Зам мешаваду кам не. Аз бекоркунии ақди никоҳ дар Хатлон то пушаймонӣ (аудио)

Давоми чор моҳи соли равон, мутаассифона, дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 317 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Набудани муҳаббат, муҳоҷирати тӯлонии меҳнатӣ, хиёнат, ноуҳдабароӣ, омода набудан ба ҳаёти мустақилона ва дахолати шахси сеюм аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо гуфта мешавад.

Нигоҳе ба омор

Бибираҷаб Раҷабзода, мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки дар чор моҳи соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ақди никоҳи 1 ҳазору 317 оила бекор карда шудааст. Ба гуфтаи вай, нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум ҷудошавии оилаҳо 312 ҳолат зиёд мебошад. Ӯ мегӯяд, ки 205 оила бо аризаи розигии якдигар ва боқимонда, яъне 1 ҳазору 112 оила аз сабаби кӯдакони ноболиғ доштан бо қарори суд аз ҳам ҷудо шудаанд.

— Мутаассифона, аз сабаби ҷудо шудани оилаҳо 1 ҳазору 527 кӯдак зиндаятим мондаанд. Аз инҳо 1 ҳазору 485 кӯдак дар тарбияи модар ва 42 нафари дигар дар тарбияи падар қарор доранд,- афзуд вай.

Ӯ таъкид дошт: “Аз ҷудо шудани оила, пеш аз ҳама зарбаи асосии руҳӣ ба кӯдакон мерасад. Албатта, ин ба ояндаи онҳо бетаъсир намемонад. Санҷишҳо нишон доданд, ки аксарияти кӯдакони зарбаи руҳидида дар бунёди оилаи солим чандон муваффақ намешаванд. Зеро аксарият тарбияи дуруст намебинанд”.

«Аз ҷудоӣ пушаймонам»

Аламшо, як ҷавоне, ки соли 2014 издивоҷ кардааст, мегӯяд, ҳамсарро модараш интихоб кард. “Танҳо як акси ӯро дидам ва ба интихоби модарам розӣ шудам”,- афзуд вай.

“Аз издивоҷи мо шаш моҳ гузашта буд. Аз набудани муҳаббату дӯстдорӣ ва нофаҳмӣ байни мо тез-тез ҷанҷол сар мезад. Ӯ ҳам пеш аз тӯй маро боре надида буд. Бо ҳамин наздики ду сол зиндагӣ кардем. Соҳиби фарзанд шудем. Мутаассифона, фарзанд ҳам боиси дӯстдориву муҳаббати мо шуда натавонист. Билохира аз ҳам ҷудо шудем. Ҳоло фарзандам дар тарбияи модараш аст. Ҳафтсола шудааст. Ӯро се-чор маротиба дидааму халос. Аз дурии ягона фарзандам азият мекашам. Вале афсӯс, ки дар вақташ дуруст фикр накардем. Модараш аз субҳ то шом кор мекунад. Албатта, кӯдак тарбияи дуруст намебинад”,- гуфт ҳамсуҳбатамон.

Ба ҳамин монанд садҳо нафарро метавон вохӯрд, ки ба андак нофаҳмӣ ва мушкилиҳои зиндагӣ тоб наоварда, ақди никоҳи хешро бекор кардаанд. Вале аксарият ин воқеаро хатои бузург дар зиндагӣ унвон карда, ба ҷавонон тавсия медиҳанд, то бо ҳамдигар меҳрубон бошанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон зиндаятим монанд.

Оила — аввалин муассисаи тарбия

Бибигул наздики 20 сол аст, ки шавҳар дорад. Ӯ мегӯяд, ки хушбахтона, аз зиндагии якҷоя бо ҳамсараш соҳиби чаҳор фарзанд шудааст. “Зиндагии хубу осоишта дорем»,- мегӯяд ӯ.

“Гоҳ — гоҳе нофаҳмӣ мешавад. Ин дар ҳар оила шуданаш мумкин аст. Вале бо таҳаммулпазирӣ ва сабр ба зиндагии осудаи хеш идома бояд дод. Худоро шукр, ки соҳиби келин шудам. Фарзандам ҳамсарашро худаш интихоб кард. Албатта, дар ин кор бо мо машварат кард. Ҳоло яке аз оилаҳои намунавӣ мебошанд. Пайваста онҳоро ба роҳи дуруст ва муҳаббату дӯстдорӣ ҳидоят мекунем. Оила муассисаи аввалини тарбияи инсон аст. Бояд ҳар як падару модар дар баробари таълиму тарбияи фарзанд ба ӯ одоби муошират ва оиладориро омӯзонанд. Ҳунар омӯзонидану ҳидоят кардани фарзанд ба эҳтироми калонсолон яке аз қадамҳои аввалини пойдории оилаҳои ҷавон мебошад. Ҷавононро ба дӯстдориву муҳаббат байни ҳамдигар ҳидоят бояд кард. Албатта, ин вазифаи ҷонии ҳар як падару модар аст”,- таъкид дошт Бибигул.

Оиладорӣ масъулият аст

Одинамо Шарипова, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин назар аст, ки агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, масъулияти зиёд доштани онро фаромӯш набояд кард. Зеро оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад.

“Мутаассифона, ба назар мерасад, ки барои пош хӯрдани оила ҳарду тараф — ҳам мард ва ҳам зан айбдоранд. Пеш аз ҳама, бояд ҳар як модар ба хотири ояндаи дурахшони фаразандаш ӯро ҳам аз ҷиҳати ҷисмониву ҳам ақлонӣ ба ҳаёти оилавӣ омода кунад. Ҳамин холигоҳи тарбия дар як гуруҳ духтарони ҷавон ба он боис шудааст, ки вақте онҳо ба ҳаёти оилавӣ қадам мегузаронад, аз оддитарин маданияти рӯзгордорӣ бехабаранд. Ҳамин ноогоҳӣ ва бетасаввурот будан аз гардишҳои рӯзгору пасту баландиҳои он боис ба моҷароҳои доманадор дар оилаҳо ва парокандашавии онҳо гаштааст. Аз шумораи зиёд шудани ҷудошавии оилаҳо равшан маълум мегардад, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин масъалаи муҳим кам шудааст. Маълум мешавад, ки пеши роҳи кам кардани ин мушкилоти иҷтимоиро дар якҷоягӣ метавон гирифт. Ташкили оилаи солим ва интихоби дурусти ҳамсар яке аз мавзуҳои муҳим ба шумор меравад. Падару модар бо ҳазор умеду орзу фарзандро ба воя мерасонанд ва ба онҳо дуои нек медиҳанд, то оила бунёд кунанду хушбахт шаванд”,- чунин меандешад номбурда.

Зимнан, бояд гуфт, ки дар пош хӯрдани оилаҳои ҷавон писарон ҳам гунаҳгоранд. Зеро, баъзе аз рӯйи ғурур ва бархе аз лиҳози надоштани саводи ҳуқуқӣ хурдтарину ночизтарин баҳсҳои хонаводагиро таҳаммул намекунанд ва барои вайрон шудани пойдевори оила роҳ мекушоянд.

Равоншинос: Келин ғулом нест!

Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ оид ба масоили ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва сатҳи пошхӯрии оилаҳо дар кишвар чунин мегӯяд: “Пошхӯрии оилаҳо сабабҳои зиёд дорад. Мутаассифона, то ҳол мутахассисон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон — ин барвақт ба шавҳар додани духтарон мебошад, зеро онҳо ҳоло дар ин синну сол ба оиладорӣ омода нестанд. Дар афкори мо ҳоло ҳам чунин ақидаҳое вуҷуд доранд, ки келинро баъди ба хонаи шавҳар омадан, ҳамчун “ғулом” истифода мебаранд. Ба ақидаи онҳо, бояд тамоми хизмати хушдоманро келин ба анҷом расонад. Духтаре аз оилаи сарватманд келин шуда меояд, вале баъди чанд моҳи зиндагӣ аз сабаби мувофиқ наомадан ба муҳити хонаи шавҳар аз ҳам ҷудо мешаванд. Афсӯс, ки ҷавонон баъди ҷудо шудан баъд ба мо — равоншиносон муроҷиат мекунанд. Ҳатто баъзе аз онҳо баъди ҷудо шудан аз ҳамдигар ба ҳолати бади руҳиву равонӣ ва асабоният гирифтор мешаванд. Қаҳру ғазаб, кинаву нафрати хушдоман нисбати келин низ сабабгори ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 50 дар сади пошхӯрии оилаҳои ҷавон — ин аз шароити иқтисодии онҳо мебошад”.

Оила макони муқаддас аст

Ҳанӯз соли 2015 Роҳбари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карда буданд, ки “ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”. Ҳамчунин, шуруъ аз соли 2015 ҳамасола дар Тоҷикистон 15-уми май Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Ҷудошавии оилаҳо яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи кишвар аст. Албатта, ба пуррагӣ намешавад аз пошхӯрии оилаҳо пешгирӣ кард. Вале бо пурзӯр кардани суҳбату вохӯриҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва таълиму тарбияи насли наврас метавон бекор кардани ақди никоҳро коҳиш дод. Дар ин маврид киҳо бояд масъулият эҳсос кунанд?

Албатта, пеш аз ҳама зану шавҳари ҷавон. Онҳо бояд ҳатто то оиладоршавӣ маълумоти лозима оид ба сатҳи умумии зиндагии мардум, яъне иҷтимоиёт дошта бошанду равандҳои иҷтимоиро таҳлилу муқоиса карда тавонанд. Дигар, волидони духтару писар бояд бо ҳамдигар муносибати некбинона дошта бошанд ва чунин муносибатро ба фарзандонашон талқин намоянд. Ҳамзамон, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо руҳониёни кишвар пурқувват карда шаванд. Зеро, тавре шоҳидем, сухани руҳонӣ барои тарбияи насли нав таъсири зиёд дорад. Инчунин, судҳо чун ҷузъи институти иҷтимоӣ бояд ҳангоми баррасии баҳсҳои оилавӣ, ки хеле ҳассосанд, пурандешаву дақиқкор бошанд. Марказҳои машваратӣ бояд мушовирони хубе дошта бошанд, ки тавонанд бо маслиҳатҳои хеш роҳи ҳалли мушкилоти оилавиро ба тарафи мусбат савқ диҳанд. Дар сурати қаноатбахш будани ин амалҳо, дастрасӣ ба устувории оилаҳо осонтар мегардад.

Устувории оилаҳо аз дӯстдориву муҳаббат ва тарбияи дурусти насли наврас сарчашма мегирад. Танҳо муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки мустаҳкамии оиларо нигоҳ дошта метавонад.

Машраби Аловиддин

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.