Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)

ДАРИ НАВЕ КУШОДА МЕШАВАД

Он шаб бароям аз шабҳои қаблӣ ҳам вазнинтар буд. Бори гарони интизорӣ мисли соя вуҷудамро фишор меовард. Ман бо фикрҳои гиреҳхӯрда ва хаёли имрӯзи номаълум тани танҳо будам. Медонистам: фардо ё кафшамро пеши поям мегузоранд, ё даре ба рӯям боз мешавад. Дастам на ба навиштан мерафт, на хондан. Дар зеҳнам сухани «имтиҳон» чун ангушти муаллим дар лавҳаи синф, тоб мехӯрд.

Чанд маротиба майли ба Муродуллоҳ Шерализода занг задан кардам, зеро бо тавсияи ӯ ба ин даргоҳи умед қадам гузошта будам. Аммо… ҷуръат накардaм. Гӯё бо нигоҳи мегуфт: «Натиҷаи имтиҳонро интизор бош!». Ҳамин тавр, шаби пуртаҳлукаи интизорӣ бо лабрези хаёлу дуоҳо сипарӣ шуд.

РӮЗИ ДИГАР: ҚАДАМИ АВВАЛ БА СӮИ КАСБ

Субҳ бо дили пур аз ҳаяҷон, вале қадами устувор ба идораи нашриёти «Маориф» ворид шудам. Ман медонистам, ки имрӯз тақдирам дар роҳи касбият муайян мешавад. Ӯктам Абдуллоевич бо чеҳраи ҷиддӣ, вале ботавозуъ маро истиқбол кард ва ба назди сармуҳаррир бурд.

Муқаддас Искандаров чун ҳамеша бо нигоҳи пок ва лаҳни шиновараш маро истиқбол гирифт. Аз ҷояш хеста, дастамро гарм фишурду даъват кард, ки биншинам.

– Мо натиҷаҳои кори шуморо баррасӣ кардем,- ба сухан омад ӯ. Аз имтиҳон гузаштед. Муаллима Мукаррама Қосимова дар бораи шумо тавсифномаи хуб доданд.

Ин ҳарфҳо барои ман пас аз як зимистони тӯлонии ноумедӣ, офтоби нахустини баҳор буданд. Искандаров суханашро идома дод:

– Меарзед, ки шуморо ба ҳайси муҳаррири калон ба кор қабул кунем, лекин танҳо як ҷойи холӣ дорем -муҳаррири хурд. Агар розӣ бошед, ба он вазифа таъин мекунем ва баробари пайдо шудани ҷой, мақоми шуморо боло мебардорем.

Ба ҷониби Ӯктам Абдуллоевич нигаристам. Ӯ бо нигоҳ ишора дошт, ки «Розӣ шав!». Ман ризоият додам.

Ҳамон рӯз фармони ба кор қабул кардани ман баромад. Баъди яку ним моҳ маро ба муҳаррирӣ гузарониданд ва се моҳ пас, ман аллакай муҳаррири калон будам.

ЧАКАНАИ ВИҶДОН

Оё ту одам ҳастӣ?

Дар зиндагии ҳар фард лаҳзае ҳаст, ки аз ӯ на мансаб мепурсанд, на дороӣ, на ҳашаммату бузургӣ. Аз ӯ пурсида мешавад:

«Оё ту одам ҳастӣ?»

Он рӯз як рӯзи оддӣ буд. Як тӯйи оддӣ. Як сафари оддӣ.

Аммо лаҳзае фаро расид, ки он дигар оддӣ набуд.

Муродуллоҳ Шерализода ҳамроҳи хонаводааш – ҳамсар, ду кӯдак ва модарарӯс ба тӯйи дӯсташ, ба Ҳисор мерафтанд. «Волга-24»-и сафеди ӯ, ки ҳосили меҳнати чандсола дар Афғонистон буд, дар шоҳроҳи Рӯдакӣ, назди Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т. Шевченко суръаташро паст кард. Дар канори роҳ зани парешоне, кӯдаки хунолуд дар оғӯш, пойлуч ва мӯйҳояш парешон ба самти мошинҳо даст дароз карда, бо овози ҳазин фарёд мекашид:

– Илтимос! Кӯдакамро аз мурдан наҷот диҳед!

Ӯ мошинро канори роҳ гирифт. Модари ҷавон бо чашмони ашкбор ва кӯдаки хунолуд дар даст ба мошинҳо овезон буд:

– Илтимос, кӯдакам мемурад! Ёрӣ диҳед!

Ин лаҳза ба назари Муродуллоҳ ақрабаки соат аз гаштан бозмонд. Муродуллоҳ нигоҳи кӯтоҳе ба кӯдак андохт ва гӯё садои дили худро шунид: “Агар ин кӯдакро наҷот надиҳӣ, ҳар чӣ хондаӣ, ҳар чӣ гуфтаӣ, ҳар чӣ кардӣ, арзише надоранд”.

– Хосият, Нигина, Эраҷ, бо модаратон зуд аз мошин поён шавед!,- фармуд ӯ бо овози қотеъ.

Модарарӯс, ки барои рафтан ба тӯйи арӯсӣ нав аз назди машшота баромада буд, бо хотири озурда ва лаҳни нешдор изҳори норозигӣ кард:

– Фу, ҳамин ҳам гап шуд!

Хосият бо нигаронӣ гуфт:

– Муродуллоҳ, ин тӯйи дӯстони қадрдони мост, дер мекунем.

Аммо ӯ дигар чизе намешунид. Амалаш ҳам мувофиқи донистаи худаш буд: «Марди асил аввал одам аст, баъд ҳамсар, сипас дӯст».

Ӯ кӯдакро аз бағали модар гирифт. Хун аз пойи кӯдак мешорид. Вай бо суръати баланд мошинро ҷониби бемористони “Ёрии таъҷилӣ”, кӯчаи Садриддин Айнии Душанбе ронд. Дар роҳ, назди Фурӯшгоҳи марказӣ нозири БДА талош кард ӯро боздорад. Ишора кард, ҳуштак кашид. Аммо мошин наистод. Сипас ба мототсикл савор шуду “Газ 24”-ро дунбол гирифт. Аз пасу пеш, паҳлу, бо ҳуштак, бо ишораву фарёд мехост Муродуллоҳро ба таваққуф водор созад. Ба гӯши Муродуллоҳ танҳо садои нолаи модар ва тифл мерасид.

Муродуллоҳ назди даромадгоҳи бемористон мошинро нигоҳ дошт. Дар даст тифли хуншор ба дарун давид. Кӯдакро ба шуъбаи ҷарроҳӣ супурд.

Танҳо баъд аз он, ки табибон “дар вақташ овардед, наҷот меёбад” гуфтанд, нафаси сабук кашид.

Муродуллоҳ аз бемористон хориҷ шуд. Нозир дар назди мошин ӯро мунтазир буд. Ҳуҷҷат талаб кард.

Муродуллоҳ, ки либосаш хунолуду чеҳрааш хаста буд, гуфт:

– Надидӣ, ки кӯдак дар дами марг буд?

Аммо нозир тӯтивор мегуфт: «Қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардӣ!».

– Ман қарзи виҷдонамро адо кардам,- ба сухан омад Муродуллоҳ.

– Ман вазифа иҷро мекунам,- гуфт дар ҷавоб нозир ва бо исрор ҳуҷҷат талаб намуд.

Шерализода ҳуҷҷатҳоро ба нозир супорид ва ба он ҷое, ки зану кӯдаконашро фароварда буд, баргашт. Дар он ҷо касе набуд. Ҳама рафта буданд.

Он рӯз Шерализода ба тӯй нарафт.

Ӯ тӯйи виҷдон дошт.

Дар зиндагӣ шояд кам касоне бошанд, ки чорчӯбаи «қонун»-ро шикананд, то «ҷон» бихаранд. Кам касест, ки амали худро бо тарозуи виҷдон баркашад.

Дар лаҳзаҳои тақдирсоз қаҳрамонӣ на дар рутба аст, на дар донишу мансаб, балки дар тавоноии инсон барои гузаштан аз худ, аз хостаҳои фардӣ, ба хотири наҷоти дигарон.

Муродуллоҳ Шерализода он лаҳзаро интихоб кард, ки бисёре худхоҳон аз он гузар мекунанд: лаҳзаи фидоӣ будан, наандешидан аз оқибат, бе интизорӣ ба сипос.

Қоидаҳо барои ба тартиб андохтани зиндагӣ офарида шудаанд,

аммо виҷдон барои наҷот додани он.

Вақте ки ҷони як кӯдак дар ихтиёри ӯ қарор гирифт, ӯ нафақат фармонро шикаст, балки бо амали худ як ҷаҳони инсонӣ сохт. Ва ҳамин аст рисолати аслии одам, фаромӯш кардани қоида, ба хотири эҳсоси ҷавобгарӣ дар лаҳзаи зарурӣ.

Иқтибос аз бузургвор Маҳатма Гандӣ:

«Ҳар ҷо, ки одамӣ ба ниёзи одамӣ посух мегӯяд, он ҷо ибтидои Худо аст».

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *