории ман бо Муродуллоҳ Шерализода оғоз ёфт.
Дар яке аз он рӯзҳо, бо он кас суҳбати тӯлоние доир ба китоби таърихии Мир Ғубор – «Афғонистон дар масири таърих» доштем. Суҳбати мо ба як гуфтугӯи амиқи фикрӣ табдил ёфт. Он вақт, ба унвони рӯзноманигор гуфтугӯро дар дафтарчаи худ сабт карда будам. Чанде пеш, ҳангоми ҷустуҷӯи як ҳуҷҷате, онро пайдо кардам. Саҳифаҳояш зард шуда бошанд ҳам, вале ҳарфҳо хоно буданд.
Акнун, онро ба шакли мусоҳиба рӯйи коғаз овардам ва пешкаши шумо мекунам, то бидонед садои як шахсиятеро, ки таърихро мехонд, балки онро эҳсос мекард.
– Баъди бозгашт аз Афғонистон, дар фазои илмии Тоҷикистон фаъолиятро аз чӣ оғоз кардед?
– Вақте аз Афғонистон баргаштам, мақсадҳои бузургеро наздам гузошта будам. Солҳо дар он кишвар на танҳо тарҷумонӣ кардам, балки таърих, ҷомеа ва ранҷу умеди мардумро бо чашми хеш дидам ва омӯхтам. Дар Душанбе тасмим гирифтам, ки кори илмиро оғоз намоям. Дар Институти таърихи ҳизб ба кор даромадам, зеро медонистам, ки ин ҷо метавонам аз таҷрибаҳои хеш барои таҳқиқ ва омӯзиши воқеиятҳои минтақа истифода барам.
– Китоби “Афғонистон дар масири таърих” чӣ гуна ба дасти шумо расид ва чаро ба тарҷумаи он пардохтед?
– Ин китобро ҳанӯз дар Афғонистон ба даст оварда будам. Ман он замон ба масоили таърихи Афғонистон таваҷҷуҳ доштам. Вақте китобро хондам, ҳис кардам, ки бисёр воқеаҳо, бахусус дар бораи тоҷикон, яктарафа ва ҳатто таҳқиромез навишта шудаанд. Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, ки бори аввал як тоҷик дар сари қудрат нишаста буд, ҳамчун як шахсияти заифу ноқобил тасвир шуда буд. Ин ба ман сахт расид.
– Шумо худ ҳукмронии кӯтоҳи Ҳабибуллоҳхонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ин як давраи кӯтоҳ буд, вале пурмаъно. Ҳабибуллоҳхон бо вуҷуди набудани таҷрибаи сиёсӣ, яке аз аввалин тоҷикон буд, ки тавонист алайҳи зулму беадолатӣ дар Афғонистон мубориза кунад. Ӯ пуштибонии мардумро дошт ва як ҳаракати оммавиро сарварӣ мекард. Албатта, душманонаш зиёд буданд ва кумакҳои хориҷӣ, махсусан аз Бритониё ба Нодирхон суқути ӯро сабаб шуданд. Вале ин маъно надорад, ки ин давра бояд нодида гирифта шавад.
– Чаро шумо тасмим гирифтед, ки китобро тарҷума кунед?
– Ман ҳис кардам, ки таърихи ин давраи Афғонистон бояд таҷдиди назар шавад. На бо чашми ғолибон, балки бо дидаи ҳақиқат. Ман мехостам на танҳо тарҷума кунам, балки бо шарҳу эзоҳҳо он қисматҳоро, ки ба миллати мо нисбат дода шудаанд, таҳлил намоям. Ин кори осон набуд, вале вазифаи виҷдониам шуморидам.
– Шумо ҳоло ба ин таърих чӣ гуна менигаред?
– Таърих майдони муборизаи хотираҳост. Миллате, ки таърихи худро нафаҳмад, ҳамеша аз нав фиреб мехӯрад. Ман ҳамеша бар он будам, ки таърих бояд ба таври мунсифона ва воқеӣ навишта шавад, на аз нигоҳи ғолибону тамалуқкорон.
(Давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ