Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

АВВАЛИН МУЛОҚОТ БО ШЕРАЛИЗОДА

Соли 1976. Душанбе. Ғарқи олами хаёлот, қадамзанон аз кӯчаи Орҷоникидзе мегузаштам. Боди сабуки саҳар бо барги дарахтони сафедор бозӣ мекард. Дар даст диплом – ҳосили панҷ соли шабзиндадорӣ, омӯзиши китобу дарси маърифат доштам. Вале он, бо ҳама арзишу эътибораш, ҳанӯз ба саволи муҳими ман посух намедод: оянда чӣ хоҳад буд?

Мувофиқи тақсимоти донишгоҳ ман бояд ба ноҳияи Вахш мерафтам. Номи Вахшро медонистам, аммо он барои ман бештар мисли афсона буд, водие дурдасту гарм, ки фақат боре, дар рӯзҳои пахтачинӣ, он ҷо сукунат доштам. Он манзара, ки он замон танҳо саҳнае аз замини кушоду бекарон менамуд, акнун дар дилам сояи зиндагии ношинос ва пурпечутоберо меафканд.

Аммо як чиз маро ором намегузошт – хотираҳои падар. Он кас ҳикоят мекарданд, ки чӣ гуна, баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, мардуми Киштуту Зимтути мо дар ҷавоб ба даъвати ҳукумат роҳи тӯлонии дашту биёбони Хатлонро пеш гирифтанд. Селаи мардум, ки деҳқон буданд, бо умеди сохтани Тоҷикистони навин, зиндагии нав, ба ин водӣ сафарбар мешуданд.

Ман, ки он замон танҳо гӯш мекардаму тасаввур менамудам, ҳоло он тасаввур бароям ба воқеият табдил меёфт. Махсусан қиссаву ёддошти падарам аз сафарбарии ҳамдеҳаамон амаки Шариф – падари Холмурод Шарифов ба ёдам омад. Мегуфтанд, ки чӣ гуна ӯ, дар қатори садҳо нафари дигар, ба Вахш рафт, дар он обу ҳавои дигар, аз хок кишту замин сохт, хона бино кард, фарзанд калон кард ва баъдан ба яке аз чеҳраҳои намоёни фарҳанги Тоҷикистон табдил ёфт.

Ман хаёлан мебинам: сели одамон, бархе савори хар, бархе халтаҳову хӯрҷин дар пушт, кӯдакон савори сари китфи падару модар, гурусна, ташна, вале бо як умеди бузург – умеди зиндагии нав. Онҳо аз Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Ғарм, Самарқанду Бухоро, ағбаҳои Бадахшон, аз ҷойҳои сербарфу дур омада буданд, то як гӯшаи биёбонро ба боғи умед табдил диҳанд.

Ҳоло, ки ман – фарзанди ҳамон насл – он роҳро бо роҳи худ давом доданӣ ҳастам, худро гӯё пайвандгари ду давра мебинам: давраи қаҳрамонӣ ва давраи ором, аммо пурмасъулият. Дипломи ман – идомаи каланду бели онҳо буд.

Ҳарчанд дилам ба Душанбе бастагӣ дошт, вале андешаи он ки бо рафтанам ба Вахш кори аҷдодамро давом медиҳам, қалбамро бо ифтихор пур мекард.

Гӯё ман ҳам бояд дар рӯйномаи он замин номи худро сабт кунам, на бо каланд, балки бо қалам.

Ҳамин тавр андешамандона роҳ мерафтам.

Назди бинои рӯзномаи «Маориф ва маданият» каме истодам. Намедонам чаро – шояд одат буд, ё як эҳсоси ноаён маро бозмедошт. Дар ҳамин дам аз тарафи муқобил марде меомад, ки қомати рост, роҳравии устувор ва нигоҳаш аз дур эҳсоси эътимодро бедор мекард.

Ман ӯро шинохтам. Ӯ Муродуллоҳ Шерализода буд. Номаш бароям ошно буд, чеҳраашро борҳо аз забони мардуми деҳа шунида, дар хаёлам тасаввур карда будам. Ӯ ҳамдеҳаи мо буд – аз Кулолии Панҷакент. Падараш чӯпон, марди пок, аз дӯстони наздики падарам буданд. Падарам борҳо бо ифтихор гуфта буданд: “Муродуллоҳ бачаи бономус аст. Агар ӯро бубинӣ, бидон, ки фарзанди бофарҳанг чӣ гуна мешавад”.

Дар дил суханҳо мисли насиҳат нақш баста буданд.

Бо эҳтиром қадам ба пеш мондам ва гуфтам:

– Ассалому алайкум, акаи Муродуллоҳ.

Ӯ якбора истод. Ман худро шинос накарда будам, вале эҳсос кардам, ки нигоҳаш аллакай маро дарёфт. Лаҳзае маро аз сар то по назар андохт, пас лабханде зад, табассуме орому гарму хешона:

– Валайкум салом… Аз лаҳҷа фаҳмидам, ки кулолангӣ ҳастӣ. Писари кӣ мешавӣ?

– Ҳамдамбой.

– Писари амаки Ҳамдам мешавам гӯй! Падарат одами заҳматкашу ростқавл, дӯсти падарам. Он кас махзани ҳикмату одамгарӣ, сабру таҳаммул.

Сипас пурсид:

– Мехонӣ?

– Университетро хатм кардам,- гуфтам,- диплом гирифтам. Мувофиқи тақсимот ба Вахш рафтанам даркор.

Ӯ каме фикр кард, сипас бо як овози боварибахш пурсид:

– Мехоҳӣ дар Душанбе монӣ?

Ман худам низ, ки дар дил бо ин савол дар кашмакаш будам, танҳо гуфтам:

– Намедонам…

Ӯ дасти росташро ба китфи ман гузошт. Нармию устувории он даст мисли сухани тасаллибахш буд.

– Шом ба ман занг зан. Занги телефони туро интизор мешавам,- гуфт ӯ ва дар коғазе рақами телефонашро навишта ба ман дод.

Он бегоҳ, вақте ки шамоли шом ба танаи дарахтон бархӯрда, навои хомӯшӣ мезад, ман ба “Почтамт” даромада, занг задам.

Дилам тез-тез мезад, эҳсос мекардам, ки паси ин занг, эҳтимол, як гардиши муҳими сарнавишт пинҳон аст.

Телефон чанд маротиба занг зад, то ин ки дар сӯи дигар овози зани хушовоз баланд шуд:

– Алло?

– Метавонам бо акаи Муродуллоҳ суҳбат кунам?

– Як лаҳза,- гуфтанд бо мулоимӣ.

Хомӯшӣ. Пас садои марде баланд шуд:

– Салом алайкум. Гӯшам…

Ман худро муаррифӣ кардам. Ӯ, бо он лаҳни пурэътимоди хеш, ки эҳсоси бовар ва дастгириро бедор мекард, гуфт:

– Фардо соати даҳ ба дафтари сармуҳаррири нашриёти “Маориф” – Муқаддас Искандаров равед. Ман бо ӯ суҳбат кардам. Ӯ бо шумо суҳбат мекунад. Агар аз имтиҳонаш гузаштед, ба кор қабул мекунад.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *