Вақте ки ҳақиқат тир хӯрд

Агар Муродуллоҳ Шерализода, аввалин сармуҳаррири “Садои мардум” ва вакили Шӯрои Олӣ ба қатл намерасид, имрӯз, 14 апрел 80-сола мешуд.

Бӯсаи меҳр

Соли 1958. Ҷашни 1100-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Шуълаи офтоб қуллаи кӯҳи Чимтарғаро бурида, ба домони кӯҳи соя нурпошӣ мекард. Одамони зиёде аз гӯшаю канори дунё ба зодгоҳи поягузори шеъри тоҷикӣ (форсӣ) ҷамъ омада буданд. Дар толори кӯчаки Ҳуснобод, ки онро боғи Рӯдакӣ ҳам мегӯянд, бузургони зиёде ҷамъ омада буданд. Ба минбар хонандаи мактаби деҳаи Кулолӣ Муродуллоҳ Шерализода баланд мешавад. Садои ӯ дар толори хурде, ки бузургони зиёд ҷамъ омада буданд, танин меандозад. 

Шеъри Рӯдакӣ аз забони ӯ мисли оби чашма мерехт-шаффоф, зинда, равон. Саид Нафисӣ, ховаршиноси маъруф аз Эрон, ашк дар чашм, аз ҷояш мехезад, назди наврас меояд ва аз пешонияш мебӯсад.

Ин бӯсаи меҳри Саид Нафисӣ Муродуллоҳи мактабхонро ба роҳҳои бузург ҳидоят мекунад.

Кулолӣ-деҳае, ки мактаби он ба номи Муродуллоҳ Шерализода аст

Дуои пирони деҳа

Муродуллоҳ, баъди хатми мактаби ба номи Рӯдакӣ, бо қалби пур аз орзую ормон, роҳи Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро пеш мегирад. Дар саҳни чойхонаи деҳа одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Дар паҳлӯи Муродуллоҳ, ки дар даст тӯшаи роҳ ва бастаи китобҳо дошт, амаки Шералӣ ба асои чӯпонӣ такя карда, меистоданд. Ҳама чашм ба падару писар дӯхта буданд. Касе чун асрори азал намедонист, ки ин ҷавони навчақади хушсимо, ки бо пойи худ деҳаро тарк мекунад, рӯзе савори аспи чӯбин ба зодгоҳаш меоранд.

Пири нуронӣ, сарвари деҳа Нуралӣ Розиқ, ки абрӯяш мисли катибаи таърих будааст, дасти Муродуллоҳро мегирад ва ором мегӯяд:

– Сазовори нони ҳалоли падар бош, фарзанд!

Он лаҳза ашки падару модар ва дуои пиру ҷавон роҳи ӯро мисли рӯди Киштӯд гӯё ҳамвору пок месозанд. Аммо ин роҳ росту ҳамвор набуд.

Чун роҳи ағбаи Анзоб, ки пур аз  оҳу нолаи мошинҳои боркаш ва меғҳои хатарзо буд. Ӯ ба мошини боркаш савор мешавад. Шамоли сард, чангу хоки роҳ ва садои чархи резинии мошини боркаш ҳамсафари ӯ буданд.

Роҳе, ки ҳоло дар се соат тай мешавад, он замон ҳашт соат тӯл мекашид. Бардорузани мошин дилбеҳузуркунанда буд. Муродуллоҳ дар кунҷи боркаш менишинад. Дар як даст тӯшаи роҳ ва бо дасти дигар аз борти мошин сахт часпида буд.

Мошин ба сари ағбаи Анзоб расид. Касе ҷониби ошхона медавид, касе канори роҳ сар ба кафи дастон гирифта, нафаси тоза мекашид. Муродуллоҳ ба осмон менигарад. Осмон чун дили мардуми куҳистон софу беғубор буд. Ӯ даст сӯйи осмон бурд:

– Худоё, умед ба дохил шудан дорам, ноумед насоз!

Оғӯши шаҳре, ки чун бӯсаи Саид Нафисӣ гарм буд

Мошини боркаши “ГАЗ-51” дар  даромадгоҳи шимоли Душанбе қарор гирифт. Ронанда, бо ишораи чашм мусофиронро водор сохт, ки аз мошин поён шаванд. Навҷавоне, ки дар кунҷи қафои мошин нишаста буд, оромона поён мефарояд. Ӯ дар даст ду баста дошт-яке тӯшаи роҳ, дигаре бастаи китобу дафтарҳо.

Ин аввалин бор буд, ки ӯ Душанберо медид. На он гуна, ки дар хаёл дида буд. На он шаҳри тиллоии Мирсаид Миршакар буду на хонаҳои осмонбус чун Ню Йорк.  Шаҳр порои замине буд, ки аз хок ба рӯъё пайваста буд.

Муродуллоҳ дар хиёбони васеъ, аммо хомӯш қадам мезад. Хонаҳои дуошёнаи замонавӣ барояш мисли қаср менамуданд. Духтари кӯтоҳдомане аз рӯ ба рӯ меояд-ҷавон чашм ба замин медӯзад. Бори аввал дида буд, ки озодӣ метавонад мӯҷиби шарм гардад.

Садои мошинҳо ҳам ношинос буданд. Дар деҳа, ба пешвози мошин  кӯдакон бо доду фиғон медавиданд. Дар ин ҷо бошад, касе ба ҳаракати мошин эътибор намедод.

Ӯ ғарқи андеша ба назди бинои Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) расид. Дарахтони чинор чатри сояафкан ва паноҳгоҳ дар гармии офтоб буданд.

Ӯ назди бинои дуошёнае қарор гирифт, ки дар тоқи он лавҳаи “Факултети таъриху филология” навишта шуда буд.

Муродуллоҳ зери лаб гуфт:

– Аз ҳамин ҷо ҳама чиз оғоз мешавад…

Ӯ дар наздикии донишгоҳ хонаи иҷора пайдо кард. Дар он чор нафар иҷоранишин буданд:  ҳамҳуҷраҳояш аз Кӯлоб, Ленинобод ва Ҳисор. Зуд бо ҳам унс гирифтанд. Барои онҳо мафҳуми маҳал вуҷуд надошт. Маҳалчигӣ он замон баробар ба хиёнат дониста мешуд.

Бозувони қавӣ ва ангуштони дарози Муродуллоҳ, ки  замоне алаф медаравиданд, гандум мечиданд, замин шудгор мекарданд, акнун китоб варақ мезаданд.

Душанбе Муродуллоҳро чун бӯсаи гарми Саид Нафисӣ ба оғӯш гирифт.

Саҷдагоҳ

Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои Муродуллоҳ танҳо як макони хониш набуд.

Ин ҷо ӯ гӯё ба маъбади маърифат ворид мешуд-хомӯшии бузурги деворҳо, бӯйи қоғазҳои кӯҳна, садои баргзании китобҳо – ҳамааш мисли таронаи ботинӣ буд.

Вақте аз паси тирезаҳои баланд нури офтоб ба рӯйи мизҳо мерехт, ӯ менишаст, қалам дар даст ва дар ҷустуҷӯи як ҷумлаи дуруст, як мафҳуми рост, як калимаи зинда…

Ҳар рӯз пас аз дарс ва рӯзҳои истироҳат ӯ он ҷо буд. Ва ба зудӣ, дигарон ӯро мешинохтагӣ шуданд.

Ин ҳамон писари Киштӯдист, ки бо як дафтар меояд ва бо сад ормон меравад.

Боре, дар ҳамин гӯшаи хомӯши китобхона, рӯ ба рӯи рафи адабиёти форсӣ, як ҷавони дигар бо чеҳраи гарм, нигоҳи амиқ ва овози нарм назди ӯ нишаст.

– Ҳар рӯз ин ҷо мешинӣ? – пурсид.

– Бале. Хонаам мисли ин ҷо ором нест, – ҷавоб дод Муродуллоҳ.

Он ҷавон Ҳақназар Ғоиб буд – ҷавоне, ки баъдтар шоири миллат шуд.

Рӯзи дигар онҳо боз ҳамдигарро диданд.  Ҳақназар бо кунҷковии дӯстона гуфт:

– Кӣ шудан мехоҳӣ, Муродуллоҳ?

Савол дар фазо овезон монд. Ӯ ба дур нигоҳ кард. Гӯё  хештанро дар як саҳифаи китоб медид. Сипас гуфт:

– Ман мехоҳам онеро нависам, ки дигарон ҳарфашро намезананд.

Ин сухан мисли қасам буд. Аммо на қасаме барои шӯҳрат, балки барои хидмат.

(Давом дорад)

Шариф Ҳамдампур

Матни мукаммал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *