Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст…

— Устоди арҷманд Асрори Раҳмонфари Сомонӣ, шукри Худо, солиёнест, ки шумову наздиконатонро хеле хуб мешиносам, ба хонадонатон рафтуомад дорам ва ихлосманди офаридаҳои ҷаззобатонам; коргоҳи эҷодӣ, сифату хислат ва фазилатҳои инсониятонро низ хуб медонам. Бинобар ин, салоҳ донистам, ки  дар остонаи 70-умин солгарди зодрӯзатон бо шумо суҳбате ороям. Қаблан, мегуфтед, ки дар куҷо ва дар кадом муҳити иҷтимоӣ таваллуд ёфтаву ба воя расидаед?

— Банда зодаву парвардаи деҳаи ҷаннатосори Артучам, ки дар кафи пири бодагардони Зарафшон ҷоми забарҷадеро мемонад.Чандон ки дар хотирам боқӣ мондааст, бобои падариам Муллобобои Ашӯр — писаркалони падарашон Ашӯри Ниёзбоқӣ буданд. Додару хоҳари зиёде доштанд. Бибиямро Ибодати Шашқатӣ (духтари Шарифи Гулдур) мегуфтанд. Эшон соҳиби як додару нуҳ апаву хоҳар, умре машғули тарбияти фарзандон буданд. Бобоям марде паҳлавонҷуссаи босаводу обрӯманд — хотимуттаҳсили мадрасаҳои бонуфузи Панҷакенту Самарқанду Бухоро, нахустин волостнойи ҷамоати Киштути вилояти Самарқанд, узви Отряди ихтиёрии милисаи Панҷакент, ширкатвари муборизаҳо алайҳи босмачиён ва истиқрори ҳукумати Шӯравӣ дар болооби Зарафшон, коммунисти матинирода, баъдан заҳматкаши саҳрову соҳаҳои мухталифи колхозӣ буданд. Дар хусуси корномаҳои ҷангию меҳнатиашон дар чандин китоби ёддоштиву таърихӣ сухан рафтааст…

Бобои модариям Некмаҳмади Бекмаҳмад (Неки Бек) ном доштаанду бозаргонӣ мекардаанд; шӯху ҳаззол будаанд. Он кас дар соли таваллуди ман аз олам даргузаштаанд. Аз эшон чанд ҳазор рубли русии “николайӣ” мерос мондааст, ки беҳин пояи давлату сарвати мананд.

Бибиям Ҳикмати Ҳоҷимурод як хоҳару як додар доштанд. Бонуе чобуку серҳаракат ва заҳматқарину меҳнатдӯст буданд; атрофиёнашонро сахт мегирифтанд, то серхобу пурхор набошанд; ҳикмати “то дар ор мурдана, дар кор мур!” шиори доимиву ҳамеша вирди забонашон буд; зиёд афсонаву абёту рубоиёти халқиро медонистанду бо лаҳни хосаи куҳистонии худ мехонданд.

Волидонатон киҳо ва чикора буданд?

— Модарам зодаву парвардаи ҳамин хонадони хоксори деҳотӣ, нахустин духтари хона (Муқаддам) буданд. Бобову бибиям он касро хуш кардаву арӯси хонадони худ овардаанд. Худораҳматӣ 10 нафар фарзанд оламбин кардаву чаҳор нафарро аз даст доданд. Соли 1975 худашон ҳам ногаҳон аз олами фонӣ ба олами боқӣ рахти сафар барбастанд…

Падарам — Ҳоҷӣ Раҳмонқул Бобозода (1928-2007) одами заҳматписанду шарофатманде буданд; сифатҳое чун ростгӯйӣ, нотарсӣ, донишандӯзӣ, меҳмонпазирӣ, ғамхорӣ, хоксорӣ, хушлибосӣ, китобдӯстӣ, шикастанафсӣ, оиладӯстӣ, падару модардориашон дар хотирам нақши амиқе гузоштаанд.

Аввал мактаби миёна, баъдан курсҳои муаллимтайёркуниву ҳизбӣ, ахиран факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т. Г. Шевченкоро (ғойибона) итмом бахшида, умре соҳиби вазифаҳои масъули давлатию ҳизбию соҳаи маориф (директори мактаб, котиби ҷамоат, котиби созмони партиявии колхоз, инструктори шуъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи шаҳри Панҷакенти Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон), депутати ноҳиявӣ буданд…

Дар кадом мактаби миёна таҳсил кардаед?

— Дар мактабҳои миёнаи рақами 18 ба номи Абулқосим Лоҳутии зодгоҳам, рақами 3 ба номи Н. К. Крупскаяи шаҳри Панҷакент таҳсил карда, бо Номаи камоли мактаби миёнаи рақами 6 ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳраки Колхозчиён озими Душанбеи нозанин гардидам.

— Аҳли хонадонатон, наздикону фарзандонатон…

— Шукри Худо, ҳама сиҳҳату саломатанд. Додарону хоҳаронам — Ҳуснинисо, Ҳабибулло, Мақсуда, Амирҷон одамони баркамол, соҳиби хонадони мустақиланд… Ҳамсарам (собиқ муаллима) машғули тарбияти наберагонанд. Писарам Хуршед — муҳандиси нақлиёт сокину корманди мерияи шаҳри Маскав (мақомоти архитектураву шаҳрсозӣ); духтарам Ёсуман — духтури занон; наберагонам — Аноҳито, Настаран, Фатҳовар, Гуляман, Фаридун пайи ҳам ба воя расидан доранд…

Муаллимони нахустинатонро дар ёд доред?

— Албатта. Чӣ хел мешавад, ки нахустин устодони азизу ғамхореро чун Юсуфбек Султонов, Қайюм Каримов, Шамсиқул Боймуродов, Қаноат Холмирзоев, Худойбердӣ Ҳақбердиев, Абдурашид Ҳақдодов, Мирзояҳё Ҳайдаров, Наҷмиддин Баҳриддинов, Бӯрӣ Исматов, ки муаллимони номдору пешқадами ноҳия ҳам буданд, дар хотир надоштаву миннатдор аз онҳо набошам?!

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст!

Дар кадом мактаби олӣ таҳсили илм доштед?

— Бахтам омад карду шогирдии факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин насибам гардид. Баъдан соҳиби дипломи Университети марксизм-ленинизми назди Кумитаи Душанбеи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон шудам…

Мутмаинам, ки устодони донишгоҳиятонро фаромӯш накардаед…

— Сабақ аз устодони бузургворе чун Шарифҷон Ҳусейнзода, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Соҳиб Табаров, Мукаррама Қосимова, Субҳон Амирқулов, Худоӣ Шарифов, Саъдоншоҳ Имронов, Баҳриддин Камолиддинов, Асадулло Сӯфизода, Султон Воҳидов ва дигарон бардоштан сарвати бебаҳоест, ки одамро умре сарафрозу давлатманд медорад. Алҳақ,

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор!

Аввалин устодонатон дар самти ховаршиносӣ киҳо буданд?

— Соли хатми факултаи овозадори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин маро барои идомаи таҳсил даъват ба Институти шуҳратёри шарқшиносии Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон карданд. Аз имтиҳони шифоҳии шодравон Абдулғанӣ Мирзоев (ҳамонвақта директори институт), мудири шуъбаи матншиносӣ ва нашри осори бадеӣ Аълохон Афсаҳзод гузаштам. Дар мактаби қавибунёди илмӣ-эҷодии донишмандони номие чун Муҳаммад Осимӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Баҳром Сирус, Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Абдуллоҷон Ғаффоров, Аълохон Афсаҳзод, Амрияздон Алимардонов, Абӯбакр Зуҳуриддинов, Дӯстмурод Саидмуродов, Ҷӯрабек Назриев ва чанде дигар касби камол кардам.

— Дар ибтидои фаъолияти илмиатон бештар машғули кадом корҳо будед?

— Бидуни таъхире вориди корҳои шуъбаву пажуҳишгоҳ шудаму дар муҳокима ва барои чоп омодаву пешкаш намудани корҳои тайёр ва нақшавие чун тазкираи панҷҷилдаи “Гулшани адаб” (Душанбе: “Ирфон”, 1975-1980), баъдан “Осор”-и ҳаштҷилдаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (Душанбе: “Ирфон”, 1986-1989) ҳатталимкон ширкат варзидам, сабақҳои кориву даркорӣ бардоштам…

Оҳиста-оҳиста, мустақилонаву дастҷамъона мунтахаби осори суханварони бузургу номие чун Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаттоҳии Нишопурӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Сайидои Насафӣ, Имлои Бухороӣ, Шамсиддини Шоҳин, Туғрали Аҳрориро дастраси умум гардонидам.

— Муддате дар хориҷи кишвар ҳам будед…

— Бале, аз ибтидои соли 1980 то июни соли 1982 афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон будам. Сазовори чандин ордену медали ҷангӣ шудам. Ба узвияти КПСС пазируфтандам… Ин давраи ҳассоси таърихӣ-сиёсӣ, бидуни шубҳа чашми маро ба бисёр қазияву ҳодисаву равзанаҳо кушод, мактаби бузурги худогоҳӣ ва ҷаҳоншиносӣ гардид, ояндаи маро равшану муваффақ гардонид…

Солҳои бесарусомонӣ дар кишвар чӣ ҳол доштану саргарми чӣ корҳое буданатонро хуб медонам, аммо “сухан аз даҳони Луқмон хуш аст…”.

— “Солҳои нобасомонӣ”, чунон ки воқифи ҳолед, монанди ҳамаи ватану сомонгумкардагони дигар, сарсону саргардон, овораи пайдо кардани бурдаи ноне будем. Аммо, тифоқо, бахтам дигарбора омад карду маро ба кори ҳизбӣ даъват карданд. Ба ин васила соҳиби бурдаи ноне шудем…

— Ба ҳамаи мушкиливу маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, пайваста умури омӯзишу пажуҳишатонро давому ривоҷ медодед…

Бале, бидуни муболиға, меҳру муҳаббати сӯзонам ба адабиёт (каломи бадеъ) аз балоҳои баде нигоҳам дошт: рӯзона дар куҷое, ки набошам, шабона ҳатман сари мизи корӣ менишастаму чизе мехондам ё менавиштам. Шеъру тақризу китобиёт менавиштам, дар баробари осори классикон, асарҳое аз навиштаҷоти шоирони муосирамонро ҳам барои чоп омода мекардам, ки “Вақти он аст, эй қалам”-и Ҳабиб Юсуфӣ, “Ҷоми саршор”-и устод Лоиқ, “Тулӯъи сабзи шукуфтан”-и Беранги Куҳдоманӣ аз он шуморанд.

— Аз фаъолият дар истеҳсолот чӣ таҷрибаву баҳраҳо бардоштед?

— Анқариби 15 сол ёвари раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Нафтрасон” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Амонуллои Ҳукуматулло будам. Ҷиддият, ростқавлӣ, ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, саховатмандӣ, дурандешӣ, заҳматқаринӣ, сабру таҳаммул, оиладӯстдорӣ, эҳтироми волидону наздикон, илму донишварзӣ ва дигар хислату сифатҳои ҳамидаи инсониву роҳбариро аз эшон омӯхтам.  

— Яке аз шохаҳои муҳими фаъолиятатонро журналистика ташкил медиҳад…

— Бале, ман аз солҳои мактабӣ бо матбуот пайваста ҳамкорӣ доштам. Як муддат дар шуъбаи журналистикаи УДТ ба номи В. И. Ленин низ таҳсил кардам. Аммо шуҳрату овозаи курси “назмшиносӣ”-и домулло Ҳусейнзода чунон ҷазбам намуд, ки бидуни калавише шогирди шуъбаи филологияи тоҷик шудам.

Дертар бо мададу мусоядати бевоситаи дӯстонам Исомиддини Салоҳиддин ва Шарифи Ҳамдампур муддате вазифаҳои масъули сармуҳаррири Студияи телевизионии Душанбе — “Сомониён”, аввалин сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбар”/“Трибуна” — нашрияи Кумитаи шаҳри Душанбеи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, муҳаррири масъули ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-ро бар уҳда доштам, ки сармояи маънавӣ ва мояи ифтихори мананд. Ҳақи узвияти Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистонро соҳиб гардиданам ҳам аз ҳамин ҷост…

— Шоир ҳам ҳастед. Айни муддао мебуд, агар сухане чанд  перомуни шеъру шоирӣ баён медоштед…

— Аз хурдсолӣ шеъргунаҳое менависам, ки авомилаш муҳити созгори  шеърхезу шеъррез, ашъори дастраси шуарои гуногун ва шояд, андаке истеъдоди фитрӣ мебошанд. Яке аз он шеъргунаҳоро, ки дар лавҳи хотирам боқӣ мондааст, шоҳид меорам:

Бо муҳаббат халқамон гӯяд чунин:

“Дашти Марғедар гулистон мешавад!”.

Дар миёни сабзаҳои махмалин

Акнун Асрорҷон ғазалхон мешавад!

Дар ин ҷода дасти маро устоди азизам Шариф Исматӣ, ки шоири мумтозанд, рост кардаанд. Аҳсан ба хидмату ҳимматашон!

Муттасил абётеро ба ҳам дармепайвандам, ки асосан дар васфу ситойиши Модару Ватан, Ваҳдату Истиқлол, Ишқу Сухан офарида шуда, намунаҳое аз онҳо дар матбуоти даврии Тоҷикистону Афғонистон, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ дастраси умум гардидаанд. Аммо ҳамҳамаву даъвои шоирӣ надорам. Сипосгузору шарафманд аз онам, ки ба ҳайси мунаққид узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонам…

— Ба бисёре аз адибони гузаштазамонамон арҷу эҳтиром гузориданатон аёну мантиқист, аммо аз адибони муосирамон киҳоро бештар меписандед?

— Аксари кулли адибони муосирамонро ҳам, аз Устод Айнӣ то Ато Мирхоҷа, меписандаму осорашонро мехонаму баҳраҳо мебардорам, то қадри тавону имкон дар масоили умдаи рӯзгору осорашон андешаҳоямро рӯйи коғаз меоварам, ки далели дигари ҳамин эътиқоду эҳтиром аст…

— Дар соҳайи тарҷума ҳам иқдомеро ба сомон расонидаед…

— Бале, дар ин соҳа ҳам андак-мундак корҳоеро сомон додаам. Аз ҷумла, шеъру мақолаву достону романҳоеро аз офаридаҳои суханварону донишмандони номӣ, намунаҳоеро аз осори  В. Ванчура, С. Есенин, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко, А. А. Бертелс, Қ. Қулиев, Р. Бёрис, Н. Доризо, С. Островой, Р. Фарҳодӣ, В. Воскобойников, Р. Киффер, А. Я. Аросев, А. Салим, Ӯ. Ҷамол ва дигарон ба тоҷикӣ гардонидаам, ки дар матбуоту нашриёт интишор ёфтаанд. Иддае аз навиштаҳоям дар матбуоти Эрону Афғонистону Ӯзбекистон мунташир ва ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷума шудаанд.

— Алҳол машғули чӣ корҳоед?

— Дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ (директораш олими ҷавони соҳа Раҳматкарим Давлатзода), ки даргоҳи муқаддаси илму дониш асту дар ҳамин ҷо ба воя расидаам, машғули умури матншиносиям. Дар давоми солҳои 2017-2022 ҳамроҳи ҳамкоронам осори чанде аз бузургони адабиётамонро дар дастраси умум гузоридем, ки ҳам ҷавоби хоксоронае ба фармудаҳои Ҷаноби Олӣ, Сарвари оқили давлату миллатамон Эмомалӣ Раҳмонанду ҳам туҳфаи сазоворе ба ҷашни 30-солагии истиқлоламон…

— Дар фароварди суҳбат мехоҳам байтеро қироат кунед, ки шиоратон дар зиндагӣ бошад…

— Байти зерини Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки вирди забони ҳамагону раҳнамойи асилзодагон аст, шиори зиндагии банда ҳам мебошад:

Зиндагӣ дар садафи хеш гуҳар сохтан аст,

Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст!

Мусоҳиб: Сипеҳри ҲАСАНЗОД

Аз идора: Ҳайати мушовара ва аҳли қалами “Тоҷикистон” собиқ муҳаррири масъули ҳафтанома Асрори Раҳмонфари Сомониро ба муносибати мавлуди 70-солагӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва илҳоми саршорро орзуманд ҳастанд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *