Қаллобӣ. Ҷинояте, ки аз зудбоварӣ меафзояд

Солҳои охир дар кишвар ҷинояти қаллобӣ меафзояд, ки ин боиси нигаронӣ аст. Барои мисол дар соли 2021 назар ба соли 2020 ҷинояти қаллобӣ 16,4% зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад”.

Яке аз зуҳуроти номатлуби солҳои охир дар соҳаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ — ин қаллобӣ мебошад, ки тавассути баъзе ашхоси маккору манфиатҷӯй арзи ҳастӣ намуда, ба муносибат ва боварии байниҳамдигарӣ дар ҷомеа доғи сиёҳ мегузорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҷиноятҳои қаллобӣ ба муносибатҳои ҳуқуқии алоқаманд ба хариду фурӯши манзил, замин, воситаҳои нақлиёт, додану гирифтани қарз ва амсоли он марбут мебошанд.

Дар баъзе мавридҳо ҳангоми бастани аҳдҳо оид ба хариду фурӯши манзили истиқоматӣ шахсони алоҳида бо роҳи фиреб як манзили истиқоматиро ба чанд нафар мефурӯшанд.

Масалан, шаҳрвандон Авғонов Ф. М. ва Ҳалимов С. А. аз моҳи январи соли 2021 то моҳи июни соли 2021 ба боварии як қатор шаҳрвандон даромада, худро ба сифати тиҷораткор ва сохтмончии биноҳои баландошёна муаррифӣ намуда, аз 11 нафар дар маҷмуъ 1 197 000 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба онҳо дар бинои баландошёнаи сохташаванда манзилҳои истиқоматӣ ҷудо хоҳанд намуд.

Номбурдагон пас аз гирифтани маблағҳо амалеро иҷро накарда, маблағҳои гирифтаашонро ба манфиатҳои шахсиашон сарф карда, ба ҷабрдидагон (11 нафар) ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд.

Ё худ, роҳбари ҶДММ “Самад-2000” Саидҷаъфари Мирзораҷаб соли 2017 ба боварии 28 шаҳрванд даромада, бо роҳи фиребу найранг аз онҳо дар маҷмуъ беш аз 3 млн сомонӣ гирифта, тибқи шартнома уҳдадорӣ гирифтааст, ки ба онҳо аз бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ омода карда медиҳад. Аммо, аз уҳдадориҳои шартномавӣ сарпечӣ намуда, ба онҳо манзили истиқоматӣ надода, зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Дар ҳарду ҳолат ҳам нисбат ба ин қаллобон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Чунин мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст, ки шаҳрвандон, бахусус дар мавриди саҳмгузорӣ дар бунёди манзилҳои истиқоматии бисёрошёна ба доми макри қаллобон афтида, зарари калони моддӣ мебинанд.

Ба назар мерасад, ки қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар ин самт ба такмил ниёз дошта, зарурати пурзӯр намудани кафолатҳои ҳуқуқии устувории муносибатҳои шартномавӣ, мақсаднок истифодабарии маблағҳои ба сифати саҳм супоридаи шаҳрвандон ва сари вақт ба анҷом расонидани сохтмони биноҳо тариқи ба роҳ мондани назорати махсусгардонидашудаи давлатӣ дар ин самт ба миён омадааст. 

Солҳои охир вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар омилҳо ҳодисаҳои фиреб намудани шаҳрвандон дар масъалаи қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз зиёд ба миён меояд. Гуруҳҳое пайдо шудаанд, ки шаҳрвандонро ба доми худ афтонда, бо ваъдаи додани фоизи баланд маблағҳои онҳоро ба даст дароварда, минбаъд аз баргардонидани ин маблағҳо саркашӣ менамоянд.

Чунончи шаҳрванд Нуруллоев Қ. А. ба боварии шаҳрванд Султонов У. Ғ. даромада, ба миқдори 37000 доллари ИМА гирифта, номбурдаро бовар кунонидааст, ки ин маблағро бо фоизаш ба ӯ бармегардонад. Аммо, қаллоб пулро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ба Султонов У. Ғ. ягон миқдор маблағ надодааст. Нисбати номбурда чораи дахлдори қонунӣ андешида шудааст. Чунин мисолҳоро дар таҷрибаи тафтишотиву судӣ бисёр вохӯрдан мумкин аст. Қаллобон роҳҳои фиребу макрро хуб омӯхта, ашхоси соддаву зудбоварро осон ба ҳадаф мегиранд ва шаҳрвандон бояд аз фиреби чунин нафарони беинсоф эҳтиёт бошанд.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки таҳлили ҷиноятҳои қаллобии алоқаманд ба қарзгирии шаҳрвандон нишон дод, ки он дар баъзе ҳолатҳо дар заминаи баднафсии худи ҷабрдидагон ба амал меояд. Зеро аксарияти ҷабрдидагон бо мақсади гирифтани фоизи баланд, яъне даромади муфт ба доми қаллобон меафтанд.

Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон низ бояд аз доми фиреби қаллобон дурӣ ҷуста, аз қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз худдорӣ намуда, банди ҳавову ҳаваси гирифтани фоизи баланд нагардида, аз чӣ тавр бозпасгардонии амонатҳояшон андеша намоянд.

Дар бисёр ҳолатҳо қаллобон гирифтани қарз барои тиҷорат ва ба нася гирифтани воситаҳои нақлиётро ҳамчун воситаи фиреб истифода бурда, шумораи зиёди шаҳрвандонро ба доми худ мекашанд.

Чунончи, шаҳрванд Амираҳтамов Ҳ. Р. моҳи майи соли 2021 ба телефони мобилии Искандарзода С. Х. занг зада, ӯро бовар кунонидааст, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошта, аз он ҷо як адад автомашинаи тамғаи “Тайота Камри”-ро бо нархи арзон ва бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бар ивази 7500 доллари ИМА дарёфт кардааст. Дар як вақт барои ба боварии Искандарзода С. Х. даромадан, тавассути телефони мобилӣ аксҳои як автомашинаеро гирифта, равон кардааст.

Искандаров Х. С. баъди дидани аксҳои автомашинаи тамғаи “Тайота Камри” ба Амираҳтамов Х. Р. бовар карда, ҷиҳати харидани автомашинаи мазкур розӣ шуда, ба номбурда 7500 доллари ИМА фиристодааст. Баъди ин маблағро гирифтан Амираҳтамов Х. Р. ғайб задааст. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Мутаасифона, то ба имрӯз ҷиноятҳои қаллобӣ, дар мавриди ҷудокунии қитъаҳои замин бо истифодаи ҳолатҳои зиёди тасарруфи маблағҳои пулии шаҳрвандон ҷой дорад.

Дигар шаклҳои нисбатан паҳншудаи қаллобӣ — ин бидуни нияти баргардонидани қарз, аз тариқи нася гирифтани маблағҳои пулӣ ё молу маҳсулот аз шаҳрвандон, бо фиреб ба гарав гузоштани манзилҳои истиқоматии дигарон ва бо ин васила гирифтани қарзҳои бонкӣ, дидаву дониста мавриди хариду фурӯш қарор додани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар молу мулки баҳснок мебошад. 

Аз омӯзиши муроҷиатҳо оид ба масъалаи мазкур бармеояд, ки ҳар як муроҷиати даҳуми шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ворид мегардад, қарзгирӣ ва қарздиҳӣ бо фоиз мебошад.

Аксари айбдоршавандагон чун қоида дар номи худ молу мулк надошта, дар рафти тафтишот муайян кардани молу мулки ба номи дигар кас номнависшуда, ҳамчунин дар куҷо сарф шудани маблағҳои тасарруфнамудаи онҳо ба мақомоти тафтишотӣ мушкилӣ эҷод менамоянд.

Аз ин лиҳоз, шаҳрвандон бояд дар мавриди бастани аҳдҳои тиҷоратӣ эҳтиёткорӣ намуда, танҳо ҳангоми эътимоднок будани аҳд ва мавҷуд будани кафолатҳои нарасидани зиён ба манфиатҳои худ ба чунин иқдом даст зананд.

А. ҲИКМАТУЛЛОЗОДА,

муовини якуми Прокурори генералии ҶТ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.